Яке аз масъалаҳои доғи рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ин терроризм, экстремизм ва падидаҳои ифротгароӣ ба ҳисоб мераванд ва маҳз онҳо сабабгори ҳама зуҳуротҳои нохуш ба монанди таҳдид, истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, сӯиқасд ба ҳаёти шахсиятҳои варзида, бенизомӣ, ғасби ҳокимият, барангехтани низоъҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошанд. Дар ин қатор яке аз ҳадафҳои асосии гурӯҳҳои ифротгароии террористӣ ва экстремистӣ ин барангехтани ҳисси нобоварӣ ба ҳукумат ва тафриқандозӣ миёни афроди миллат мебошад. Мақсад аз ба рӯи кор овардани чунин падидаҳои номатлуб ин паст задани нуфузу дастовардҳои аҳли ҷомеа буда, бо ин васила иҷрои нақшаҳои ғаразнок аз тарафи гурӯҳҳои ифротгароӣ мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки саркардагони падидаҳои номатлуб, гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳаргиз меҳнат ва эҷод намекунанд, балки онҳо бо тарафдорон ва ҳаммаслаконашон дар паноҳ ҷой гирифта, айбҷӯиву харобкорӣ ва нодуруст донистани фарҳангу эҷодиёти миллатро пешаи худ медонанд. Ин аст, ки дар зери таълимоташон, ки гӯё динӣ бошад ифротгароӣ ва таҳрибкориро ба роҳ мондаанд ва бештар ҷавононро, ки дар ҳаёт таҷрибаи кам доранд фирефтаи доми худ месозанд. Бо ин роҳ онҳо амалҳои номатлуби худро ба тавре қаҳрамонӣ ва фидокорӣ ҳисобида, ба мақсадҳои нопоки худ ноил шудан мехоҳанд.

Бояд қайд намоем, ки расидан ба қадри истиқлолияту давлатдории миллӣ, арзишҳои муқаддаси давлату давлатдориро пос доштан ҳам қарз ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедори ҷомеа ба худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбат ба мероси маънавию фарҳангии он шахсро ба бетарафию бегонапарастӣ ва қадрношиносӣ роҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ, нақши фарҳанг, таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба таърихи ниёгон бениҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввалан ва бештар арзишҳои фарҳангию маънавии миллатро фалаҷ месозанд ва баъдан байни ҳамагон ақидаҳои нобоварӣ ва зиддиятро ҷорӣ намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Чунин мешуморем, ки ба пайдоиш ва паҳн гардидани падидаҳои номатлуб сатҳи пасти зиндагӣ, воқиф будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва омилҳои худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас боис мегардад. Бинобар ин дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмиллалии сиёсию иқтисодӣ диққати асосиро ба сатҳи донишандӯзӣ, баланд намудани маърифати ҳуқуқӣ, ҳифзи симои миллию мазҳабӣ ва пос доштани арзишҳои маънавӣ аз тарафи ҷавонон равона намудан ба манфиати аҳли ҷомеа ва давлат мебошад.

 

Раҳмонқулова Л.З., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд