Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар Паёми хеш доир ба самтҳои муҳими рушди устувори иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маориф  чораҳои муассирро пешниҳод намуда, дар амалисозии он саъю кӯшишҳои боэътимодро талаб менамоянд. Дар ҳақиқат, маориф соҳаи афзалиятноки давлат ба ҳисоб меравад. Бинобар ин   ҳукумати кишвар ҳамвора ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот тамоми имкониятро истифода менамояд.

Дар Паём Сарвари кишвар таъкид сохтанд: «Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хидматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем». Ҳамчунин афзуданд, ки сатҳи касбияти омӯзгорон баланд бардошта шавад, сифати таълим низ боло меравад.Ҷавобан ба ғамхориҳо ва татбиқи Паёми Президенти кишвар донишкадаи мо ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, истифодаи васеи усулҳои инноватсионӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон тадбирҳои судмандро андешидааст ва мунтазам семинару конференсияҳо мегузаронад. Ҳар моҳ устодони пуртаҷриба дарсҳои кушод дода, малакаву маҳорати хешро тавсеа мебахшанд. Боварӣ дорем, ки минбаъд низ омӯзгорони донишкада сатҳи дарсгузариро боз ҳам рушд хоҳанд дод.

Президенти мамлакат ба ҳамаи масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯй оварда, барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмин намудан бо ҷойи корӣ   дастуру супоришҳо доданд ва ҳадафи чаҳоруми миллӣ саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод гардид. Донистани забони давлатӣ шаҳодати ҳувияти миллӣ, мутахассиси ҷонсӯзи кадри миллист. Бинобар ин ҳар як тоҷикистонӣ бояд забони модариашро хуб донад. Мо дар симои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ватандори асил, донанда ва муҳофизи матини забони тоҷикиро мебинем ва онро забони ширини шоирона номиданд,  ки ҳақ асту рост. Мавсуф таъкид доштанд, ки баробари ин ҷавонон бояд забонҳои русӣ ва англисиро хуб омӯзанд ва ба Академияи илмҳо супориш дода шуд, ки  дар нимсолаи аввали соли 2019 барномаи такмили таълими забонҳои русӣ ва англисиро барои давраи то соли 2030 таҳия ва пешниҳод намояд. Зеро бе донистани забони хориҷӣ аз худ кардани техника ва технологияи муосир ғайриимкон аст.

Имрӯз ҳар яки мо ба қадри истиқлолияту зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро набояд аз даст диҳем  ва ҳаргиз фирефтаи ақидаҳои бебунёди ифротӣ нагардем. Чунонки дида истодаем дар ҷаҳони имрӯз, махсусан дар Шарқи Наздик амалҳои террористӣ ва экстремистӣ давом дорад ва бархе ҷавонони гумроҳ гирифтори ин ғаризаҳои   номатлуб гашта, ҳаёти худ ва дигаронро ба хатар мегузоранд. Бинобар ин моён – аҳли зиё  дар тарбияи насли наврас бояд аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, мутахассисони бомаърифату мусаллаҳ бо донишҳои сиёсиву кордонро тарбия намоем.

Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  аз Паёми  пешин то Паёми имрӯзин роҳҳои нави ҳалли масоили муҳим ва мубрами ҳаётро ба мо пешниҳод мекунанд ва мо вазифадорем, ки баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо кӯшиш намоем. Зеро мехоҳем Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ боз ҳам нуфуз ёбад ва ҳаргиз мабод ки ин озодӣ ва оромие, ки бо ҷонбозиҳо ба даст омадааст, халалдор шавад. 

Барои ба ҳадафҳои неки худ даррасидан бояд муттаҳид гардем, дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳиссагузор бошем.

 

                  Нозирова Мунаввара, 

 устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд