Баҳри дарёфти мутахассисони баландихтисос ва дар оянда бо ҷои кор таъмин намудани онҳо дар ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ якчанд лоиҳаҳо амалӣ ва мунтазам чорабиниҳогузаронида мешавад.
Дар ин замина бо ҳамкории бонки “Эсхата” 70 нафар донишҷӯёни донишкада дар шакли имтиҳон ва суҳбат барои иштирок дар курсҳои омӯзишии “Саводнокии молиявӣ” донишҳои хешро санҷиданд.
Намояндагони бонки “Эсхата” баъди гузаронидани санҷиш ба дониш ва саводнокии донишҷӯёни донишкада баҳои баланд дода, миннатдории худро ба роҳбарияти донишкада барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим ва рушди зеҳнию ақлонии донишҷӯён баён намуданд.
Интизор меравад, рӯзҳои наздик барои донишҷӯёни фаъол аз ҷониби мутахасисони бонки “Эсхата” курси омӯзишии “Саводнокии молиявӣ” оғоз мегардад.
Бояд қайд намуд, ки чунин чорабиниҳо имконият медиҳанд, то донишҷӯёни болаёқат дар даврони донишҷӯён бо кор таъмин гашта, ҳамзамон барои пешравии Ватани азизамон кӯшиш намоянд.