Дар урфият мегӯянд, ки Ватан аз гаҳвора оғоз меёбад. Ин гуфтаҳо пояи воқеӣ доранд. Дар ҳақиқат, барои ҳар як инсон он ҷое ки хуни нофаш рехтааст, азизу муқаддас аст. Кишвари биҳиштосои мо Тоҷикистони меҳрпарвар, воқеан ҳам, макони миллати соҳибназарон буду ҳаст. Зеро бо гузашти ҳазорсолаҳо ин миллати куҳанбунёд забон ва асолати хешро гум накард, миллати будани худро эътироф кард.  Ватан ин пораи дили ҳар яки мост. Маҳз мо дар оғӯши Ватан ба камол мерасем. Имрӯз дар ҷаҳон миллату халқиятҳое сукунат доранд, ки бо вуҷуди дорои забон урфу одат буданашон низ соҳибдавлат нестанд. Шукрона аз он мекунем, ки кишвари моро беш аз 195 давлатҳои ҷаҳон чун як Ватани дорои тамаддуни қадимаи ҷаҳонӣ дошта эътироф намуданд. Албатта, дар тӯли таърих кам набуданд ҳодисаву воқеаҳое, ки ин сарзамин мавриди забту тохтутозҳои душманон нагардида бошад. Вале дар хотираи таърих номи абармардони диёр чун Исмоили Сомонӣ, Спитамен, Темурмалик, Муқаннаъ, Восеъ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ниҳоят сардори давлат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша боқӣ хоҳанд монд.

Барои онҳое, ки ба қадри тинҷиву оромии кишвар намерасанд, гуфтанием, ки ҳамагӣ 30 сол муқаддам бо айби иддае ба ном «равшанфикрон ва ошкоргӯён» қариб буд ин миллат ва ин Ватан аз байн равад. Ҳазорҳо нафар тарки диёр намуда, иҷборан муҳоҷиратро пеш гирифтанд. Маҳз дар ҳамин рӯзҳо барномаи «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар»-и барномаи радиои кишвар онҳоро бо мо мепайваст. Ба шарофати нерӯи ақлонии халқи банангу ори тоҷик бо роҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тинҷиву оромӣ танинандоз гардида, мардум ба зиндагии орому осоишта баргаштанд. Имрӯз таҷрибаи сулҳофарини миллати моро дар институтҳои ҷомеашиносии ҷаҳон чун намунаи беҳтарини баҳамоӣ мавриди омӯзиш қарор додаанд.

Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко пас аз бозгашт аз ҷаласаи Сарони давлатҳои Шанхай дар шаҳри Душанбе дар  Рӯзи ваҳдати кишвараш ба халқи азизаш таъкидан гуфт, ки ҳоли ҳозир аз кишвари ба мо дӯсти Тоҷикистон бо таассуроти амиқ баргаштам. Кишвари зебо ва мардуми меҳнатдӯсти тоҷикон бо вуҷуди саросар кӯҳсор будани кишварашон ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода мебаранд ва сатҳи некӯаҳволии худро беҳтар менамоянд. Кишваре, ки 1400 километр сарҳад бо Афғонистон дораду ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар намудааст, новобаста ба ин ҳама мушкилот як мамлакати воҳид, пешрафта дар минтақа маҳсуб меёбад   

Воқеан вазъияти имрӯзаи кишвари ба мо дӯсти Афғонистон, ки 50 сол ин ҷониб шаҳди ҷангу нооромиро мекашад,  барои ҳар як сокини кишвар, хосса ба роҳбари оқилу хирадманди мо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бефарқ нест. Роҳбари давлати тоҷикон аз ин пеш низ дастгиру мутакко будани ҷониби Тоҷикистонро дар ҳамоиши бузурги байналмилалӣ эълон медоштанд ва ҳоло низ қотеъона аз Ҳаракати иртиҷоии Толибон*  талаб доранд, ки дар умури давлатдорӣ ба адолати иҷтимоӣ, баробарии ҳуқуқҳои халқияту миллатҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Зеро дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон 45 дар садро тоҷикон ташкил медиҳанд ва онҳо ҳуқуқи зиндагии шоистаро доранд. Ин иқдоми ҷасурона ва башардӯстонаи Сарвари давлат бори дигар ҷаҳониёнро ба ҳайрат овард, дар ҳоле ки аксарияти абарқудратҳо фаъолияти Толибонро* эътироф  кардаанд.

Дар мавриди он ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорон ҳазор лашкарони Толиб* ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омадаанд, дурӯғи маҳз аст.   Мояи ифтихор ва саодат аст, ки барои ҳар як шаҳрванди бо нагу ори кишвар  фардои Ватан, сулҳу ваҳдат, ободиву осоиштагии мардум бефарқ нест, балки пайваста кӯшиш мекунанд, Ватани хешро дӯст медоранд ва дар оянда ҳам мехоҳанд, ки нафъи худро ба мардум расонанд. Тарбияи худшиносии миллӣ – ин ташаккули тафаккури миллии шаҳрванд мебошад, ки он ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, пайвастани таърихи гузашта ба воқеияти имрўзаи миллат, аз нав эҳё намудани урфу одат ва анъаноти арзишманди миллӣ, дар заминаи хусусиятҳои миллӣ ривоҷ додани забон, илм ва фарханги миллӣ ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро мегирад.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд