Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар маркази Авруосиё ҷойгир аст ва танҳо соли 1991 дар харитаи геополитикӣ пайдо шуд. Вожаи туркзабони «қазоқ» маънои «марди озод»-ро дорад ва Қазоқистон кишварест, ки дар таърих бодиянишинони озодихоҳ зиндагӣ мекарданд.

Ба ин озоди ва ваҳдати давлат санаи 02 январи соли равон аз тарафи душман ҳамлае шуд, ки мақсадҳои нопок дошт.

Эътирозҳо дар Қазоқистон рӯзи 2 январи соли 2022 пас аз болоравии якбораи нарх ба гази моеъ оғоз ёфт. Эътирозҳо дар шаҳри Жанаозен (ғарби Қазоқистон) оғоз шуданд, аммо рӯзҳои 3-4 январ ба Алма-Ато ва дигар шаҳрҳои ин кишвар паҳн шуданд. Эътирозгарон аз талабҳои иқтисодӣ ба талабҳои сиёсӣ, аз ҷумла истеъфои ҳукумат ва аз сиёсат рафтани раиси ҷумҳури нахустини кишвар Нурсултон Назарбоев гузаштанд.

Рӯзҳои 4-5 январ дар Алмаато эътирозҳо ба бетартибиҳо, аз ҷумла оташ задани биноҳои ҳукуматӣ ва ғоратгарӣ мубаддал шуданд ва мақомот назорати шаҳрро аз даст доданд. Қароргоҳи собиқ раиси ҷумҳур ва ҳокимият (шаҳрдорӣ) сӯзонда шуд, эътирозгарон фурудгоҳи Алмааторо ба идораи худ гирифтанд. Аксари шаҳрҳои дигар, аз ҷумла пойтахти Қазоқистон, Нур-Султон, таҳти назорати ҳукуматдорон қарор гирифт.

Дар Қазоқистон аввал дар баъзе минтақаҳо ва баъдан дар саросари кишвар вазъияти фавқулодда эълон шуд. Дар тӯли чанд рӯз интернет қатъ шуд, ки боиси қатъ шудани кори пардохтҳои ғайринақдӣ гардид. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев аз вазифаи ишғолнамудааш Аскар Маминро озод намуд ва ба ҷои Нурсултон Назарбоев Шӯрои амнияти Қазоқистонро ба раҳбарии худ гирифт.

Рӯзи 6 январ бо дархости раиси Ҷумҳурии Қазоқистон амалиёти Ташкили Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) дар Қазоқистон эълон шуд. Ба он нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва 5 кишвари дигар, аз он ҷумла Тоҷикистон, шомил шуда, як миссияи посдории сулҳро бо сари баланд онҷом доданд. ТШАД (ОДКБ) амалиёти зиддитеррористиро бо муваффақият гузарониданд ва 7 январ мақомоти Қазоқистон аз барқарории тартибот дар кишвар хабар дод.

Сатторов Шарифҷон Амирович,

устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд