Бо мақсади эҳё намудани анъана ва расму оинҳои миллӣ, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, санҷидан ва сайқал додани малакаи ҳаётии онҳо бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд озмуни “Дастони моҳир” эълон гардида буд.

Дар хобгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонони бомаҳорат озмуни “Дастони моҳир” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи вилояти Суғд баргузор гардид.

Шартҳои озмун барои духтарон ва писарон муайян карда шуда, иштирокчиён аз рӯи он қувваозмоӣ намуданд. Барои донишҷӯдухтарон чунин шартҳо пешниҳод гардид:

  • дар бар намудани либоси мувофиқ барои пухтупаз;
  • тайёр намудани хамираи самбӯса (аз гӯшт);
  • моҳирона бастани самбӯсаҳои миллӣ;
  • пухтан ва пешниҳоди самбӯсаҳо.

Барои донишҷӯписарон шартҳои зерин муайян гардид:

  • дар бар доштани сару либоси мувофиқ барои ошхона;
  • тарзи дуруст реза кардани сабзӣ;
  • тоза кардани себ аз пӯст;
  • оростани дастурхон (бо сачоқ ё сақоқи қоғазин, табақчаҳо, қошуқ, панҷшоха, зарфи шишагин).

Ҳамаи иштирокчиёни озмун маҳорати баланди худро нишон дода, аз уҳдаи иҷрои шартҳо ба хубӣ баромаданд.

Аъзоёни ҳакамон  ба лаёқати пухтупазии иштирокдорон баҳои баланд доданд.

Ҳамин тавр, донишҷӯи курси 1_50.01.02та Тошматова Эъзозхон аз ДПДТТ сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд. Донишҷӯи дигари донишкада Алимов Ҳасанхон, ихтисоси 1_43.01.03тБ низ дар озмун фаъолона иштирок намуда, сазовори сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ гардид.

Ҳамагон бо шавқи том озмунро тамошо намуда, ба ҳунармандии донишҷӯён баҳои арзанда доданд.