Чанд рӯз қабл, Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.

Чун анъана, дар Паёми имсолаи хеш Сарвари давлат дар бораи раванди иҷрои Паёми қаблӣ ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои оянда, муфассал сухан ронданд.

Фарқияти Паёми имсола аз паёмҳои қаблӣ дар он буд, ки Пешвои миллат ҳангоми баромади кунунии хеш, раванди рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро дар зарфи 30-соли Истиқлолият мавриди таҳлили аниқ қарор дода, дар бораи мушкилотҳои сиёсии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, тадбирҳои андешидашуда баҳри бартараф намудани зарарҳои калони ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-ӯми асри гузашта, дастовардҳои назарраси рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар пас аз солҳои 2000-ӯм, алалхусус пешорӯи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овардани рақамҳои дақиқ ва далелҳои раднопазир, муфассал сухан ронданд.

Ҳақ бар ҷониби Президенти муҳтарами мо аст, ки Тоҷикистон алҳол дар шоҳроҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ қарор дораду кулли муаммоҳои  мавҷуда зина ба зина ҳалли худро ёфта истодаанд ва сокинони давлатамон шукр аз он доранд, ки дар фазои ороми сиёсӣ умр ба сар мебаранду сатҳу сифати зиндагиашон рӯз ба рӯз беҳтар шуда истодааст.

Зикри он, ки тавассути сиёсати дурбинонаи Роҳбари давлат ва дар натиҷаи пайгирона ба иҷро расонидани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар аксари соҳаҳо пешравиҳои назаррас ба амал омада, барномаҳои иҷтимоию тадбирҳои созандагӣ муваффақона амалӣ гардида истодааст, комилан дуруст буда, натиҷаҳои онро ҳар яки мо сол ба сол бо чашми хирад дида истодаем.

Агар ҳар фарди ҷомеа, бидуни ягон ғараз ва бо қалби софу имони комил рушди тамоми минтақаҳои давлатамонро дар солҳои охир таҳлил намояд, ба хулоса меояд, ки таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони биҳиштосои мо хеле ободу зебо гардида, пояҳои иқтисодии давлатдориамон сол ба сол мустаҳкам шуда истодааст ва заҳмати шабонарӯзии Сарвари кишварамону меҳнати содиқонаи мардуми тоҷик солҳои наздик ҳамаи моро ба қуллаҳои волои муродамон расонида, давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойи сазовори хешро аз ҷиҳати рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, ишғол хоҳад намуд.

Баҳри ҳарчи зудтар ноил шудан ба ин ҳадафҳои нек, ҳангоми ироаи Паём Сардори давлат таваҷҷуҳи масъулини тамоми мақомотҳои идоракунии давлатӣ, соҳибкорони ватанӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидориро ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои 5 соли оянда ҷалб намуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудию норасоиҳои ҷойдошта, дастуру супоришҳои дахлдорро доданд.

Аз ҷумла, Роҳбари давлат таъкид карданд, ки бо сабру таҳаммули хосаю дастгирии мардуми шарифи кишвар мо тавонистем давлати худро аз вартаи нобудшавӣ раҳоӣ дода, ба сатҳи имрӯзаи рушд расонем ва боварии комил дорам, ки тамоми сокинони мамлакат қодир ҳастанд ҷиҳати ҳалли муаммоҳои боқимонда муттаҳид шуда, содиқона заҳмат мекашанд, корҳои ободонию созандагиро дар тамоми манотиқи кишвар бомаром идома медиҳанд, ҳисси ватандӯстию хештаншиносии хешро боло бардошта, кишвари азизамонро ба як мулки ободу аз ҷиҳати сиёсӣ тинҷу ором  ва аз ҷиҳати иқтисодӣ – рушдкарда табдил дода, дар ин асос, ҳарчи зудтар ба ҳадафи олии Ҳукумат – таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат, ноил хоҳем шуд.

Бо ин мақсад, Пешвои миллат диққати ҳозиринро ба куллан тағйир додани сатҳу сифати донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимию донишгоҳҳои олӣ ҷалб карда, хеле бамаврид таъкид карданд, ки агар мо ба рушди илму маориф эътибори ҷиддӣ надиҳем, сатҳи дониши мутахассисонамонро ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нагардонем, ба ягон хел натиҷаҳои ниҳоии хуб ноил шуда наметавонем.

