Хизмат ба ватан дар роҳи ҳақиқату адолат барои ҳар кадоме аз шаҳрвандони миллат шараф аст. Ҳимояи обрӯву нуфузи байналмилалии он бошад, вазифаи ҳар мардуми баору номуси кишвар маҳсуб меёбад. Ватани азизу маҳбуби мо Тоҷикистонро ҳамчун миллату давлати куҳанбунёду соҳибфарҳанг дар арсаи байналмиллалӣ шинохтаву эътироф намудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки ин ҳама обрӯву нуфузе, ки кишвари мо мақоми ҷаҳонӣ пайдо намудааст, маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Пас вазифаи имрӯзаи мо мардум дар он аст, ки ба хотири пойдории ин арзишҳо фаъолият намоем на ба хотири он, ки асосноку беасос фаҳмидаҳоро рӯи қоғаз оварем. Ва бадин васила миллати худро мавриди танқиду тақлид қарор диҳем. Вақте чизеро дуруст намедонӣ чаро онро ифшо мекунӣ.

Имрӯз ба чанде аз расонаҳои хабарии «Ахбор», «Паём» ва «Озодӣ» расм шудааст, ки аз муаммоҳои дар дохилу хориҷи кишвар амалӣ гардида, ба миллати тоҷик марбут аст, онро бо дасисаву пӯписаҳо, росту дурӯғ ва бо муҳобот паҳн сохта истодаанд. Ин ҳама найрангбозиҳо як тараф ба эътирофоти шарҳи ошӯбгарони зиндони шаҳри Хуҷанд, ки моҳи ноябри соли равон ба амал омадааст, ҷилавгирӣ намуда, эътирофотро қабул кардани нестанд. Дар асл ин хабарнигорону «озодхоҳон» худ кӣ ҳастанд ва бобати ин ошӯб чиро медонанд, ки идао намуданд, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин (Аслов), ки барои иштирок дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мақомоти Иттиҳодияи Аврупо ба Брюссел рафтааст, дар як нишасти матбуотӣ ба вуҷуди куштор дар зиндони Хуҷанд эътироф кард. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни эътирофот қайд сохт, ки гуноҳи асоси ба зиндониёни кушташуда тааллуқ доштааст, боз эълон кард, ки дар исёни ошӯбгарон аксари зиндониёну кормандон безарар гардонида шудааст. Ӯ гуфт, аксари ошӯбгарон афроди маҳкум ба терроризм, аз ҷумла пайравони гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» буданд.​

Гуфта мешавад, ки маъмурони зиндон дар аввал хостанд, ки онҳоро ба муколама даъват кунанд, вале онҳо ба муқовимати худ идома дода, хостанд, аз маҳбас фирор намоянд. Яке аз саркардаҳои ин ошӯб аъзои ТЭТ ҲНИ буда, миқдори 12 нафараи аз ошӯбгарон ба ҳайси узви ДИИШ дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок кардаанд. 3 нафари онҳо узви гуруҳҳои ифротиву террористии “Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Узбекистон ва Ҷундуллоҳ ва шаш нафари боқимонда маҳкум ба ҷиноятҳои вазнине ба мисли роҳзаниву куштор ва қочоқи маводи мухаддир буданд.

Уммедворам, ки хабарнигорони аз ҳодисаҳо бехабари «Ахбор» -и аз ҳолат бехабар, Озодии «озодхоҳ» ва «Паём» - и бепайғом» ба он васвасаҳои куштори 50-нафари зиндони Хуҷанд хотима дода, минбаъд дар вазифаи худ, ки барои адолати воқеӣ кор мекунанд содиқу устувор мемонанд.

Муллоусмонова Гулчеҳра,

устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд