Мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳадии байни кишварҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. (Маҳз ҳамин рақам 23.09.2022 дар суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷмаи умумии СММ садо дод).

Ин заминҳо, ки қаламравии қонунии Тоҷикистон ҳастанд, дар тӯли ҳудуди 90 соли охир бо роҳу воситаҳои гуногун ба ихтиёри Қирғизистон гузашта, ҳоло амалан аз тарафи ин кишвар идора ва истифода мешаванд. Ҷузъи ҳудуди Тоҷикистон будани ин заминҳо дар замони шӯравӣ низ маълум буд ва дар ин замина ҳар гоҳе баҳсҳои маъмурӣ ва маҳаллӣ ба вуҷуд меомаданд. Аммо чун то соли 1991 ҳар ду ҷумҳурӣ ба таркибӣ давлати ягонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дохил буданд, марзҳои ду ҷумҳурӣ марзҳои байнидавлатӣ ҳисоб нашуда, баҳси ҳуқуқию сиёсии тақсими марзҳо дар ин сатҳ намеистод. Бо баробари истиқлоли сиёсӣ ва давлатӣ вазъияти ҳуқуқию сиёсии сарҳадҳо комилан тағйир ёфта, зарурати ба таври расмию ниҳоӣ муайян кардани сарҳади байни ду давлати мустақил пеш омад. Бинобар ин, Тоҷикистон сарҳадҳои давлатии худро дар асоси ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади ду давлат мушаххас карда, АЗ ҚИРҒИЗИСТОН ТАЛАБ ДОРАД, КИ ЗАМИНҲОИ АЗ ҲИСОБИ ҲУДУДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИХТИЁРИ ХУД ДОШТАРО БАРГАРДОНАД.

То имрӯз дар ин масъала байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугӯи сатҳҳои гуногун сурат гирифта, наздики 990 км хатти сарҳадӣ дар бораи беш аз 602 километр ё ҳудуди 61% аз он тасвири лоиҳавӣ таҳия ва аз ду тараф мувофиқа гаштааст. Аммо тибқи изҳори Вазири корҳои хориҷии ҶТ аз 23.09.2022, ҷониби Қирғизистон аз имзо ва расмият бахшидани мувофиқаи ҳосилшуда дар бораи ин бахш аз сарҳадҳои давлатӣ (61%) низ худдорӣ менамояд. Омода будани созишнома дар бораи ин бахши марзҳо, гузаштани расмиёти дохилидавлатии он дар Тоҷикистон, омодагии Тоҷикистон барои имзои он ва «бо сабабҳои ба ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда» то имрӯз ба имзо нарасидани ин ҳуҷҷат дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара аз 09.04.2021 низ садо дода буд…

Илова бар ин, ҷониби Қирғизистон соли 1999 бо фарогирии аксари қитъаҳои баҳсӣ вилояти нави Боткандро (Баткент) таъсис намуда, бо қабули қонуни махсуси миллӣ «Дар бораи мақоми вилояти Ботканд» (№113 аз 10-уми сентябри соли 2021) ин вилоятро амалан ба ҳавзаи махсуси ҳарбиву мудофиавӣ табдил карда, ҳатто ба низоъҳои маишиву иҷтимоии аҳолии минтақаҳои сарҳадӣ моҳияти ҳарбиву сиёсӣ мебахшид. Банди 14-уми ин қонун мушаххасан пешбинӣ мекунад, ки дар ин вилоят (дар заминҳои қонунии Тоҷикистон) бо додани имтиёзҳои бисёр зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ, шумораи аҳолӣ ва нуктаҳои аҳолинишини қирғизӣ ба таври мақсаднок зиёд карда шавад. Қонуни нави ин кишвар, ки 20-уми октябри соли 2022 қабул гашт, ҳатто мусаллаҳкунии саросарии сокинони ин деҳаҳои амалан ғайриқонуниро пешбинӣ мекунад. Чунин ҳолатҳо дар маҷмӯъ, ба ҷойи осонтар кардани ҳалли масъала, имкони ба низои мусаллаҳи васеъ ва байнидавлатӣ табдил ёфтани баҳсро рӯз аз рӯз зиёдтар мекунад…

Тавре зикр шуд, дар гуфтугӯҳои марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҷониби Тоҷикистон танҳо ҳуҷҷатҳоеро асос қарор медиҳад, ки тамоми марҳилаҳои расмиёти давлатӣ ва байнидавлатиро гузашта, ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунандаи сарҳади байни ду давлат эътироф шуда бошанд. Ин аст, ки Тоҷикистон дар музокироти марзӣ маҳз ба «ҲУҶҶАТҲОИ СОЛҲОИ 1924-1927 ВА СОЛИ 1932» такя мекунад. Асос ва зарурати такя ба ин ҳуҷҷатҳо чунин аст:

Ин ҳуҷҷатҳо ягона ҳуҷҷатҳоест, ки тамоми расмиёти байниҷумҳуриявӣ ва давлатиеро, ки Конститутсияи Иттиҳди Шӯравӣ барои муайян кардани сарҳади байни ҷумҳуриҳои узви ИҶШС муқаррар намуда буд, ба пуррагӣ гузшта ва расмияти давлатӣ ёфтаанд. Ҷумҳурии Қирғизистон то 15-уми апрели соли 1927 ҳамчун вилояти мухтор ва то 5-уми декабри соли 1936 ҳамчун ҷумҳурии мухтор ба таркиби Федератсияи Русия дохил мешуд. Бинобар ин, ҳангоми гирифтани мақоми ҷумҳурии иттиҳодӣ (соли 1936) ин ҷумҳурӣ дар ҳамон сарҳадҳои тасдиқгаштаи солҳои 1924-1927 ва соли 1932 ташкил шудааст.

Бинобар ин «Ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва 1932» ягона бастаи ҳуҷҷатҳое мебошанд, ки дар онҳо сарҳадҳои давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар давраи таъсиси ин давлатҳо ба таври дақиқ ва расмӣ муайян ва тасдиқ карда шудааст. ТАНҲО ҲАМОН САРҲАДЕ ЧУН «САРҲАДИ МАВҶУДА» ЭЪТИРОФ ШУДА МЕТАВОНАД, КИ БА САНАДҲОИ ҲУҚУҚИИ САТҲИ ДАВЛАТӢ ВА БО ТАРТИБИ МУҚАРРАРГАРДИДА ТАСДИҚ ШУДА БОШАНД. Аз ин рӯ, “сарҳадҳои мавҷуда” байни Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо ҳамон сарҳадҳои муайяншуда дар доираи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-12927 ва 1932 мебошанд, ки расмияти қонунӣ барои муайян кардани сарҳадро гузаштаанд. Мавқеи Тоҷикистон аз назари ҳуқуқӣ дуруст буда, аз назари амалӣ ва сиёсӣ низ ба манфиати кишвар аст, зеро дар ҳолати аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гаштани ҳуҷҷатҳои дигар ё сарҳадҳои амалан шаклгирифтаи замони фурӯпошии Шӯравӣ, аксари заминҳо дар ихтиёри Қирғизистон боқӣ монда, аз ҷумла, минтақаи Ворух расман ба эксклави эътирофшуда табдил мешавад. Ҳолате, ки Тоҷикистон бо он ҳаргиз розӣ шуда наметавонад.

Бинобар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ кишвари таҷовузгар набуда барои гирифтани заминҳои қонунии худ бо роҳи муросо ва дипломатӣ талош меварзад.

Мирниёзов А.Қ., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд