Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз  суханрониҳои худ иброз доштанд, ки терроризму экстремизм чун вабои аср миллату ватан ва дину мазҳаб надоранд ва танҳо барои расидан ба ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ истифода мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати коҳиш додани унсурҳои ифротгароӣ дар ҷомеа аз тарафи Тоҷикистон ба имзо расидани ҳамаи ҳуҷҷатҳои марбут ба амалҳои зиддитеррористӣ, ки аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид таҳияву эълон шудаанд, далели воқеии муборизаи беамон бар зидди ифротгароӣ мебошад.

Барои мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқӣ дар ноябри соли 1999 парлумони кишвар қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм»-ро қабул кард. Бар замми ин  Барномаи махсус таҳия ва «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бо терроризм» қабул карда шудааст. Инчунин 30 марти соли 2006 Судии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилотҳои зиёди характери террористӣ ва экстремистӣ доштаро манъ кард.

Воқеан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла дар вилояти Суғд, яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам ва мушкилоти асосӣ, ки ба амнияти миллӣ хатари ҷиддӣ эҷод мекунад, ин идома ёфтани фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва терористӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ ба шумор рафта, раванди мазкур ба оромии вазъи ҷамъиятию сиёсӣ, пойдории сохти конститутсионӣ ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад. Имрўз ҷаҳонро мавҷи нооромиҳо, бесарусомониҳо ва буҳрони сиёсиву молиявӣ фаро гирифта, ба истиқлолият, якпорчагии давлатҳо ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ таҳдид ба миён овардааст. Хусусан, айни ҳол зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи ҳамлаҳои терористиву ифротгароӣ қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ, бешубҳа масъалаи таъмини баланди амнияти давлатӣ дар шароити имрӯза зарур аст.

Гузашта аз ин, ҳузури ҷавонони тоҷик, минҷумла сокинони вилояти Суғд дар ҷангҳои Сурия ва таълимоти онҳо дар урдугоҳҳои ғайриқонунии Покистону Афғонистон имрўзҳо ба  мавзўи доғи ҷомеа мубаддал гардида, мўъҷиби нигаронии мардум ва мақомоти давлатии кишвар шудааст. Ширкати ҷавонони тоҷик дар амалиётҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави террористӣ, ки таҳдиду хатаре ба амнияти кишвар, минтақа ва тамоми ҷаҳон дорад, аз мавзӯи меҳварии фаъолияти на танҳо ниҳодҳои интизомии кишвар, балки тамоми аъзоёни ҷомеаи мамлакат ба ҳисоб меравад. Тавре ки ҳаёти рўзмарраи ҷомеа собит месозад, имрӯз гурӯҳе аз ҷавонони ғофилу гумроҳ ва бехабар аз дину оини милливу мазҳабӣ, ки аз асолати дини мубини ислом ва мазҳаби ваҳдатгаройи ҳанафӣ огаҳӣ надоранд, ба доми тазвири мубаллиғони созмонҳои террористӣ афтода, бо сипар кардани номи ислом алайҳи бародарону хоҳарон ва ҳамватанону ҳаммазҳабони худ теғ мекашанд ва бо усулҳои даҳшатбори гушношунид инсонҳои бегуноҳро қатл мекунанд. Онҳо бо ин кирдори нангинашон,ки хилоф ба арзишҳои башардӯстонаи дини мубини ислом дорад, ифтихори ҷоҳилона карда, бо паҳн намудани навори «корномаҳояшон» исломро дар чашми аҳли башар ҳамчун дини зиддиинсонӣ ҷилва медиҳанд.

Ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба монанди «Салафия», Ҳаракати исломии Ўзбекистон, «Ансоруллоҳ», «Ҷундуллоҳ», Давлати бо ном исломӣ, «Ҳизбут-таҳрир» ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати Ислом аз қувваҳое маҳсуб мешаванд, ки барои гумроҳии аҳли ҷомеа, хосса ҷавонон пайваста фаъолияташонро густариш медиҳанд. Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни ифроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимотӣ ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд.

Ҳаводиси ахири Ҷумҳурии исломии Афғонистон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, кихолӣ мондан  фазои сиёсӣ, коҳиш ёфтани эътимоду боварии мардум ба давлату ҳукумат ба он оварда расонд, ки ҳукумат ба дасти Толибон афтод. Ва имрӯз ба ҷузъ аз чанд давлатҳо, минҷумла Тоҷикистон дигар давлатҳо, ҳатто абарқудратҳо бар зидди амалҳои ваҳшонаи Толибон садо баланд кунанд.  

Таҳлили маводи чопӣ ва электронии васоити ахбори оммаи кишвар нишон медиҳад, ки дар ин раванд дар баробари рўзноманигорону устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ фаъоланду халос. Агар дар канори онҳо ҳамчунин фаъолияти аҳли уламои Тоҷикистон, ҷомеашиносон ва намояндагони бонуфузи илмҳои ҷамъиятии мамлакат бо гузоришу мақолаҳои судманд аз тариқи минбарҳои баланд ва васоити ахбори омма вокуниш нишон дода, дар кори мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм пешоҳанг шаванд, пас мо метавонем дар маҳви ин хатари бамиёномада қадами устувор гузорем.

Имрўзҳо ҳарчанд дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва макотиби оливу мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии қаламрави вилояти Суғд бо ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисону коршиносон дар мавзуи хатари ҷараёнҳои ифротиву тундгаро сӯҳбату мулоқотҳо баргузор мегарданд, вале то кунун масъалаҳои марбут ба пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниву тундгаро, сабаб ва ҳолатҳои пайвастани иддае аз ҷавонони Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ  ҳанўз аз мавзӯъҳои доғи рўз боқӣ мемонад. Аз ин рў, минбаъд бояд дар чунин сўҳбату мулоқотҳо дар баробари кормандони ҳифзи ҳуқуқ бештар барқароркунандагони ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон баромад карда, бобати бадбахтиву харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон нақл кунанд. Чунки Тоҷикистон дар байни кишварҳои муштаракулманофеъ аввалин кишварест, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ гирифтори фитнаву найрангҳои ифортгароён гардида, оқибатҳои ҳузнангези ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавиро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Бинобар ин мо  шаҳрвандони кишвар, омӯзгорон, мураббиён ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро натанҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Имрӯзҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишвари азизамон – Тоҷикистон бо авҷ ба самти пеш рафта истодааст. Мардуми сарбаланди диёрамон барои боз ҳа ободтару зеботар гаштани Ватанамон заҳмат кашида, барои шукуфоии бештари сарзаминамон талош доранд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам таълошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд