Дар ҳақиқат ганҷи бебаҳост, ноёфт ва арзандаи обрӯву эътибори инсон аст. Шахсе, ки аз китоб баҳраманд гардидааст, дар ҳама ҷо сари баланд, забони гӯё ва бо некӣ ӯро ёд мекунанд. Китоб инсонро ба ҷаҳони маънавиёт ва андешаҳои дур мебарад. Аз симои шахси китобдӯсту китобхон нур меборад ва аз суханрониву андешабаёнкунӣ аён мегардад, ки саводи кофӣ дорад. Ба кадом масъалае, ки пурсон шавем бемалол баромад, фикрронӣ карда метавонад.

Дар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами давлат беҳуда дар бораи китоб чунин нагуфтаанд: “ Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрӯза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд”.

Чи хеле, ки ба ҳамагон аён аст, имрӯз каме мардум аз китобхонӣ дур гашта, рӯ ба интернет овардаанд. Ин ҳам хуб аст, лекин лаззати китоб хондан дигар аст. Аз давраҳои қадим ба сари болини кӯдак китоб мегузоштад, то ин ки оқилу доно ва хирадманд шавад. Нияти нек мекарданд, ки инсони бомаърифат камол ёбад ва китобдӯсту хушахлоқ ба воя расад. Ин ҳам як хосияти хубу анъанаи мардумӣ ба шумор меравад. Аз кадимулайём мардуми мо китобдӯст буданд ва фарзандонашонро ба китобхониву меҳр бастан ба китоб ҳидоят мекарданд.

Ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 сентябр ҳамчун Рӯзи китоб бо шукуҳ қайд карда мешавад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки то рафт ба китобхонаву китобдустӣ ва арҷгузори ба ин самт диққати аввалиндараҷа дода истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо бо дастгирии директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода дастрасӣ ба китоб дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудият надорад, танҳо ҳавас ва қобилияти китобхонии донишҷӯён зарур аст, ки мо сӯи китобхона раҳсипор шавему аз махзани бойи он истифода барем. Алҳол дар махзани китобхонаи донишкада 154 ҳазору 248 нусха китобҳои чопӣ ва  56 ҳазору 677 нусха китобҳои электронии ҳам бадеӣЮ ҳам илмӣ – таълимӣ ва  оммавӣ  маҳфузанд.

Наслҳои имрӯзаву ояндаро ба китобхониву китобдӯстӣ ва дар қалби онҳо ҷой намудан меҳри китобро бояд ҳар яки мо устодон рисолати худ донем.

М. Бобоева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд