Ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил шуданду ба муқобили сохти конститутсионии кишварҳо меҷанганд, боиси доғдор намудани миллату кишвар дар арсаи байналмиллалӣ гардидаанд. Онҳо хоҳони нооромӣ ва нотинҷии кишвар буда, дар ҳамин замина мехоҳанд сулҳу суботро халалдор созанд. Мусулмонӣ на дар зоҳир, яъне худнамоӣ, балки дар дилу нияти тоза, андешаи солим, виҷдони пок ва оғози амале,  ки аз муҳаббат ва садоқат маншаъ мегирад, иборат аст. Ба ибораи халқ, забону дили инсон бояд як бошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари фаъолона ширкат варзиданаш дар иттиҳоди кишварҳое, ки бо терроризм мубориза мебаранд, ба он назар аст, ки талошҳо барои пойдории амният ва субот дар минтақа ва ҷаҳон муттаҳид карда шаванд.

Аммо баъзе аз кишварҳо бар хилофи ҳамгироиҳои байналмиллалӣ бо истифода аз сиёсати духӯра аз созмону ҳаракатҳое, ки террористӣ ва  экстремистӣ эълон шудаанд, пуштибонӣ намуда истодаанд. Ин шинохт мухолиф ба принсипҳои муборизаи якҷоя бар зидди терроризм мебошад. Чунончи, соли 2015 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон»-ро бо далелу аснод ташкилоти террористию экстремистӣ эълон намудааст, вале баъзе аз кишварҳои аврупоӣ то ҳол ба ин гурӯҳ шароити фаъолият фароҳам меоранд. Бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ва пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкории густурдаро бо созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем.

Ободии кишвар ва осудагии ҷомеа аз сулҳдӯстӣ, ёриву  бародарист, на аз хуруфотпарастиву таассуб. Падидаҳои номатлуб миллату давлатро на ба инкишофи устувор, балки ба таназзулу инҳисор мувоҷеҳ мегардонад. Агар дар давлате нобасомонию нооромӣ рух диҳад, боиси ташвиши дигар давлатҳо аст. Тоҷикистон, ки як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, муборизаро бар зидди ҳама даҳшатфиканиҳо пурзӯр менамояд.

Мо, ҷавонон дар ин самт мубориза бурда, ҳамагӣ амалҳои номатлуб маҳкум менамоем. Мо ҷавонон, сиёсати бунёдкоронаи кишварро сармашқи кори худ қарор дода, дар роҳи пешрафти кишвар саҳм хоҳем гузошт.

Исмоил Исмоилов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд