Оромиву суботи ҷомеа, амният ва осудагии шаҳрвандон беҳтарин дастовардҳои  Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб ёфта пойдориаш ба ҳар як фарди бонангу ораш тавъам аст. Лек хело афсўсовар аст, вақте пайдо мешаванд шахсони алоҳидае, ки суботи  ҷомеаро бо амалҳои  худ  доғдор намуда,  оқибати аъмоли  касеву  худро  намеандешанд.

Мутаассифона,  дар тўли солҳову  қарнҳо зуҳуроти манфиатҷўи ва мансабталошии афроди  ҷоҳилу бехирад ва сангдилу  бераҳм, яъне ноҷавонмардонаю разилонаю ваҳшиёна куштани  одамону ғорату арзишҳои  илмию фарҳангии инсоният кам нагардида, баръакс шаклу намудҳои наву  разилонатаре  ба худ мегирад.

Дар давлатҳое, ки ҳизбу гурӯҳҳои исломӣ фаъолият мекунанд, гирдоби шадиди мухолифату парокандагӣ, адовату душманӣ вуҷуд дорад. Дар ҳоли ҳозир мухолифати байниҳамии равандҳои исломгаро зиёд шуда, эътироз бар зидди аъмоли ба амнияти ҳар миллату давлат таҳдиддошта рӯз ба рӯз афзун мегардад

Дар кишварҳои исломӣ ҷанг то ҳадде маскан карда, ки орзуву умеди халқро барбод дода, дар дили мардум яъсу ноумедӣ меорад. Ҷанг дар кишварҳои исломӣ то рафт зиёд шавад ҳам, ҳаракатҳои исломӣ байни худ муттаҳид нестанд, ҳамдигарро чашми дидан надоранд. Яке аз сабабҳои асосӣ дар он аст, ки гурӯҳҳову созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои исломӣ вазъиятро ноором мекунанд ва байни худ мухолифат доранд. Онҳо на барои пок нигоҳ доштани ислом, балки исломи покро танҳо барои мақсаду мароми худ истифода мебаранд ва аз ислом суистифода мекунанд.

Имрўз шукр аз он дорем, ки Ватани азизамон Тоҷикистон ободу зебо гардида, мардумаш хушу хуррам ва осуда зиндагӣ доранд. Бо иқдомҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат дар кишварамон як қатор иншооти стратегӣ, аз қабили шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳо, нерӯгоҳҳои барқии обии хурду миёна, қасрҳои фарҳангӣ, боғу гулгаштҳо таъмиру тармим гаштаву сохта ба истифода дода шуда, ба тамоми минтақаи  Тоҷикистони азиз ҳусни тоза зам намудааст.  Ин шаҳодати он аст, ки ватандӯстону хештаншиносон бо тамоми ҳастӣ барои ободии ин мамлакат талош доранд. Аммо бархе мухолифон миллати мо талош доранд, ки барои манфиати худу дигар носипосон ин дастовардҳоро тороҷ намоянд.

Таасуфовар он аст, ки имрӯз бархе аз ҷавонони моро бо роҳи фиреби иғво ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷои гаравида истодаанд ва афкори эшонро бо ҳар гуна беҳудагӯиҳо бо исми дини мубини Ислом вайрон намудаанд.  ҷавонони гумроҳшуда намедонад, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод ифтихори оила ва саодатмандии кишвар, баръаксии ин, яъне шахси ифротгаро доғи дили падару мадарон, дарди ҷомеа, омили низоъ ва фитнаҳои навбатӣ мебошанд.

  Мутаассифона, онҳо бо чунин ҳаракати бемаънояшон  қурбони бозингарони бузург ва душманони Тоҷикистон мегарданд. Сабаби дигари ҳамроҳшавии онҳо дар он аст, ки сатҳи пасти саводи динӣ доштан дар оила,  дар бисёр мавридҳо миёни оддитарин масъалаҳои байни хурофоту дин, ақидаҳои ботилу ҳақ фарқ гузошта надоштани ўнатавонистани онҳо мебошад.

Мо ҳамеша огоҳ бошем, ба ҷавонон ва шахсони гумроҳ таъкид намоем, ки ба хотири ваъдаи ночизи бегонагон амал карда, ҷони худу наздиконатонро ба гирдбоди ғаму андӯҳ напартоед ва дар байни халқ худро шарманда насозед.

Мавлуда Алиназарова,

муовини декани факултети муҳандисӣ- иқтисодии ДПДТТ

дар шаҳри Хуҷанд