Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаддасоти давлатии Тоҷикистон буда, рамзи Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри  соли 1992 дар қасри таърихии “Арбоб”аз ҷониби вакилони Маҷлиси Олии кишвар қабул карда шудааст.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ранг иборат буда, ҳар як ранг маънои худро дорад. Ранги сурх  мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодист. Ранги сафед – рамзи покӣ, бахту иқболи сафед ва ранги сабз ин сарсабзию хуррамии диёрамон маҳсуб меёбад. Расми тоҷ дар рӯйи парчам нишони тоҷдор будани халқи тоҷик аст.

Бахшида ба ин санаи таърихӣ санаи 22 ноябри соли равон дар факултети информатика ва энергетика, дар гурӯҳҳои 1.43.01.03тВ ва 3.40.01.02ра дарси тарбиявии кушод  таҳти роҳбарии устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, номзади илмҳои педагогӣ Темирова Хайриниссо дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар ин дарси тарбиявӣ намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Дадобоева М., муовини декани ФИЭ Нуриддинова З. иштирок намуда, ба сатҳи баргузории чорабинӣ баҳои баланд доданд.

Темирова Х. бо намоиши слайдҳо оид ба таърихи парчам, 24 ноябр – қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотҳои муфассал доданд.

Аз тарафи донишҷӯён шеърҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва Парчам ифоданок қироат карда шуд. Ҳамчунин, саволҳои сиёсӣ пешкаши донишҷӯён гардид, ки ба он ҷавобҳои хуб доданд.  Хеле бамаврид буд, ки дар ин рӯз ҳамаи донишҷӯёни гурӯҳ бо худ парчам оварда буданд ва он муҳити чорабиниро боз ҳам зеботар намуд. Ёдовар бояд шуд, ки чорабинии мазкур баҳри баланд бардоштани ҳисии ифтихори миллӣ, огоҳӣ ёфтан аз донишҳои сиёсӣ ва гирифтани пеши роҳи амалҳои номатлуб роҳандозӣ гардид.

Ҷавононро зарур аст, ки аз амалҳои наҷибу ҷавонмардонаи Пешвои миллат дар роҳи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ифтихор аз миллату давлат ва арзишҳои миллӣ доштанро омӯхта, онҳоро дар зиндагии ҳарӯзаи хеш истифода намоянд ва зери парчами парафшони Тоҷикистони азиз сарҷамъона саф кашанд.