Дар зиёд нигоштаҳои «қаламкашони ватандӯст»-и мо, ки «Payom.net», «Аkhbor.com», «Isloh.net»-ро минбари розу ниёзи худ медонанд, ибораи «фабрикаи ҷавоб»-ро  дучор мешавем. Онҳо бо навиштахои худ онро асос мекунанд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба ин ё он «мақолаҳои   баҳсбарангез»- и мухолифон аз ин «фабрикаи ҷавоб» ҷавоб мегиранд. Яъне, ин фабрика роҳбар дорад. Аммо саволи ман ба ин «рӯзноманигорон“ чунин аст: «Фабрикаи савол» роҳбар надорад? Посух ин аст, ки роҳбар ҳамон хоҷагони охундии эронӣ, ки ба қавли Бозор Собир ришак сабзонидаву  бар болои меҳробу минбар ҷилва мекунанду чун ба хилват мераванд он кори дигар мекунанд, мебошанд. Онҳо таввассути наҳзатиҳои манқуртшудаи худ идеяҳои нав ба нави худро пиёда карданӣ мешаванд.

Пешниҳоди манъи вуруди занони ҳиҷобпӯш бо корхонаҳо ба «нақшаҳои барбароси»-и мубаллиғони исломи фундаменталӣ зарбаи ҷонкоҳе зад. Зеро онҳо хуб медонистанд, ки яке аз аслиҳаи асосии ташвиқу тарғиби ғояҳои «исломдӯсти»-и онҳо ин либос ва риояи  оини он аст. Яъне, бо роҳи тарс мехостанд, ки мардумро ба доми худ кашанд. Яқинан наҳзатиҳо бояд  донанд, ки имонро бо зӯриву тарс дар вуҷуди инсон ворид карда намешавад. Ва бадбахтии наҳзатиҳо он аст, ки ба сафҳои худ исломпарастони асилро қабул накардаанд, балки аксаран аз рӯи таассуб ба ин ҳизб шомил шуданд.

Деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара яке аз марказҳои мубаллиғони наҳзатиҳо чанд сол пеш маҳсуб мешуд. Ва аксаран аъзои наҳзатиёне ки, ин ҷо сукунат доштанд, худ намедонистанд, ки аъзои ин ҳизбанд. Ҳатто аз моҳияту рисолати он огоҳӣ надоштанд.  Мубаллиғони наҳзатӣ он қадар ба зеҳну тафаккури мардум кора карда буданд, ки ҳар як мусулмони ҳақиқӣ бояд шомили ин ҳизб бошад.  Ҳамагӣ аз рӯи ҳавову ҳавас ва аз тарс  шомили ин ҳизб шуданд. Рӯйсаргириву сатрпӯшии бонувони мо низ маҳз аз рӯи таассубу ҳавас аст. Зеро зани сатрпӯш зуд тавваҷуҳи хосу ом мешавад.

«Ҳуқуқшинос»-и варзида Файзинисо Воҳидова дар мусоҳибааш дар сомонаи «Payom.net» овардааст, ки ҳатто замони шӯравӣ низ ба дин ин қадар ситезӣ намекарданд.  Ин фикри сабукбор ва андешаи носолими як зани аз пайроҳаи ҷодаи ҳуқуқ гузашта маро ба ҳайрат гузошт. Даврони шӯравӣ оё дар ягон минтақаи ин давлат равияҳои ифротӣ мавҷуд буданд, ё ки террорист – камикадзеҳо худро метарконданд, ё ба хотири «ҷиҳод» ҷавононро ба мулки бегона ба майдони корзори ҷанг таблиғ мекарданд? Он нафароне, ки ба дин бовар доштанд, оромона намозашонро ба ҷо меоварданд. Ягон хатар ба амнияти миллат мавҷуд набуд. Манъи ҳиҷобу рӯсарӣ танҳо ба хотири он аст, ки занони мо фарҳанги асили худро гум накунанд. Ин фикр ғалат аст, ки мо ҳиҷобро манъ кунему занонро ба либоси кӯтаҳу нимурён таблиғ кунем. Мо оину фарҳанги қадимаи худро дорем, ки сад солаҳо бобоёну модаркалонҳои мо онро ба ҷо меоранд. Либоси миллии мо адрасу атлас аст. Сониян бо либос андозагирӣ кардани одобу ахлоқи занон комилан хатост. Ба андешаи коршинос Абдуманон Шералиев марде, ки ҳамсараш ҳиҷобу рӯйсар надорад номардтарин инсон будааст. Зиёд мисолҳо дорем, ки  занони ҳиҷобӣ низ даст ба фоҳишагӣ мезананд. Сониян пизишкон исбот кардаанд, ки аксари матоҳои шакли ҳиҷобидошта аз синтетика иборат буда, барои солиму бадан хатар эҷод мекунад. Таърих гувоҳ аст, ки занони террорист зери либоси ҳиҷобии худ моддаҳои таркандаро  ҷо намуда ба ин ё он идора ва ҳатто масҷидҳо медароянд ва худро метарконанд.

Андешаи дигаре, ки чаро наҳзатиён мухолифи ин тарҳи қонунанд, ин аст, ки аксари соҳибкороне, ки ба фурӯши либосҳои ба истилоҳ динӣ машғуланд, ҳамфикр ва ё майли ба гурӯҳҳои наҳзатиён воридмешуда мебошанд. Дар сурати амалӣ шудани  ин қонун бизеси ин нафарон коста хоҳад шуд.

Манъи либоси ҳиҷобро бо ибораи зиддимардумӣ баҳогузорӣ кардан саҳви бузург аст. Зеро чун аз занон назарпурсӣ мекунӣ беибо мегӯянд мо зидди либоси ҳиҷобӣ ва рӯйсарӣ ҳастем. Мо либоси худро дорем. Сониян мантиқ ку? Дар кӯчаву хиёбонҳо занони ҳиҷобпӯшеро дидан мумкин, ки дар боло ҳиҷоб ва дар поён шим пӯшидаанд. Магар шимпӯшӣ низ ба меъёрҳои ахлоқии наҳзатиён зид нест?  

Сониян манъи либос ба ҳиҷрати иҷбории шаҳрвадони мо чи дахл дорад, дар сурате, ки аксаран оилаҳо аз кишварҳои исломӣ бинобар нақзи ҳуқуқҳояшон рӯ ба гурез оварда истодаанд.       

Файзинисо Воҳидова, чаро Эронро дар мусоҳибааш мисол овардааст. Мехоҳад, ки ҷомеаи мо мисли ҷомеаи Эрон  бошад. Ин ҳуқуқшинос, ки худро донандаи ҳамаи фанҳо меҳисобад, бехабар аз он ки ҳазорҳо шаҳрвандони Эронӣ аз давлатдории кунунӣ норозианд.    Ва ахиран бояд иқрор шуд, ки мо ба «диндорон» минбари васеъро додем. Ба хотири он ки дини мубини ислом саропо одоб аст ва бо ин васила мардумро ба таҳаммулпазирӣ даъват намоем. Ба  ин хотир масҷидро аз мактаб бештар сохтем. Ба ин хотир роҳи васеъ ба уламои дин додем. Китоби муқаддаси «Қуръон»-ро бо забони крилӣ баргарон намуда, мардумро ба роҳи рост ҳидоят намудем. Гиромидошти шахсияти маъруфи олами ислом Абӯҳанифаро бо ҳузури беҳтарин донандагони дини ислом таҷлил намудем.  Аммо кӯрдилон, носипосон ба ин имконияти давлат хоинона рафтор карданд. Масҷид ба ҷои ибодат минбари таълимоти экстремистиву террористӣ намудем. Мусулмонро ба тафриқа ҷудо намудем. Гуфтем, оне, ки риш дораду оилааш сатри аврат дорад мусулмони ҳақиқӣ, дигаре ки либоси тоҷикона пӯшид кофир.

Моро зарур аст, ки жарфтар андешем. Фарҳангу амнияти худро ҳифз намоем. Побанди андешаҳои бегонапарасти «дилсӯзони миллат « набошем.

Абдусабур Аблуваҳобов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд