Боз як мақолаеро дар рӯзномаи “Дунё” хонда қалам ба даст гирифтам, ки ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва махсусан ба ҷавонон муроҷиат намуда гӯям, ки хоин на мазҳаб, на миллат ва на ватан дорад. Собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон Шерзамонов А - аз Конгресси озодандешҳои Тоҷикистон, Кабири М – аз ҲНИ Тоҷикистон (ҲЭТ), Гадоев Ш – аз “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”, Ёқубов И – аз Конгресси муҳоҷирати Осиёи Марказӣ дар хориҷ аз кишвар боз ба мақсади бадном кардани давлати тоҷикону сиёсати пешгирифтаи давлат, ки мӯҳтавои асосиаш дар сатҳи лозимаи байналмиллалӣ баланд бардоштани нуфузи тоҷикону тоҷикистониён аст, бо назари ғараз ва бо мақсади пардапӯшона амалӣ кардани ниятҳои бадашон дар давлати Полша ба ҳам омада ба давлату миллати мо боз тӯҳматҳои гӯшношуниду ибрози ақидаҳои сиёсии пур аз ифлосиҳоро равона сохтаанд. Агар онҳо ҳақиқатан ҳам фарзандони вафодори ин миллату ин ватан мешуданд, яке бо истифода аз мақоми хело баланд дар ҲНИ дошта ба табаддулоти давлати даст намезаду дигаре аз маводи мухаддир ҷавононро ба ҳалокат намерасонду саввумину чорумашон бо истифодаи пулҳои боғараз додаи хориҷиён ҷавонон моро шомили гурӯҳҳои салафиву ваҳобӣ ва шиапарастон дохил намекарданд. Ин ашхоси дар ҳақиқат ношукри ватан буда, имрӯзҳо дастовардҳои хело назаррабоӣ давлату ҳукумати Тоҷикистон, онҳо ва хӯҷаинҳои пасипардагиашонро хело безобита кардааст ва онҳо бо ҳаргуна баҳонаву тӯҳматҳои нолозима ба сӯйи давлату миллати мо санги маломат ҳаво дода истодаанд.

Ман ба ҷавонони ғаюру ба нангу номуси миллат ва кулли Тоҷикистониён муроҷиат карда мегӯям, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолат ба доми фиреби ин хоинони миллату давлат наавтед, ки онҳо барои қудрату вазифа, ҳатто аз рехтани хуни бародари худ ҳам даст намекашанд, онҳо садҳо ҷавонони соддаю софдилро ба доми фиреби худ дароварда солҳои 1992 то 1997 ба доми марг кашидаанд. То он ҷойе, ки мо огоҳ ҳастем баъзе аз аъзоёни пайравони ин ашхоси аз ватан гуреза ҳатто шомили гурӯҳҳои ДИИШ – гашта дар набардҳои Сурияву Афғонистон иштирок карда истодаанд. Шумо ҳамватанони азиз худ қазоват кунед, ки ДИИШ ба сарбозону ҳамсарони онҳо чи гуна муносибат мекунанд, онҳоро рӯйирост ба мурдан раҳсипор намуда ҳамсарони дар набардҳо кушташударо боз ба афсарони дигарашон ба ҳаамбистарӣ медиҳанд ва агар боз онҳо дар набардҳо кушта шаванд боз оилаи онҳоро ба афсарони дигарашон медиҳанд. Шумо худатон як мулоҳиза намоед, ки ин чи хел ислом асту инҳо чи гуна дӯстдорони исломанд?! Дини мубораки ислом талқин менамояд, ки хуни ноҳақ рехтан ҳаром аст. Таваҷҷӯҳ намоед, ки ин хоинони ватан ва миллат бо фиреб додани ҷавонони мо, чӣ даҳшатҳои сангинеро ба сари ин ҷавонони соддаю гумроҳ бор кардаанд, ки оонҳо дар асл ғайри шариатию шаръи кушта мешаванд ва ин хоинону хӯҷаинҳои ғарбиашон боз аз пайи фиреби ҷавонони дигар гашта, онҳоро ба доми фиреби худ бо истифода аз дини мубораки ислом ва маблағҳои комилан ҳароме, ки аз дигар мардум бо роҳи дуздиву ғорат ба даст овардаанд, гумроҳ месозанд. Ҳамдиёрони азиз ва ҷавонони бо нангу номуси ватани азизам. Тоҷикистон, Шумо бояд аз ин ватан, аз ин мулки биҳиштӣ, ин ин Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои Миллат Президенти кишвар, гул – гулшукуфии Тоҷикистон шукрона карда худ ва дигаронро огоҳ намоед, ки ба доми фиреби ин хоинони мазҳабу миллату ватан наафтанд ва ҳеҷ гоҳ ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед.

 

Сармуаллими ДПДТТ,

н.и.ф., Акбаров А. А.