Дар донишкадаи мо баҳри баландбардории сатҳи дониш ва маърифати донишҷӯён маҳфилҳои илмию адабӣ амал мекунанд, ки баъд аз машғулиятҳои асосӣ донишҷӯёнро ҷалб менамояд. Маҳфили “Хуш омадед ба Тоҷикистон” (“Welcome to Tajikistan”)-и забони хориҷӣ аз зумраи онҳост. Донишҷӯёни курси 1-уми гурӯҳи 50.01.02тБ низ аъзои маҳфили мазкур буда, бо  ҳамроҳии роҳбари маҳфил, номзади илмҳои филологӣ, омӯзгори калони кафедраи “Забони хориҷӣ” Ахмедова Н.К. аз таърихи халқи тоҷик бо забони англисӣ шиносоӣ пайдо намуда истодаанд.

Бо мақсади аз наздик шинос шудан бо ҳаёту фаъолияти қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров донишҷӯёни гурӯҳи 1_50.01.02тБ ба осорхонаи Бобоҷон Ғафуров, ки аз соли 1998 фаъолият дорад, ташриф оварданд. Корманди осорхона Қодирова Марҳабохон донишҷӯёнро роҳбаладӣ намуданд. Донишҷӯён бо шавқи том мусаввараҳо бо расми Бобоҷон Ғафуровро тамошо намуда, асарҳои устодро аз назар гузарониданд. Роҳбари осорхона, доктори илмҳои таърих, профессор Холҷӯраев Ҳабибулло Холҷӯраевич донишҷӯён ва устодро ҳамроҳӣ намуда, аз ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров нақлҳои ҷолиб намуд. Аз ҷумла, зикр кард, ки “Дарвоқеъ, месазад, ки имрӯз номи аллома Бобоҷон Ғафуровро бо ифтихор ба забон оварда, хизматҳои шоёнашро пеши назар орем. Зеро ин абармард ва олими бузург бо асари “Тоҷикон”-и худ халқи қадима, фарҳангдӯст ва бомаданият будани тоҷиконро исбот намуд.  Чунин фарзандони халқ бояд дар хотираи мардум ҳамеша пойдор бошанд. Мо набояд чунин ашхосро фаромӯш намоем. Пайваста кӯшиш намоем, то ба таърихи халқи худ назар афканда, аз гузаштаи худ бохабар бошем. ”

Донишҷӯён бо ҳамроҳи устоди худ Ахмедова Н.К аз ташриф ба осорхона як ҷаҳон маънӣ ва таассуроти нек бардошта, бо як ҷаҳон маънавиёти хуб баргаштанд.