Дар пешрафт ва солимии ҷомеа нақши табибон хеле калон буда, махсусан дар давраи пандемияи бемории сироятии КОВИД – 19 пизишкон бо ҷонфидоиву қаҳрамонии худ барои саломатии мардум шабу рӯз меҳнати садоқатмандона кашиданд. Боиси хушнудист, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати табибон алоҳида зикр шуда, Сарвари давлат баён доштанд, ки ба ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан, ба табибон ва ҳамшираҳои шафқат, ки дар шабу рӯзҳои авҷи бемории сироятии коронавирус ба савганди касбии худ содиқ монда, барои табобати мардуми Тоҷикистон софдилона заҳмат кашиданд ва ҷони ҳазорон нафар ҳамватанонамонро аз марг наҷот доданд, бори дигар сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.

Воқеан ҳам бо дарназардошти он ки тандурустӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад, Ҳукумати Тоҷикистон дар даврони истиқлол маблағгузории соҳаи тандурустиро ҳамасола зиёд карда, то 2,1 миллиард сомонӣ расонидааст.  

Яке аз бахшҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ин рушди бахши табибони оилавӣ мебошад, ки ин раванд метавонад барои боз ҳам беҳдошти вазъи саломатӣ таъсири мусбӣ ба бор оварад. Шуруъ аз соли 2000 –ум ин раванд вусъати тоза касб мекунад. Дар иртибот ба пешрафти соҳа ба унвонии директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз ҷониби роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази таълимию клиникавии тибби оилавии вилояти Суғд” М. Содиқова номаи сипос даррасид. Дар номаи сипос омадааст, ки муассисаи мазкур ҳарчанд соли 2000 -ум бо фармони Вазорати тандурустии кишвар таъсис дода шуда бошад ҳам, соҳиби бинои алоҳидаи худро надошт. Бо эҳтимом ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд як қисми бинои Маркази саломатии №6-и шаҳри Хуҷанд ба ихтиёри Марказ вогузор шуда, бо саҳмгирии Маркази ҳамоҳангсозии Лоиҳаи “Тандурустии замимавӣ ва ҷомеавӣ”-и Бонки умумиҷаҳонӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда буд, аммо схемаи ҷойгиркунии утоқҳои кориву ёрирасон бо мурури вақт таҷдиди назарро тақозо мекард. Бо дастгирии Шумо ва роҳбаладии устоди кафедраи сохтмони донишкада Фаррух Аминов донишҷӯёни ихтисоси 70.02.01.08 Умматов Ш, Абдуллоев А., Шарипов П ва Зайниддинзода И. дар муддати хеле кӯтоҳ схемаи ҷойгиркунии утоқҳои кориву ёрирасонро бо сифати баланд анҷом доданд.  Барои ҳисси масъулият пеш аз ҳама ба Шумо муҳтарама Саидӣ ДилафРӯз Раббизода ва дониши баланду маҳорати хуби донишҷӯён аз номи 1214 нафар табибон ва 3022 нафар ҳамшираҳои шафқати оилавӣ миннадорӣ изҳор медорам”.