Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунбарори кишвар - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид.

  Дар давоми ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба соҳаи кишоварзи низ диққати алоҳида дода шуд. Мо кишоварзон дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро доир ба афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта ва аз ҷумла бунёди боғҳои интенсивӣ шиори худ дониста кӯшиш ба ҳарҷ медиҳем, ки барои рушду равнақ ёфтани диёри азизамон ҳиссаи назаррас гузорем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар пайи дастгирии ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзӣ мебошад. Имсол низ дар Паёми худ, роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шавад. Мо кишоварзон аз ин дастгирӣ ва ғамхориҳои роҳбари давлату Ҳукумат руҳбаланд шуда, арзи сипоси худро бо як миннатдори хоса ба Ҳукумату давлат ва шахсан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор менамоем. Барои пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум кӯшиш ба ҳарҷ медиҳем, ки меҳнати худро дучанд намуда, на балки амнияти озуқавории кишварро таьмин намоем ва боз маҳсулоти худро ба давлатҳои хориҷӣ низ содирот намоем.

 

Муаттара Раҳматова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд