Дар суханрониҳои хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд :   «Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад».

     Махсусан, экстремизми динӣ дар замони мо дар байни пайравони дини ислом бештар доман паҳн кардааст ва баъзе мубаллиғони он аз муқаррароти дини мубини ислом сӯиистеъмол намуда, исломро бо ғаразҳои сиёсӣ омехта месозанд. Он гумроҳшудагон тибқи дастуру нишондод ва нақшаҳои хоҷагони бегонаи худ, ки душманони аслии ислом ҳастанд, амал менамоянд.

  Аз касе пӯшида нест, ки бо номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гаштааст. Дини мубини ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо буда,  бояд барои ташаккули руҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд.

  Ахбор аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар асри XXI ба аслиҳаи мафкуравӣ табдил ёфта, дар ташаккули экстремизми динӣ мусоидат карда истодааст. Бояд гуфт, ки мақсади аслии ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ дар байни аҳолӣ бедор кардани ҳисси тарсу ваҳм, ба вуҷуд овардани нооромӣ, ҳокимиятро соҳибӣ кардан, арзишҳои динӣ ва афкори анъанавии ҷомеаро рад кардан, бо роҳи фиребу зӯрӣ тарғиб кардани ғояҳои бегона  мебошад.

    Имрӯзҳо равияҳои динӣ ва гурӯҳҳои алоҳида, барои паҳн намудани   норозигӣ дар ҷомеа корбарӣ намуда, ҳангоми суҳбат дар шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш менамоянд, ки онҳоро ба гирдоби низоъ ва задухӯрд гирифтор кунанд.

 Мо - омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф вазифадорем, ки наврасону ҷавононро   ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба сафи ташкилотҳои характери экстремистӣ - террористӣ  огоҳ намуда, барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарзи дурусти истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, шаҳрвандон ва хоссатан ҷавонон корҳои тарғиботиро пурзӯр намоем, ки онҳо зиракии сиёсиро аз даст надода, эҳтиёткор бошанд. Зеро барои ҳар шаҳрванди Тоҷикистон сулҳу осоиш, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ муқаддас аст.

Шаҳбоз Дадобоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд