Дар шароити имрӯза ҷаҳонишавӣ  имконияти бузурги пешрафт ва дар айни замон таҳдидҳои ҷиддӣ  ва ҷадидро ба ҳаёти инсоният ворид сохта истодааст. Давлатҳои абарқудрат ба хотири манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ давлатҳои аз лиҳози сиёси сустарро майдони ҳарбу зарб табдил дода, бар замми даромадҳои азими иқтисодӣ аз ҳисоби нафту газ ҳамчунин яроқу силоҳу худро ба таъбири халқӣ «ба пул зада истодаанд».

Набардҳое, ки имрӯз дар мамлакатҳои Сурия, Фаластин, Украина доир шуда истода шаҳодати гуфтаҳои болоиянд. Касе ҳақ будани худро исбот карда наметавонад. Аз як сӯ аҳолии осоишта аз ин ҷанги бемаънӣ хисроти калони моддиву маънавӣ мебинанд. Аз сӯи дигар ҷони ҳазорон-ҳазор размандагон, ки худ намедонанд бо кадом мақсад вориди ҷанг шудаанд,  қурбони ин фирефтаю дасисаҳо гардида истодаанд. Барои инсоне, ки ақлу шуур дорад ин нобасомониҳо бояд дарси ибрат шавад. Ҳамонгуна, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ин росто қайд карда буданд : «..Ҷаҳонишавӣ  чун дар ҳама ҷо барои асолат  ва ҳуввияти миллӣ, арзишҳои волои ахлоқиву маънавӣ, симо ва сирати миллии мо хатари ҷиддӣ  эҷод намуд. Ба ин сабаб талоши мунтазам ва қотеонаи мо барои ҳифзи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти дохилӣ  ва хориҷии давлати ҷавони Тоҷикистонро ташкил дод ва силсилаи чораҳои доманадорро тақозо  намуд».

Ба ҷузъ он ки имрӯз аслиҳаи асосии абарқудратҳо ташкили ғояҳои носоз дар зеҳну шуури ҷавонони навроҳи зиндагист, ҳамзабон ин гурӯҳҳо бо истифода аз дину эҳсос  ва мазҳаб мехоҳанд дар симои мусулмон мусулмони дигарро душман созанд.

Умуман чун нек назар созем дар саргаҳи сиёсати носози ҷаҳонӣ нафароне меиставнд, ки заифии қавму миллатҳоро ба хуюӣ андӯхтаанд. Медонанд, ки мардуми дини мубини исломро парастиш мекардаро танҳо бо иродаи шахсӣ ва эҳсоси худи онҳо иетавон шикат дод. Маҳз мазҳаб, фирқа, равияҳо ва ҷунбишҳои гуногун ба хотири саркӯб кардани аҳли мусулмон гардида истодааст. Яъне аз номи ислом бар зидди ислом. Ин сиёсати ҷангҷӯёна. Низоъбарангез, кинаву кудурати  байни бародарҳо гардида истодааст.

 Мардуми тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат ин гуна амалу кирдорҳои зиддинсониро ҳаргиз қабул намедорад, балки барои решакан кардани амалҳои ношоиста талош меварзад.

 Таърихи талхи начандон дури Ватанамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори «исломиёни бунёдгаро» ва «хоҷагони» онҳо дуруст хулоса намоем. Пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъона аст. Бояд дар мактабу коргоҳҳо ва оила моҳияти аслии мухолифони заифи мо, чеҳраи манфури иҷрокунандаҳои ин амалҳоро ба аҳли ҷомеа нишон диҳем. Он гоҳ мо қарзи худро дар назди Ватан адо ҳоҳем кард.

 

Абдусабур Абдуваҳҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд