Фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилот низоми маорифи ҳамаи кишварҳоро фаро гирифта истодааст. Ҷаҳонишавии таҳсилот ҳамагонро водор месозад, ки ҳамқадами замон бошанд. Гузариш ба муносибати салоҳиятнокӣ дар таълим яке аз талаботҳои раванди ҷаҳонишавии таҳсилот буда, пайваста дар пойгаҳҳои гуногуни соҳаи маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор мегирад. Татбиқи таълими салоҳиятнок дар соҳаи маориф, ташаккули муҳити мувофиқи таълимӣ ва ҷустуҷӯи асосҳои пешрафтаи методологиро талаб мекунад, ки ба азхудкунии босифати салоҳиятҳои умумӣ ва касбӣ мусоидат мекунанд. Яке аз роҳҳои самараноки мусоидат ба натиҷаҳои баланди таълимӣ, муайян кардани донишҷӯени болаеқат ва баланд бардоштани таваҷҷӯҳи умумӣ ба ихтисоси интихобшуда, чорабиниҳои беруназсинфии донишҷӯйӣ мебошанд, ки хусусиятҳои рақобатпазирӣ доранд. Олимпиадаҳои гуногуни донишҷӯен, озмунҳои маҳорати касбӣ, намоишдиҳии дастовардҳои донишҷӯен дар намоишгоҳҳо, конфронсҳо ва шаклҳои дигари шабеҳи ин корҳои беруназсинфӣ аз зумраи ин чорабиниҳо мебошанд.

Мусобиқаҳои зеҳнӣ ба ташаккули масъулиятнокии иштирокчиен, таҳаммулпазирии онҳо, хама вақт ишғол кардани мавқеи фаъол, устувор будан дар мавқеи ишғолкардаи худ, таъсири мусбӣ мерасонанд. Онҳо ҳисси эътимод ба қобилиятҳои худ, қобилияти гузоштани ҳадафҳо ва ноил шудан ба онҳо, қобилияти амалӣ кардани нақшаҳои худро тарбия намуда, барои тақвияти таҳкурсии шахсияте, ки дар оянда бомуваффақият ва мустақилона масъалаҳоро ҳал карда метавонад, замина мегузоранд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муассисаҳои таълимии кишвар, дар нақша-чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” гузарондани маъракаҳои зиёди муҳими илмӣ, таълимӣ ва фарҳангиро  дар сатҳҳои гуногун ба нақша гирифта истодаанд. Масалан, аз соли 2021 сар карда, Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДССХ” дар якчанд равияҳо баргузор карда истодааст.

Боис ба зикри махсус аст, ки дар соҳаи фанҳои дақиқ олимпиадаҳо ва озмунҳои дигари гуногун дар вақтҳои охир ҳамчун як воситаи фаъолгардонии корҳои эҷодии илмии донишҷуён ба таври васеъ истифода мешаванд. Масъалаҳое, ки дар ин озмунҳо пешниҳод мегарданд, одатан ғайристандартӣ буда, аз донишҷӯён на фақат дониши устувори фанҳои дақиқ, балки тафаккури эҷодӣ ва дар бисёр ҳолатҳо то андозае маҳорати ихтирокориро низ тақозо доранд. Қисме аз ин масоилҳо ҳатто ғояи баланди илмиро дар худ ниҳон доранд ва ҳамчун сарчашма барои пайдо шудани назарияҳои нави илмӣ хизмат карда метавонанд.

Аз дигар тараф олимпиадаҳо дар омодакунии кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои техникӣ ва иқтисодӣ, баландкунии ҳавасмандкунии донишҷуён ба таҳсилот, махсусан ба омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ нақши муҳиме доранд.

Дар ДПДТТ аз рӯзи аввали таъсисёбӣ ба гузарондани олимпиада, тарзи ташкили он, тартиб додани супоришҳо ва интихоби донишҷӯён диққати махсус дода мешавад. Одатан дар донишкада олимпиада дар се давр баргузор мегардад. Даври аввал умумӣ буда, дар он нисбатан мисолу масъалаҳои стандартӣ пешниҳод карда мешаванд. Даври дуввум дар сатҳи факултетҳо ҷамъбаст мегардад. Даври сеюм дар сатҳи донишкада ҷамъбаст гардида, дар он одатан 25 – 30 нафар донишҷӯёни беҳтарин иштирок мекунанд. Дар ДПДТТ ба ҳукми анъана даромадаст, ки бо ғолибони даври сеюми олимпиада, барои тайёрӣ ба олимпиадаи умумиҷумҳуриявӣ, машғулиятҳои иловагӣ доир гарданд. Ногуфта намонад, ки иштирокчиёни олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз ДПДТТ ҳамасола дар олимпиадаи ҷумҳурӣ фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойи ифтихорӣ мешаванд.

Олимпиадаи хонандагон ё донишҷӯён аз фанҳои дақиқ, бахусус аз математика, ин маъмулан, сабқат дар байни хонандагон ё донишҷӯёни мактабҳои олӣ ҳангоми ҳалли масъалаҳои ғайристандартии математикӣ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳангоми ташкили олимпиада вазифа на танҳо муайян кардани донишҷӯёни дониши қавӣ дошта, балки фароҳам овардани фазои умумии идона аз фанҳои таълимӣ, ташаккул додани шавқу ҳавас ба ҳалли масъалаҳо ва тафаккури мустақилона мебошад.

Олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ ҳама вақт бо маросими кушодашавӣ оғоз гардида, бо маросими пушидашавӣ дар фазои тантанавӣ, аксар вақт бо намоишҳои эҷодӣ, ҷамъбаст карда мешаванд. Лаҳзаҳои мукофотонидани беҳтаринҳо хеле хотирмон буда, бо иштироки роҳбарияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ гузарондани чорбиниҳои фарҳангӣ ва ташкил кардани сайругашт ба ҷойҳои таъриҳӣ дар назар дошта мешавад.

Нигоҳи кӯтоҳ ба таърихи раванди олимпӣ. Тибқи маълумотҳои сомонаҳои интернетӣ аввалин озмунҳои зеҳнӣ барои мактаббачагон бо номи "Олимпиада барои ҷавонон" дар Русия дар асри XIX ҷамъияти астрономии Империяи Русия ташкил кардааст. Аз соли 1885 баргузории олимпиадаҳои ғоибонаи маҷаллаи "Вестник опытной физики и элементарной математики" оғоз ефтаст. Олимпиадаи математикӣ бошад, якумин маротиба соли 1895 дар Австро-Венгрия баргузор гардидааст. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ бошад, олимпиадаҳои аввалин соли 1933 дар шаҳри Тбилиси (аввалин дар СССР сабқати математикии мактаббачагон), соли 1934 дар  Ленинград (аввалин олимпиадаи математикии шаҳрии расмӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ) ва соли 1935 дар Москва баргузор гардидаанд. Аввалин олимпиадаҳо, ки дар онҳо хонандагони мактабҳои шаҳрҳо ва ҷамоҳирҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат варзиданд, дар солҳои 50-ум баргузор шуда буданд.

Бояд қайд кард, ки рушди воқеии ҳаракати зеҳнии ҷавонони донишҷӯ дар Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ефт. Пионер ва авангарди олимпиадаи математика соли 1934 донишгоҳи Давлатии Ленинград бо ташаббуси олими олиҷаноб Борис Делоне буд.

Ногуфта намонад, ки дар вақтҳои охир олимпиадаҳои байналмилалии мактаббачагон ва донишҷӯён ҳам дар реҷаи «онлайн» ва ҳам дар реҷаи «оффлайн» хеле фаълол мебошанд. Ба ин мусобиқаҳо дастаҳои кишварҳо даъват карда мешаванд, ки одатан аз 4-6 нафар иборат мебошанд. Ҳар як кишвар, дар аксари ҳолатҳо муассисаҳои таълимӣ мустақилона бо интихоби дастаи худ ва интихоби олимпиада сару кор доранд. Дар айни замон теъдоди зиёди системаи олимпиадаҳои байналмилалии мактаббачагон ва донишҷӯён мавҷуд ҳастанд. Бояд қайд кард, ки сатҳи супоришҳо ва вазифаҳо дар ҳамаи олимпиадаҳои байналмилалӣ хеле баланд аст.

Бояд қайд кард, ки дастгирии ҷавонони болаеқат дар системаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мебошад. Дастгирии давлатӣ бошад, ҳам бо таҳияи муқаррароти консептуалӣ, ки дар асоси онҳо сиесати давлатии ҷавонон ташаккул меебад ва амалӣ карда мешавад, ҳам бо дастгирӣ ва ҳавасмандкунии бевоситаи ғолибон ва ҷоизадорон баръало ҳис карда мешавад.

Ба ҳамаи иштирокчиёни олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, ки ҳамасола дар ин чорабиниҳо фаъолона ширкат меварзанд, муваффақият орзу менамоем.

Сардор Ғуломнабиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд