Яке аз муаммоҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандони кишвари моро ба ташвиш овардааст, ин гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-ифротӣ ва гурӯҳҳои тундраву моҷароҷӯ мебошад.  Терроризм ва экстремизм зар замони муосир на танҳо ба як миллату давлат, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ дошта, боиси нооромиҳо ва даргириҳо дар гӯшаву канори олам гардидааст. Муборизаи ҳадафнок, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт, чораву тадбирҳои якҷояи давлатҳо ва созмонҳои байналмиллалиро тақозо менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмиллалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки санаи 4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, чунин таъкид намуданд: “таъмин намудани сулҳу субот ва амнияти пойдории кишварҳо аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ва шарти муҳимтарини роҳандозиву пешбурди равандҳои созанда ба хотири рушди устувор дар сатҳи байналмиллалӣ ва минтақавӣ ба ҳисоб меравад”.

Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар радифи яке аз кишварҳои фаъоли мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, хариду фурӯши аслиҳа, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти якҷояи давлатҳои гуногун қарор дорад.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида пояи ҳуқуқии сиёсати оштинопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбанд. Бо вуҷуди қабул ва мавриди амал қарор гирифтани санадҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки қонунҳоро нодида мегиранд, қонуншиканӣ мекунанд ва бо сабабҳои гумроҳшавӣ ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро шомил мешаванд. Бояд зикр намуд, ки дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм бештар зуҳуроти бо дин омехташуданро дорад ва динро ба манфиатҳои муғризонаи худ истифода мебарад.

Дар сайёраи мо ҳоло  беш аз 42 созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъолият менамоянд, ки 25 тои онҳо худро бо дин иртибот медиҳанд. Дар Тоҷикистон имрӯз фаъолияти 17 ҳизбу ҳаракатҳо ҳамчун созмони  террористию экстремистӣ эълон карда шуда, бо ҳалномаи Суди Олӣ фаъолияташон манъ карда шудааст, ки ҳамаи онҳо хусусияти динӣ доранд.

Таҷрибаи тафтишотиву судӣ шаҳодат медиҳад, ки аксарияти мубаллиғони ақидаҳои тундгаро ва шахсоне, ки ҷавононро бо истифода аз муқарраротҳои дини мубини ислом, сохтаву бофтаҳои худ ба ҷаҳолат, ифротгароӣ, якравӣ ва хушунату зӯроварӣ мебаранд, ҷонибдори ғояву андешаҳои бегона, иҷрокунандагони амру супориши хоҷагони хориҷӣ, таҳсилкардагони макотиби динии кишварҳои дигар мебошанд. 

Бо ташаббуси саривақтии Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти марбута аз 3800 нафар ҷавононе, ки ғайриқонунӣ дар донишгоҳҳои динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, 3400  нафарашон ба Ватан баргардонида шуданд, аммо 400 нафарашон то ҳол бо баҳонаҳои гунгун бар нагаштаанд.

Аз вилояти Суғд низ аз 715 нафар толибилмони макотиби динии хориҷӣ, 688 нафарашон баргардонида шуданд, як қисмати онҳо хулосаи зарурӣ набароварда, боз пинҳонӣ ба ҷои таҳсилашон рафтаанд ва имрӯз 27 нафар то ҳол дар хориҷи кишвар таҳсили динии ғайрирасмиро давом дода истодаанд. Ин ҳолат волидайн ва мақомоти масъулро водор месозад, ки барои баргардонидани нафарони боқимонда чораҳои зарурӣ андешанд. Муттаассифона ҷавонони дар мадрасаву муассисаҳои динии хориҷӣ ғайриқонунӣ таҳсилкунанда, аз ҷиҳати мавкуравӣ осебпазир буда, ғоя, мазҳаби бегонаро қабул мекунанд, баъзеи онҳоро хадамоти ҷосусии кишварҳои бегона ва созмонҳои террористӣ ба ҷониби худ моил мекунанд ва рафтору кирдори ин ашхос барои давлат ва ҷомеа  хавфу хатари бештар дорад.

Омили дигаре, ки имрӯз ҷавононро ба доми ифроту ҷаҳолат кашида истодааст ин ҷанги иттилоотӣ, пахши ғояҳои ифротгаро ва моҷароҷӯ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ мебошад. Мо бояд дар байни ҷавонон корҳои тарғиботиро оиди таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоиштаи  инсонҳо, дӯст доштани Ватан, башардӯстӣ, расидан ба қадру қиммати истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва бовар накардан ба ҳар гуна фиребу дасисаҳои душманони миллат тақвият бахшем ва бо далелу мисолҳои равшану возеҳ ба онҳо ин хатарҳо ва оқибатҳои вазнини онро фаҳмонем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки баъзе ҷавонон дар хориҷи кишвар ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ақидаҳои динӣ, рафтору кирдор, намуди зоҳирии  худро тағйир медиҳанд ва дар бисёр маврид гирифтори тақлиди кӯр кӯрона ва бешуурона мегарданд.

 Мутаассифона идеологҳо, сарпарастони созмонҳои террористиву экстремистӣ дар хориҷи кишвар баъзе ҷавонони бетаҷриба, ки дур аз Ватан, оила ва волидайн ҳастанд бо роҳи фиребу найранг ба доми худ мекашанд. Дар ин самт бояд падару модар ва хешу пайвандон хуб андеша намуда, аз ҷои буду бош, ҳолу аҳвол, ҳамкорон,  ҳамзистон ва рафтору кирдори фарзандонашон дар муҳоҷират бохабар бошанд ва нагузоранд, ки фарзандони онҳо ба доми шахсони фиребгару душманони миллати мо афтанд.

Имрӯз корҳои тарғиботию ташвиқотии ҳадафнок бо сӯҳбату мулоқотҳои таҳлилӣ барои ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа зарур аст. Дар вақти корҳои тарғиботӣ синну сол, маълумот, касбу ҳунар  бояд ҳатман ба инобат гирифта шавад. Ба хонандагони синфҳои поёнии мактаб рӯирост дар бораи терроризму экстремизм ва кирдору рафтори бераҳмонаи онҳо, намоиши филмҳо аз ҷиноятҳои нангину сангини содирнамудаи онҳо ба мақсад мувофиқ нест, чунки он ба руҳияи хурдсолон таъсири бад мерасонад. Аз ҷиҳати синну сол ноболиғон ин амалҳоро нодуруст қабул карданашон мумкин аст ва ин гуна намоишҳо ба ақлу шуури онҳо таъсири манфӣ расонида, онҳоро аз хурдӣ ба сангдилӣ, бераҳмӣ, бешавқатӣ одат мекунонад.

Гузаронидани корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ бо қишрҳои осебпазири аҳолӣ, махсусан оилаҳое, ки фарзандашон дар амалиётҳои ҷангӣ дар сафи силоҳбадастони ДИИШ иштирок кардаанд, ба ҷурми узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маҳкум карда шудаанд ё гумонбар дониста мешаванд ва дигар шахсони  бо онҳо иртиботдошта яке аз самтҳои муҳим дар ин соҳа ба ҳисоб меравад.

Тамоми кормандони мақомоти  давлатӣ, ки ҳамарӯза бо мардум сарукор доранд, бояд ба шаҳрвандон бо эҳтироми хоса, беғаразона, боадолатона, масъулиятшиносии том ва воқеъбинона муносибат намуда, барои ҳалли дуруст ва қонунии муаммоҳои пайдошуда чораҷӯӣ намоянд. Чунки норозигии шаҳрванд дар мавриди беэътиноӣ ба ҳаллу фасли муроҷиати ӯ, ба вуҷуд овардани монеаҳои сунъӣ, тамаъҷӯӣ аз ҷониби баъзе шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ шахсро ба ифроту қонуншиканӣ бурданаш аз эҳтимол дур нест. Аз кирдори нодуруст ва аз чорчӯбаи қонун ва ахлоқ баромадани як корманди мақомоти давлатӣ шаҳрванд на танҳо ба ин мансабдор, балки ба давлат, қонун, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нафрату хусумат пайдо карданаш мумкин аст.

Нафароне, ки барои узвият ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремисӣ маҳкумшудаанд, маънаван заифу осебпазир мебошанд ва дар ҳолати аз озодӣ маҳрум шуданашон низ пушаймон ва ислоҳ шуданашон душвор ва багумон аст. Дар ҳолати якҷоя бо дигар маҳкумшудагон нигоҳ доштани онҳо эҳтимолияти вайрон намудани мафкураи онҳо низ ҷой дорад. Бояд ин қабил шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, аз маҳкумшудагони дигар ҷудо нигоҳ дошта шуда, бо онҳо корҳои махсуси фаҳмондадиҳию тарғиботӣ бо ҷалби мутахассисони варзида - равоншиносон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, уламои дин ва шахсиятҳои рӯзгордидаву дар ҷомеа маъруф ва бонуфуз ба роҳ монда шавад.

Азимов Н.С., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд