Чун ба саҳифаи таърих менигарем, аён мегардад, ки ҳама давру замон як гурӯҳи аҳримансифатон барои пиёда кардани мақсадҳои нопоки худ ирода ва мафкураи халқро яроқи аслии худ медонистанд. Дар замони муосир ин «хидмат» бар дӯши меросбарони душманони миллат ҲНИ вогузор шуд. Ва онҳо дастикам беш аз 40 сол муборизаи онро доранд, ки боре Ҳукуматро ба даст гирифта, акидаҳои ифротии худро миёни мардум таҳмил кунанд. Ҳосили ин ҷонгудозиҳо ҷанги таҳмилии солҳои навадум қарни гузашта мебошад.Дар олудасозии мафкураи мардум «хидмат»-и «соҳибназарон», онҳое, ки аз кӯчаи «дину диёнат» гузаштаанд, хеле калон буд. Оқибати ҷанги таҳмилӣ ҷон бохтани беш аз 150 ҳазор шаҳрвандон ва гуреза шудани беш аз 1 миллион нафар ва хисороти калони моддӣ, ки то кунун ҳукумат барои рафъи ин хисорот кор мебарад. Бо вуҷуди ин ҳама носипосиҳо давлат гуноҳи гунаҳкоронро бахшид. Ба сулҳу осоиштагӣ расидем. Вале ин ҳама ободиву озодиро боз ҳамон нафароне дида натавонистанд, ки ангезаи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар буданд.

Ҳизби наҳзати исломии кишвар, ки соли гузашта ба қавли худашон 40-солагии таъсисёбии худро таҷлил намуданд, дар ҳаёти сиёсии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ ягон амали созандаеро пеш нагирифтанд. Мақсади ин ҳизб аз аввал танҳо як чиз-ташкили давлати ба ном «исломӣ», ки ин гуна орзуро имрӯз созмони террористии «давлати исломӣ» дар дил мепарварад, буд. Барои расидан ба ин мақсади худ онҳо солҳои сол омодагӣ диданд ва борҳо кӯшиши нооромии ҷомеа намуданд, ки мо инро дар мисоли нооромиҳо дар вилояти Бадахшони кӯҳӣ, води Рашт ва моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Ваҳдат дидем. Дар ҳама ин ҳодисаҳо даст доштани ба ном наҳзатиён исбот шуд. Ва ин нафарон имрӯз дар назди қонун ҷавоб мегӯянд. Агар давлат сари вақт пеши роҳи ин корро нагирад, шояд хатари аз нав зуҳур кардани пайравони гумроҳи онҳо зиёд шавад.

Окибати ин амалҳоро мо ба доми фиреб ва найранги хоҷагони гирифтор шудану аз зиндагии ширин, аз диёри зебо, аз миллати нозанини хеш ношукрӣ карда, ба ҳизбҳои характери экстремистӣ-динӣ дошта ворид шуда, ҳатто ба Сурияю Ироқу Афғонистон рафтани ҷавононамонро дида истодаем. Бояд мо бештару беҳтар ба қадри суботи сиёсӣ, истиқлолияти ба ҷон баробари кишвар, ба ваҳдати миллии хеш расему онҳоро ҳамчун гавҳараки чашмонамон эҳтиёт ва муҳофизат намоем.Бинобар он дар фуроварди сухан ба ҳамаи шахсоне, ки фирефтаи тағйиротҳои дурӯғини ҳизбҳои гуногун ва ё харакатҳои номақбул гаштаанд, муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки имрӯзҳо давлат ва иқтидори интеллектуалии он иқтидори ҳарбӣ ва сиёсиаш метавонад ба ҳар гуна ҳаракату азҳобҳои экстримистӣ ҷавобҳои сазоворро диҳад. Зин сабаб ба ҳамаи шаҳрвандони азизи Тоҷикистон гуфтаниам, ки биёед ҳама дастҷамъона суботи сиёсии кишвар, осмони софи он, ваҳдати нотакрор ва истиқлолияти худододи ро шукргузорӣ намуда, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кор ва фаъолият намоем.

Фарҳод Раззоқов, устоди кафедраи таъминоти барқ ва автоматика