Аз таърихи таҷрибаи якчандҳазорсолаи миллати куҳанбунёди тоҷикон борҳо огаҳӣ пайдо кардан мумкин аст,ки дар ҳар  пайраҳаҳои зиндагӣ милати тоҷикро хатари парокандашавию нобудӣ, ҳуҷуми аҷнабиён, бегонапарастон доим домангир буд. Миллати тоҷик бо хиради баланду созандадори хеш, бо фарзандони далеру қаҳрамонони шуҷои хеш ва сарвари созандаву бунёдкор тавонистаанд, худу ҳувияти миллии худро ба ҳодисаҳои ҳассосу ҷонгудоз, ба ҷангу ҷадалҳои дохилӣ, ба ҷанги бародаркуш нигоҳ накарда, эҳтиёт ва дифоъ кунанд,ки ин воқеан ногуфтанист. Чӣ қадар фарзандони фарзонаи миллати мо дар замони муосир ҳам, хоки Ватанро чун гавҳари ноёб, чизи гаронбаҳо меҳисобанд, ки дар роҳи  расидан ба истиқлолият ва озодӣ, мустақилӣ чӣ ҷоннисориҳое карда буданд. Лек имрӯз низ шахсон ва гурӯҳҳои ифратгароне ёфт мешаванд, ки дар тӯли чанд даҳҳсолаҳо низ қадру манзалати ин дастоварди бузурги таърихиро намедонанд, манфиатҳои Ватанро зери по карда, ҷони худ, оилаи худ ва инчунин миллионҳо ҳамватанони худро  баҳри манфиати дурӯзинаи худ, зери хатар мегузоранд. Дар бораи қатлу куштори афсарони бегуноҳи миллат ва ғоратгариҳои намояндагону масъулони ТТЭ ҲНИ чӣ қадар гӯем ва нависем ҳам боз кам аст. Он  бадбахтию бенизомиҳое, ки ин гурӯҳи девонасиришту ноқисулақл, гурӯҳе, ки на Модар –Ватанро медонаду на хоки меҳанро ситоиш мекунад,ҳеҷ гоҳ миллати тоҷик фаромӯш нахоҳад кард. Ин гурӯҳи ифротгароӣ бо ҳадафи барбод сохтани фарҳанги ҳазорсолаи миллати мо, меҳанти баранҷкашидаи ниёгони мо, мехоҳанд теша ба решаи миллат зананд, ҳол онки худ зодагони ин Ватан ҳастанд, хуни тоҷик доранд. Хусусиятҳои асосие, ки ин гуруҳҳои ифротӣ доранд ин даҳшатафканию ваҳшатгарои дар байни мардуми сулҳхоҳу сулҳҷӯ буда, бо вуҷуди он мардуми хоксору бегуноҳҳро дар корҳои номатлуб ҷалб карда, гумроҳ менамоянд. Онҳо худро намояндагони демократия, озодхоҳ дар байни мардум муаррифӣ карда, худ ба муқобили давлату миллат баромадҳо мекунанд, барои соҳиби намудани давлату сарват фақат ба манофеи сирф гурӯҳии худ талош варзида, манфиати оммаро поймол кардаанд.

Намояндагони наҳзатӣ бо вуҷуди талаву тороҷ, бепадару бемодар, бехонаву дар ва бенавою беватан кардани шаҳрвандони сулҳхоҳ, бо сӯиистифода аз бовариҳои мазҳабии пайравони худ барои вусъат наёфтани амнияту суботи кишвар роҳу усулҳои гуногунро пеша кардаанд. Пеш аз ҳама, дар зери тири нишони онҳо озодандешону равшанфикрон, сипоҳиён ва ашхосе мебошанд, ки барои ҳифзи манфиату арзишҳои миллию меҳанӣ камари ҳиммат бастаанд, қарор доштанду доранд. Бо баробари куштори намояндагони аҳли зиё, террористони наҳзатӣ ба қатли бераҳмонаю ваҳшиёнаи афсарони мақомоти низомии мухталифи кишвар даст задаанд. Барои ин шахсони сустирода ва камақл гаронтарин муқаддасоте чун Ватан, амният, Ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ ҳеҷ заррае қимате надоранд. Ҳол он, ки ин арзишҳои миллӣ барои ҳар як аъзои ҷамъият аз ҳама авлотару афзалтар бояд бошанд. Ояндаи давлату миллати азизи хешро бе наҳзатиён мебинем!

Дилафрӯзхон Саидхоҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд