Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд тибқи    нақшаи муштарак бо шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани малакаи варзишии донишҷӯдухтарон, ҷалби онҳо ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим ва  дар ин замина пешгирии ҳаргуна ҳодисаҳои номатлуб Спартикиадаи байни донишҷӯдухтарони донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои шаҳри Хуҷандро баргузор намуд. Ин чорабинӣ  бахшида ба Рӯзи модар ва эълон гардидани  соли 2018 чун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардида, он дар толорҳои варзишии коллеҷи омӯзгорӣ, тиббӣ ва маҷмаи варзишии 20-солагии Истиқлолият аз рӯи панҷ намуди варзиш- волейбол, шашка, шоҳмот, тенниси рӯи миз, варзиши сабук мусобиқа баргузор шуданд.

Дирӯз дар толори варзишии факултети муҳандисӣ- иқтисодии  донишкадаамон маросими ҷамъбасти ин мусобиқаи бонуфуз доир шуд. Дар расми ифтитоҳи ҷоизасупорӣ мудири бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Баҳтиёр Исматҷонов ва мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд Муяссара Сангинова ба ғолибон ва ҷоизадорон ифтихорнома медал ва ба дастаҳои ғолиб ҷом ва сипосномаҳо супориданд. Дастаи донишҷӯдухтарони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар ҷамъбаст  сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Онҳо бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд. Махсусан ҳунару малакаи  донишҷӯдухтари бахши дуюми ихтисоси2-50.01.02.та Отаназарова Мафтуна (ғолиби мусобиқа дар намуди шашка ва тенниси рӯи миз) Дадобоева Машҳура (ғолиби мусобиқа дар намуди шоҳмот) арзандаи ситоиш аст.

Ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа барои дастгирӣ ба раёсати донишкада, шахсан ба директор Саидӣ Дилафрӯз Раббизода изҳори миннатдорӣ менамоянд.