Дар ҳақиқат, протсессҳои ҷаҳонишавӣ ва ихтироъ гардидани технологияҳои муосир дар ҳама ҷабҳаҳо дониши мукаммали мутахассисону сармоягузориро ба рушди инсон талаб мекунад ва чуноне, ки Президенти кишвар бамаврид эрод гирифтанд, бо тарзу услуби кӯҳна, дониши ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ набуда, надонистани забонҳои хориҷию одоби муошират бо намояндагони дигар давлатҳои дуру наздик, мо наметавонем мамлакати худро дар арсаи байналмилалӣ нек муаррифӣ кунем.

Аз ин лиҳоз, талаботи Сардори давлат бобати андешидани тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати куллан тағйир додани фаъолияти муассисаҳои таълимию донишгоҳҳо, сармоягузориро ба рушди инсон вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи сатҳҳои ҳокимият шуморидану баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон баҳри омӯзиши на кам аз ду забони хориҷӣ (русию англисӣ) аз тарафи толибилмон, хеле бамавриду саривақтӣ мебошад.

Ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат, ки гуфтанд: «Бе рушди илму маориф ягон қадам ҳам пеш рафта наметавонем ва бунёди миллат аз маориф оғоз мегардад !».

Дар ин бора сухан ронда, пешниҳод мекардам, ки ҷавонони донишҷӯйро то ҳадди имкон ба кору чорабиниҳои ба машғулиятҳояшон халалрасон кам ҷалб намуда, дар қонунгузории кишвар, масъалаи ба таъхир гузоштани даъвати ҷавонони соҳибистеъдод (ки дар магистратура, аспирантураю докторантураҳо таҳсил доранд) ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, аз нав бозбинӣ карда шавад, зеро мо танҳо  бо ин роҳ метавонем сафи олимони ҷавонро зиёд карда, ба ҳадафи хеш ҷиҳати омодасозии мутахассисони соҳибтахассус ноил гардем.

Дар Паёми имсола, таваҷҷӯҳи хосаи Президент ба масъалаҳои тақвиятбахшии низоми бонкию таъсисдиҳии бонкҳои нав, ба таври электронӣ ва дар муддати то 24 соат сабтиномкунии соҳибкорон , ҷорӣ намудани низоми электронии пайгирии муроҷиати сармоягузорон дар доираи «Равзанаи ягона», тезонидани гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, таҳияи ҳамкории электронӣ бо сармоягузорон дар ҳамаи сатҳҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, гуногунсамтии истеҳсолоти саноатию рушди иқтисоди сабз, равона гардида буд ва таъмини иҷрои пурраю саривақтии ин дастурҳо, бешубҳа ба ҳарчи зудтар амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумат ва иҷрои босифати барномаҳои иқтисодию иҷтимоии давлатӣ, мусоидат хоҳад намуд.

Ҳангоми ироаи Паём, Сарвари давлат оиди пуштибонии бесобиқаи соҳибкорон аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат сухан ронда, таъкид карданд, ки ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар мамлакат бештар аз 110 имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешбинӣ гардидааст ва дар Кодекси нави андоз, ки аз 1-ӯми январи соли 2022 мавриди амал қарор дода мешавад, боз як қатор имтиёзҳои дигар низ ворид карда шудааст.

Бо назардошти он, ки дар барномаи пешазинтихоботии Президенти кишвар андешидани тадбирҳо бобати аз давлати аграрӣ ба мамлакати индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон зикр гардида буд, Пешвои миллат бо як иқдоми ояндасоз пешниҳод карданд, ки солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуда, дар ин замина бештар аз 500 ҳазор ҷойҳои иловагии кориро таъсис дода, ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ то ба 95 млрд сомонӣ расонида шавад.

Ин иқдоми нави Роҳбари давлат хеле саривақтӣ буда, амалигардонии ҳадафмандонаи он заминаҳои андозбандии Буҷети давлатиро устувор мегардонад ва дар ҳалли муаммоҳои мавҷудаи иҷтимоию тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ низ мавқеи муҳим мебозад.

Мо шоҳиди он будем, ки чанд сол қабл бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба мардум 75000 га замин ҷудо гардида, аз соли 2018 корхонаҳои паррандапарварӣ аз додани як қатор андозҳою пардохтҳои гумрукӣ озод карда шуда буданд.

Танҳо ин ташаббуси дурандешонаи Сарвари кишварамон боиси куллан афзоиш ёфтани маҳсулоти озуқаворӣ, таъсисёбии корхонаҳои зиёди паррандапарварӣ гардида, агар соли 1991 барои таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар  150 ҳазор тонна гӯшт ва 325 ҳазор тонна картошка ворид шуда бошад, алҳол, ин талаботи истеъмолкунандагон пурра бо маҳсулоти истеҳсоли худии кишвар қонеъ гардонида шуда, ҳоло сокинони мамлакат асосан бо гӯшти мурғу тухми истеҳсолкардаи корхонаҳои дохилӣ таъмин мебошанд, яъне воридоти ин маводҳои ғизоӣ низ аз хориҷи кишвар солҳои оянда ба пуррагӣ хотима хоҳад ёфт.

Иқдоми дигари Пешвои миллат оид ба аз тамоми андозу пардохтҳои гумрукӣ озод намудани воридоти технологияҳои муосиру каммасрафи бо қувваи барқ коркунанда, аз ҷумла, электромобилҳо, мошинаю троллейбусҳои барқӣ ва бо мақсади рушди соҳаи кирмакпарварию зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти  коргоҳҳои атласу адрас ва шоҳибофӣ, ба ин субъектҳои хоҷагидорӣ додани имтиёзҳои андозию гумрукӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба дастгирии соҳибкорон нигаронида шуда, бешубҳа ҷиҳати ҳарчи зудтар амалигардонии сиёсати имрӯзаи роҳбарияти олии мамлакат вобаста ба рушди босуръати саноату ба давлати индустриалӣ-аграрӣ табдилёбии кишварамон, мусоидат хоҳад намуд.

Дар ин радиф, таҳти назорати қатъӣ гирифтани иҷрои дастурҳои Сардори давлат бобати эътибори махсус додан ба коркарди маъдан, металлҳои қимматбаҳо, коркарди пурраю ба бозори ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои доруворӣ, ба кор даровардани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, рушди бонизоми саноати сабук ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ танҳо дар асоси таҳлилҳои дақиқи фаъолияти рақобатпазиру устувори онҳо ва ба истеҳсоли молу маводҳои содиротӣ нигаронидашуда, хеле муҳим буда, дар ин самтҳо масъулини мақомотҳои ваколатдор бояд ҷиддӣ муносибат намоянд.

Дар Паёми имсолаи хеш, Роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои ниҳоят муҳиму ояндасозро баҳри боз ҳам тақвиятбахшии корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 30-солагии баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI-ӯми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, изҳор доштанд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои додашуда якояки моро ба амалишавии ҳадафи олии Ҳукумат – ноил гардидан ба таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакт наздик намуда, обрӯю нуфузи давлати биҳиштосои моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд мебардорад.

Умед дорем, ки кулли мардуми бозаковат ва дорои хиради азалии тоҷик, алалхусус, тамоми шахсони ваколатдору соҳибмансаб ин гуфтаҳои Пешвои миллатро ба инобат гирифта, баҳри амалӣ гардонидани ҳар як нуқтаҳои созандаи Паём кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва саҳми арзандаи хешро нисбати ҳаллу фасли муаммоҳои мавҷудаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, боз ҳам ободу зебо намудани ватани аҷдодӣ, устувор гардонидани пояҳои давлатдорӣ ва куллан баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолию қатъиян риоя гардидани адолати иҷтимоӣ, мегузоранд.

Танҳо тавассути ваҳдати комили миллию масъулиятшиносии волои ҳар фарди кишвар бобати иҷрои рисолати таърихии хеш, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносию ватанпарастии наслҳои ҷавон, бо дасту қалби пок ва нияти соф ба иҷро расонидани ӯҳдадориҳои хизматии ҳар як шахси соҳибмансаб, мо метавонем ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида, давлатамонро боз ҳам ободу зебо ва аз ҷиҳати  рушди иқтисодию иҷтимоӣ пешрафта гардонида, тамоми муаммоҳои мавҷудаи зиндагиро бартараф намоем ва ба наслҳои оянда, як мулки ободро бо оромии сиёсиаш, ҳадя намоем.

 

 

                             “Меҳвари дониш”