Истиқлолият бебаҳотарин ва пурарзиштарин неъмати рӯйи замин аст, ки он атои Парвардигор мебошад ва 31 – сол муқаддам насиби миллати ранҷкашидаи тоҷик гаштааст. Ин воқеаи муҳими давр орзуи зиёда аз ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, ки солҳои тӯлонӣ боварӣ дошт, ки ба армонҳои ҳазорсолааш мерасад. Бо ин умед забони худро ҳифз кард, расму анъанаҳои неки худро нигоҳ дошт. Ҳатто дар зери юғи истилогарон пинҳону ошкоро анъанаҳои миллии худро иҷро мекард ва ба он содиқ монд.

Вақте Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд ва ҷумҳуриҳои вобастаи он соҳибистиқлол гаштанд, Тоҷикистони азизи моро душманони хориҷию дохилӣ ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Бародар зидди бародар ба ошӯб хестанд. Мо, насли калонсол шоҳиди он будем, ки дар як хона падап писарро намешинохту писар падарро, яке тарафдори сохти дигари давлатдорию дигараш зидди он. Аз ёдам намеравад, ду майдони дар Душанбе ташкилгашта, майдони Озодию Шаҳидон. Чӣ қадар бузургони миллат тӯъмаи аҷдаҳои ҷанг гаштанд, чӣ қадар мардуми озодандеш тарки Ватан карданд.

Дӯст кисту душман кист, шинохта намешуд. Мардуми тоҷик ба ояндаи нек боварӣ надошт, гуруснагӣ аз як тараф, паҳн гаштани бемориҳои сироятӣ аз тарафи дигар, ҷанги разилонаи хоинони Ватан аз тарафи дигар мардумро ба сӯи ноумедӣ андохта буд.

Ба бахти миллати тоҷик чун атои Худованд дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯро интихоб гардид. Суханҳои аввалини ӯ аз он минбари баланд «Ман ба мардуми тоҷик сулҳ меорам» ба дили ноумедгаштаи миллати тоҷик шӯлаи афрӯхт, умеди ӯро ба зиндагӣ аз нав эҳё кард. Ва ин марди бузург ба ваъдаи додааш вафо кард. Созишномаи Истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва мардум ба ояндаи неки тоҷикон ва Тоҷикистониён бовар карданд.

Имрӯз Истиқлоли Ҷумҳурии азизи мо 31 – сола шуд. Ин 31 соли бурдбориҳо, музаффариятҳо, комёбиҳои мардуми шарифи тоҷик таҳти сарварии Президенти маҳбубаш, ки ҳар як фарди тоҷик он касро аз ҷон азизтар медонад, мебошад. Гарчи 31 – сол дар назди таърих ҳеҷ аст, вале то ҳол боварии касс намоояд, ки нақби Анзобу Шаҳристон, ки орзуи деринаи халқи азизи тоҷик буд, ба истифода дода шуд, шоҳроҳҳои бузурги байналмилалӣ бунёд гаштанд, Нерӯгоҳҳои Барқӣ-Обии Сангтӯда I ва II в аду чархаи Нерӯгоҳи Роғун ба истифода дода шуд. Дастовардҳои ватани азизам тӯли 31 – сол собиқа надорад ва дар ин хусус соатҳо сухан рондан мумкин аст. Ман ин сулҳу осудагӣ, осмони софу беғубор, кӯдакони хушбахт, пирони барнодилро мебинаму аз хурсандӣ қабат-қабат гӯшт мегирам. Вале душманони миллат ҳамаи ин дастовардҳои бузурги миллати тоҷикро нодида мегиранд, мехоҳанд бо ҳар роҳу восита фарзандони тоҷик, ҷавононро, ки таҷрибаи кори зиндагӣ надоранд, гумроҳ кунанд. Онҳоро ба доми фиреби худ андозанд. Мехоҳанд ба сари миллати тоҷик рӯзҳои заҳматбори солҳои навадумро бори дигар андозанд. Мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надиҳем, ҷавононро ба роҳи дурусти зиндагӣ равона кунем. Нагузорем, ки нохалафе ба зиндагии озоду ободи мо халал расонад. Ҳар бегоҳ дар сари дастурхони хоксорона аҳли оила ҷамъ мешавем ва ҳама якҷоя шукри даврони обод ва осмони софи Тоҷикистонро мекунем. Шукр мекунем, ки дар чунин диёри хуррам, ки биҳишти рӯи замин аст, зиндагӣ мекунем. Ҳар рӯз пас аз танаввули хӯрок даст ба дуо бардошта мегӯем: «Шукри сулҳу аммонии кишвар, илоҳо ба сулҳи Тоҷикистон чашм нарасад».

Ва ин ҷо ба гуфтаҳои худ хотима бахшида мегӯям:

Истиқлолият поянда бод, Тоҷикистони азизам!

 

Замира Махкамова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд