Дар доираи эълоншавии Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ дар толори варзишии шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ оид ба гӯштини самбо байни наврасон ва дастпарварони солҳои таваллудашон 2001-2004 – и муассисаҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.  

Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати ҷавонони вилоят ташкил ва гузаронида шуд.

Донишҷӯи курси 1 – и ихтисоси 43.01.03тБ – и ДПДТТ ба номи академик М.Осимӣ Алимов Ҳасанҷон низ иштирокчии мусобиқа оид ба гӯштини самбо гардид. Ҳасанҷон бо маҳорати баланди касбӣ ҳарифро мағлуб намуда, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ба ғолибони мусобиқа диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Ба Алимов Ҳасанҷон низ дипломи дараҷаи 3, медали биринҷӣ ва тӯҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.

Аз номи кулли устодон ва донишҷӯён Алимов Ҳасанҷонро бо ғолибият табрик намуда, барои таҳсил муваффақият ва дар ҷодаи варзиш комёбӣ орзумандем.