Санаҳои    23-24 апрели соли равон дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДССХ” баргузор гардид. Ин чорабинии муҳим бо ташаббус ва ибтикори роҳбарияти ДССХ ва дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”  амалӣ гардид.

Дар озмуни мазкур  80 нафар донишҷӯёни ҳушманду навовар аз рӯи фанҳои Математика” (тахассусӣ), “Математика” (ғайритахассусӣ), “Технологияҳои иттилоотӣ”( (тахассусӣ), “Технологияҳои иттилоотӣ”( ғайритахассусӣ) аз 28 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат доштанд.   

Барои бисёр шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмун раёсати донишкада чораҷӯйиҳо намуд, ки роҳбарони тимҳои муассисаҳои таълимии кишвар, донишҷӯён ва дигар хоҳишмандон имкон доштанд ҷараёни баргузории озмунро дар реҷаи вақти реалӣ дар толори фарҳангии донишкада ва аз саҳифаи фейсбукӣ тамошо намоянд. 

Санаи 24 уми апрел ҷамъбасти озмун бевосита аз тарафи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса сурат гирифт. Боиси қайд аст, ки ҷаласаи ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДССХ” ғайричашмдошти иштирокчиён ва ғолибони озмун унсурҳои ғайриоддӣ дошт, ки ба ин чорабинӣ чеҳраи идона ато намуд ва комилан мақбули ҳамагон гашт.  Тибқи фармоиши ректори донишкада Асрорзода Убайдулло Саттор  соҳибони дипломи дараҷаи 3 ба андозаи 1 000 сомонӣ, соҳибони дипломи дараҷаи 2 ба андозаи 2 000 сомонӣ ва 4 нафар соҳибони дипломи дараҷаи 1 ба андозаи 5 000 сомонӣ қадрдонӣ ва сарфароз гардонида шуданд. Ғолибони озмун ин маблағҳои пулиро бо пешниҳоди шиноснома ва варақаи махсуси мукофотӣ, ки дар он маблағи мукофотӣ дарҷ шуда буд, аз муҳосиботи донишкада дарёфт карданд.

Донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Эргашбоев Мирҷалол ва Ҷураев Қадриддин бо ҳидоят ва дастгирии бевоситаи директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз дар ин озмун фаъолона ширкат варзиданд.    

        

Дар натиҷа Эргашбоев Мирҷалол Алиевич, донишҷуйи курси 2 ихтисоси  43.01.03, гурӯҳи 2_43.01.03тб дар равияи “Математика” (ғайритахассусӣ), соҳиби дипломи дараҷаи 2 ва мукофоти пулӣ ба андозаи 2000 сомонӣ ва  Ҷураев Қадриддин Рустамович донишҷуйи ихтисоси  40.01.01, гурӯҳи 4_40.01.01 тб дар равияи “Технологияҳои иттилоотӣ” (тахассусӣ), соҳиби дипломи дараҷаи 3 ва мукофоти пулӣ ба андозаи 1000 сомонӣ гардиданд.

Дар охирсухан,   пас аз он ки  диплому маблағҳои пулӣ тақдим гардиданд, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ба намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дастур доданд, ки ғолибони Озмуни мазкур, агар дар гурӯҳҳои ғайрибуҷавӣ таҳсили илм дошта бошанд, ба гурӯҳҳои буҷавӣ интиқол дода шаванд, ва дар зинаи магистратура низ дар гурӯҳҳои таҳсилашон ройгон тариқи суҳбат қабул карда шаванд.

Ногуфта набояд монд, ки дар баробари ташкили қувваозмоиҳои зеҳнӣ, озмоиши донишҳои омӯхта ва сабқат дар сатҳи баланд, масъалаи истироҳати бофароғати донишҷӯёну роҳбарони онҳо низ аз мадди назари раёсати донишкада дур намонд.  Ташкили сафари сайёҳӣ ба мавзеи зебоманзари Қалъаи Ҳисор бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдошти санитарӣ ва  барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ” дар толори фарҳангии Донишкада, ки бегоҳии рӯзи 23 апрел аз ҷониби дастаи ҳаваскорони донишкада “Соҳибкор”  баргузор гардид, гувоҳи ин гуфтаҳост.  

Ҷабҳаи дигари хотирмони ин чорабинии илмӣ-фарҳангӣ аз он иборат буд, ки он дар пойтахи Тоҷикистон, шаҳри Душанбе баргузор гардид.  Донишҷӯёни ғолиби ДПДТТ ва  донишҷӯйёни манотиқи  дигари кишвар, аз зеботарин ва сабзтарин шаҳри  олам Душанбе, ки дар хаёли ҳар як бинанда сайёраи заминро бо зебогии худ зеб медиҳад, дидан ба амал оварданд. 

 

 

Сардор Ғуломнабиев, мудири кафедраи математкаи олӣ

 ва информатикаи ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд