Дар ҷаҳони муосир, ки тамоюли истифодабарии технологияи рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳои халқ мунтазам рушд ёфта истодасст, донистани забони хориҷӣ барои инсон имкониятҳои беохирро мекушояд. Ин на танҳо қобилияти муошират бо хориҷиён, балки имкони беҳтар фаҳмидани фарҳанги дигар кишварҳо, ба даст овардани бартарият дар касб ва инчунин васеъ кардани самти фаъолияти мутахассиси муосир мебошад.  Дар мақолаи мазкур зарурияти, роҳҳои ба таври самаранок омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва чӣ гуна онҳоро дар амал татбиқ намудан барои дар фаъолияти худ аз он баҳра гирифтан баррасӣ шудаст. Инчунин воситаҳои гуногун барои азхудкунии ба воситаҳои барномаҳо пешниҳод гардидааст.

Оид ба ин масъала Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суханрониашон қайд ва таъкид менамоянд, ки барои мутахассисони имрӯза донистани 2-3 забони хориҷӣ ҳатмист. Дар суханронии бахшида ба Рӯзи дониш такроран қайд карданд, ки: “... Вобаста ба ин, бори дигар хотиррасон месозам, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисиву русӣ дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо бидуни истисно ҳатмӣ мебошад”.

Доир ба ин масъала дар кишвари мо Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "30" августи соли 2019, № 438) қабул гардидааст. Дар ин ҳуҷҷат зикр гардиддааст, ки:  Омӯзиши забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо ва забони англисӣ ҳамчун забони хориҷии дар ҷаҳони муосир аз ҳама зиёд паҳншуда, инчунин аз худ кардани нутқи намунавӣ бо ин забонҳо барои тарбияи шахсияти забондон, рушди сифатҳои маънавӣ ва қобилиятҳои эҷодии ӯ ва шинос шудан бо фарҳанги рус, англис ва ҷаҳонӣ нақши пешбаранда дорад.

Боиси қайд аст, ки дар асри рушди технологияҳои информатсионӣ шахс аз ҳар минтақаи ҷаҳон имкон дорад, дар донишгоҳҳо таҳсил кунад ва дар ширкатҳои хориҷӣ кор пайдо кунад. Аз ин лиҳоз, донистани забонҳои хориҷӣ ва маҳорати гуфторӣ яке аз омилҳои муҳимтарини рушди шахсият ва некӯаҳволии моддӣ мегардад. Забони англисӣ ҳамчун забони асосии муоширати байналмилалӣ ба миён меояд. Аксар вақт ба ҷавонон барои дар ҳаёт татбиқ намудани неруи зеҳнии худ дар ин ё он соҳаи фаъолият ба ғайр аз донистани забони давлатӣ, инчунин озодона донистани забонҳои русӣ ва англисӣ талаб карда мешавад.

Дар ҳақиқат азхудкунии забони англисӣ дар сатҳи зарурӣ вақти зиёдро талаб менамояд. Дар ин раванд тадқиқотҳое бурда шудаанд, ки роҳҳои самаранок омӯхтани он таҳлил ва пешниҳод карда шудаанд. Инчунин барномаҳои, махсусе барои телефонҳо мавҷуданд, ки на танҳо ба истифодабарнда хондани калимаҳои хориҷиро меомӯзонад, балки навиштан, талаффуз кардан ва грамматикаи онро низ. Бартарияти чунин барномаҳо дар он аст, ки дар арванди омӯзиш  ҳангоми хатогӣ намудан дар ягон қисми дарс -он дарс такроран бо намуди дигар ба истифодабаранда пешниҳод мегардад, ки имкон медиҳад онро такрор намуда ба пуррагӣ азхуд намояд. Мисоли чунин платформаҳои маъмул Duolingo, puzzle-english, AnkiWeb ва ғайра мебошанд. Ин платформаҳо имкон медиҳанд,, ки масалан як гурӯҳ донишҷӯён ё ин омӯзгорони забони хориҷӣ азхуд карда истода аз платформа ягдигарро ҷустуҷӯ намоянд ва аз пешравии якдигар бохабар бошанд. Пешравии истфодабарнда бо холҳо муайян карда мешавад.

Дар муддати муайян истифодабаранда бо дониши муайян метавонад ба таҳлили маводҳо, китобҳо ва маҷаллаҳои илмии соҳавӣ ки бо забони хориҷӣ мебошанд, гузарад. Ин усул имкон медиҳад, ки донишҷӯ, омӯзгор ё мутахассис дар як вақт аз навигариҳои самти фаъолияти худ шинос гардида инчунин забондонии худро такмил диҳад.

Албатта, ба ғайр аз ин усулҳо боз даҳҳо методикаҳо маълум мебошад, ки дар асоси он шахси забони хориҷиро азхуд мекардагӣ бояд барои худ писанд омадаро интихоб намояд.  

Дар ҷаҳони муосир донистани якчанд забон имкониятҳои насли ҷавонро васеъ гардонида, шароит муҳайё месозад, ки неруи хешро дар соҳаҳои гуногуни фаъолият самаранок татбиқ намоянд.

Донистани забонҳои хориҷӣ имкониятҳои касбиро ба таври назаррас васеъ мекунад, дастрасӣ ба лоиҳаҳои байналмилалӣ, кор дар ширкатҳои гуногуни байналмиллалӣ ва имкониятҳои дигарро фароҳам меорад. Донистани забони хориҷӣ бартарии рақобатист, ки дар бисёр соҳаҳои фаъолият қадр карда мешавад.

                             Аюбова Фарида, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд