Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои душвори ба сари халқу миллат омада, дар муқобили ҳама ҳадафҳои нопок чун як сипари боэътимод қарор гирифту халқро аз парешонию нобудӣ наҷот дода, атрофи худ сарҷамъ намуд. Ин шахсият барои ҳазорсолаҳои чун наҷотбахши миллат боқӣ мемонад.

Орифе мегӯяд, ки “Бо сулҳ имкон диҳед, подоши онро хоҳед дид”. Миллати тоҷик бо Пешвои худ ифтихор мекунад ва шукр мегӯяд, ки дар мамлакат сулҳу оромӣ ҳукмфармост. Дар ҳақиқат, сулҳ аст, ки имрӯз миллати мо ташаккулу такомул меёбад ва рӯз то рӯз шукуфонтар мегардад.

Раванди имрӯзаи ҷаҳонишавӣ собит сохта истодааст, ки аз мухолифат кишварҳои бузург пора мешаванд ва аз ваҳдат давлатҳои хурд ташаккул меёбанд. Дар ин раванд ватандӯстӣ, муҳаббат ба Пешво, ваҳдат ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ба идеяи миллии мо тадбил ёфта истодааст, ки аз он болотар дастоварде нест.

Барои ташаккули як миллат дар ҳама замонҳо ваҳдату худшиносӣ нақши калидӣ дошт. Силоҳ, қудрат ва тавоноиву сармоя ягон арзиш надорад, вақте дар ҷомеа худшиносиву ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҷойгоҳи худро надошта бошад. Миллатҳоро таърих месозад ва Эмомалӣ Раҳмон баъди истиқрори сулҳу субот дар кишвар ба ин масъалаи муҳим таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд. Гиромидошти арзишҳои таърихии давлати Сомониён алифбои худшиносии фарохи миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт. Таҳкими забону фарҳанги миллӣ як унсури муҳими давлатсозии миллии мо гашт. Пешвои муаззами миллат аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмиллалӣ ба забони ноби тоҷикӣ масъалаҳои муҳими минтақа ва ҷаҳонро матраҳ месозанд, ки гувоҳи яқини давлатдории миллии имрӯзаи мост.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд