Таърихи инсоният нишон медиҳад, ки дар марҳилаҳои гуногуни    зиндагӣ, бинобар мушкилот ва омилҳое, ки боиси халалдор гаштани вазъ мегардад, сабаби парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо гаштааст. Мардуми тоҷик чандин марҳилаҳои сахтеро паси сар намудааст, ки дар он лаҳзаҳо хатари аз байн рафтани миллат эҳсос мешуд.

     Яке аз чунин ҳаводисҳои душвортарин ин ҷанги шаҳрвандӣ аст, ки аз моҳи майи соли 1992 то моҳи июни соли 1997 идома ёфта буд. Воқеаҳои фоҷиаовари аввали солҳои 90 -  уми ҷумҳурӣ ҳамчун саҳифаи сиёҳ ба таърихи халқи тоҷик дохил гардидааст. Ин воқеаҳо дар матбуоти даврӣ, китобу мақолаҳо бо чунин  номҳо "Ҷанги бародаркуш", Ҷанги минтақавӣ",  ва ғайра баён гардидааст. . .

Дар ана ҳамин ҷанги хонумонсӯз ҳазорон ҳазор шаҳрванд шаҳид гашта, беному нишон шудаанд.Чӣ гунае, ки калонсолон қисса мекунанд, ҷанг дар Душанбе сар зада буду воҳимаашро онҳо аз телевизиону радиоҳо мешуниданд...   

                                    Ёде аз гузаштаҳо

Сариева Қароқиз 14. 01.1942 дар деҳаи Овчӣ, вилояти Суғд ба дунё омадааст ӯ мегӯянд: " Дар замонҳои ҷанг  ҳатто оби тоза пайдо нашуд, ки мо ба кӯдакҳоямон нӯшонем, нон набуд, ки ба тифлакони хурдии хонаамон хуронем, дар шабҳо то соатҳои 2 - 3 и шаб дар навбат меистодем, барои як пора нони сиёҳ,  билохир маҷбур шудем, донаҳои ҷаву арзан ва гандуму кунҷоларо дар таги санг бо дастҳоямон майдаву орд карда ду санги калонро сар ба сар монда ба рӯяш як қоли борик гузошта бе равған ( як намуди санги паҳн ) нон пазем, то ҳадди ақал бачаҳоямон аз гуруснагӣ намиранд... Рӯзе набуд ки даҳ дувоздаҳ номаи сиёҳ наояд. Аз чор тараф садои оҳу войҳу доди занону модарони ҷигаргумкарда ба гӯш меомад.  Умеди рӯзи хуш дидан дар дил намонда буд. Мардон ба ҷанг рафта буданду тамоми мушкилот ва корҳои мардона ба дӯши занон монда буд. Бо сабру истодагарӣ ва ҷонфидоиҳои бемисл оқибат рӯзи ғалаба ҳам расиду мардум нафаси осоишта кашиданд. Ин осудагиву якдилӣ  ва ободиву озодӣ  ба ивази қурбон гаштани милионҳо нафар ба даст омадааст,  -нақл мекунад , Сариева Қароқиз.

        Сулҳу ваҳдат кафили тинҷиву осудагии рӯзгори мост.

Бале, Ватан,  Модар, Истиқлол, Ваҳдат ва Сулҳ  вожаҳои  дилнишине ҳастанд, ки баробари шуниданашон вуҷуди ҳар инсони худогоҳу ватандӯстро фараҳу шодӣ фаро мегирад ва инсонро ба дунёи орзуҳо ворид месозанд. Сулҳ - оштиву рафоқат оинаест, ки рӯзи осудаи мардумро инъикос менамояд.

       Ваҳдат - бо ҳам омадан, ягонагиву иттиҳод, якмаромиву сарҷамъӣ ва саодати беҳамтои дар натиҷаи идроки баланд бадастомада мебошад, пояндагии тинҷиву осудагии мардумро таъмин менамояд. Ваҳдат аз як коса об нӯшидан ва аз лаби як бурда нон дар ҳама ҳолат сарҷамъона хӯрдан аст.

 Ба ҳамагон маълум аст, ки дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ дарахти осоишу ваҳдати мардум дар натиҷаи ғаразҳои бадхоҳони дохилию хориҷӣ як муддат аз оби ҳаёти орому бедард маҳрум гардид. Хушбахтона асолати аслии миллати бузурги тоҷик боз аз худ дарак дода, шахсеро ба сари хеш сарвар интихоб намуд, ки маҷрои дарёи орому бедарди ҳаётро дубора ба сӯи дарахти осоишу ваҳдати мардум гардонид.

Дарахти сулҳу ваҳдати миллати тоҷиконро Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дубора бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии худ ва пайравону ҳамақидаҳои худ оби ҳаёт бахшида, онро сершоху баргу пурмева ва решаашро ончунон мустаҳкам намудаанд, ки ҳанӯз ҳам самимона шабеҳи боғбон онро парвариш менамоянд.

       Оре, ваҳдат неъмати бебақову кафили таҳкими давлат ва наҷотбахши миллат буда, пойдевори ҳар як халқу миллатро боз ҳам устувору қавитар нигоҳ медорад.

Чуноне, ки Пешвои миллат иброз доштанд ; "Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширини сабзонидаамонро чашидем, ҷомеъаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он зананд ".

       Бале, чун мо ҷавонони даврони истиқлолият ҳастем, ба фикру ақидаҳои Пешвои миллат ҳамраъй буда, баҳри боз ҳам дурахшонтар намудани офтоби сулҳу ваҳдат  ҳамчун фарзандони як модар, ангуштони як даст ва шохаҳои як рӯд камари ҳиммат баста, ватани хешро бар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ  хоҳем кард.

 

 

       Як нуқтаи муҳимро қайд кардан зарур аст, ки барои барқарор ва пойдор намудани сулҳу ваҳдат ҷавонони далеру баор аз шаҳру деҳоти меҳан  дар сангари ҳифзи Ватан сина сипар карда, ҷони азизи хешро фидо намудаанд. Рӯзгори ободу зиндагии осоиштаи мо бар ивази ҷони як ҷавони нав аз деҳа баромада, ба хизмати Ватан рафта, бар ивази ҷони як навчавони аз баҳри фароғати шаҳр гузаштаву ба марзи ватан рафта дар муқобили хоинону душманони миллат ҷонфидоӣ намуда, ба даст омадааст, ки мо пайваста онҳоро ҳамчун қаҳрамон ба ёд меорему ба рӯҳашон дуои нек мефиристем.

       Ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи номуси миллат ва ба ин васила дифоъ аз модару хоҳар қарзи шаҳрвандӣ ва асолати миллии ҷавонмардист. Дар фарози асрҳо Тоҷикистон дар масири таърих дар ин дарозо 30 сол аст, ки  истиқлолияти комил дорад. Миллати тоҷик дар  давлатдории худ дар масири гуманистӣ қадам гузошта, бо риояи ҳаққи ҳамсоягӣ, инсондӯстӣ ва созишномаҳои байнидавлатӣ бо роҳи мусоилиҳатомез бобати ҳаллу фасли масоили марзию давлатӣ ба хотири осудагии мардумони ҳамсояву ҳаммарз рафтор дорад. Аммо ҳанӯз нотавонбинон, хоинон ва душманони миллати таърихии сулҳхоҳи мо дар пайи ғаразҳо ва ҳадафҳои шуми худашон корбурд доранд.

Бо қатъият, ғуруру номуси ватандорӣ ва рисолати ватандории хеш иброз медорем, ки миллати мо аз санҷиши талхи таърих бигзашт ва имрӯз фард-фарди мо ҷиҳати ҳифзи ҳар ваҷаб замини муқаддаси Тоҷикистон, имрӯзҳо махсусан дар мисоли ВОРУХ, ки имрӯз сангари номусу нанг аст,  ҳамвора омодаем.

Роҳи ватандорӣ, ҳимояи Ватан, миллат, номуси модару хоҳар, арзишҳои миллӣ ва номуси ватандорӣ дар ниҳоди мардони  шарифу ғаюри ин миллат нуҳуфтааст.    Ҳар миллат фарзандони далеру ҷонфидояшро, ки дар дар роҳи ҳифзу ҳимояи истиқлол ва озодии миллат ҷоннисорӣ мекунанд ҳамеша дар ёд дорад. Шаҳидони роҳи озодӣ ва ҳомиёни Ватан ҳаргиз намемиранд, зеро ҳифзу ҳимояи Ватан нахуст фарзи динӣ ва сипас қарзи шаҳрвандӣ аст. Азбаски миллати тоҷик мусалмон асту ангезаи динӣ дар тинати ӯ қавист, набояд, ки шаҳидони марзро кушташудагон гуфт, зеро кушташудаҳо зиёданд, аммо шаҳид касест, ки дар майдони ҷанг, барои ҳифзи марзу бум ва дар роҳи хидмат ба Ватан ва мардумаш кушта мешавад. Инчунин ин унвон барои пайвандони эшон малҳамест, зеро онҳо тибқи андешаҳои динии худ медонанд, ки шаҳидон ҳаргиз намемиранд ва Худованд низ барои ин тоифа аҷру савоби аз ҳама бузург ваъда кардааст. Худованд ба шаҳидони марз Ҷаннату-л-фирдавсро насиб гардонад.

 

Раёсати ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд