Яке аз падидаҳои асосие, ки  ба ҷомеаҳои пас аз шуравӣ, алалхусус ҷомеаи Тоҷикистон таҳдиди рушди радикализм дар миёни ҷавонон мебошад. Мафҳуми радикализм дар адабиёти илмӣ ҳамчун истилоҳ арзёбӣ мегардад. Зери ин истилоҳ, таҳаммулнопазирӣ беэътирофии ҳақиқат фаҳмида мешавад. Гуфтан  ҷоиз аст, ки  радикализм дар ҷомеаи мо падидаи навзуҳур аст.

Калимаи радикализм аз калимаи лотинии “ radix “ гирифта шуда, маънояш “ реша “ , “ бех “ мебошад. Радикализм ҳамчун истилоҳ, маҷмӯи андешаҳои ҳаракатҳои иҷтимои сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун сохтан, сарнагун намудани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад.Радикалҳо навигариҳо ва дигаргуниҳоро ворид намудан бо роҳи зӯри дуруст мешуморанд .

  Дар асри 20 радикализм ҳамчун пояи асосии идеологияи як қатор қувваҳои сиёсии чап ва рост гардид. Бо пешниҳоди ақидаҳои худ пайравони ин ҷараён низомҳои сиёсиро баён намуда ҳалли масъаларо барои барҳам додани онҳо диданд.

    Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон дар шароити муташанниҷ гардидани вазъи ҷаҳони муосир ва зуҳуроти тероризм ва экстртимизм пешниҳод гардид. Воқеан, рӯйдодҳое, ки дар ҷаҳон шуда истодаанд, дар Ховари Миёна, Африқои Шимолӣ ва чандин кишвархои Аврупо тероризм ва экстримизм хатари аввалиндараҷа  буда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш мондааст. Фаъолияти созмонхои террористӣ васеъ шуда, аз ҷумла дар давлати Афғонистон, вазъиятро боз ҳам мураккабтар кадааст.  Пешвои миллати тоҷикон оид ба вазъи геополитикии ҷаҳони муосир бо таваҷуҳу нигаронӣ сухан гуфта, ҳушдор дод,ки вазъияти баамаломада  дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад ба оромию осоиштагии ҳаёти мардуми мо ҳам таъсири манфӣ расонад.

 Экстремизм аз калимаи франсузии “ extremisme” ва лотинии “extrimus”гирифта шуда, маънояш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳаду андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест,ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ мебошад. Ин зуҳурот дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто соҳаи варзиш инъкос меёбад.

   Ифодаи ифротгароӣ хеле решадор, он ҳеҷ гоҳ  ҳудуд ё дину миллат надорад ва ҳудуди ягон мамлакатро эътирф намекунад. Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон чунин баён гардидааст:

    “ Ман чандин маротиба  аз минбарҳои Созмони милали муттаҳид ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист – ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

   Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандози шуда, аз ваҳшонияти асримиённагии террористӣ, пеш аз ҳама, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд”.

  Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  созмонҳои ғайрианъанавии динӣ - радикалӣ фаъолияти худро васеъ намуда, чун “ Ҳизб-ут-Таҳрир”, “ Ҳаракати исломии Туркистон”, “ таблиғи ҷамоат”, “салафия” ва ваҳҳобиён мебошанд. Ин созмонҳои динии ғайрианъанавӣ асосан махфианд, ва тарафдорони асосиашон ҷавонони аз  синни 17 – 35 фаъолият доранд.

  Бо қарори суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2001 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир қатъ гардидааст. Ғайри ин тасдиқ шудааст, ки ин созмон ба хонандагону донишҷуён, омузгорон ва халқи камбағал таъсуроти калон мерасонад. Боз бо қарарори  суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 декабри соли 2014   фаъолияти равиши созмони динии  “Салафия” экстремистӣ дониста шуд. Роҳбарияти Прокуратураи Генералии  Ҷумҳурӣ қайд мекунад, ки ҳиссаи калони шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муқобилият бо яроқу аслиҳа дар Сурия ва Ироқ дар гуруҳҳои “ Давлати исломӣ” , ки фаъолият доранд, пайравони “ Салафия “ мебошанд,ки мақсадашон даъват ба “ ҷиҳад” аст.

    Дар психологияи иҷтимоӣ фаҳмише вуҷуд дорад, “оинаҳои Овертон”. Мардум оид ба ин ё он воқеа ва далелҳо таҳкурсӣ доранд. Масалан  “экстремизм  - ин нодуруст” , “ машруботи спиртдор – зарарнок”, ва “ варзиш – ин саломатӣ” ба ҳисоб меравад. Вазифаи ғояи террористон ин фаҳмишро дигаргун сохтан аст, яъне вайрон намудани стереотип мебошад. Барои ҳамин бо ёрии интернет сайтҳо ва фазои хабарнигор видеоҳо, контентҳо масалан бо ДАИШ вобаста боргузорӣ мешаванд. Экстримистон мехоҳанд, ки онҳоро шунаванд ва натанҳо онҳоро ҳамчун муборизон зидди “кофирон” боз чун одамони  муқаррар  қабул кунанд.

     Вобаста ба ин бояд қайд кард, ки ислом метавонад мӯътадил буда ва метавонад ултрарадикалӣ шуда. Дар сатҳи дуввум вай метавонад  дар шакли экстримизм ва терроризм таҷассум гардад. Воқеан  аз ин се фаҳмиш ( экстремизм, терроризм ва радикализм) бисёртар мушкилтар ва ошуфта “экстремизм” мебошад. Дар адабиёти муосир ин фаҳмиш чун пайравӣ аз назари канорӣ дар сиёсат ва ақидаҳо фаҳмида мешавад.

Қайд кардан ҷоиз аст,ки радикализми исломӣ – ин категорияи умумии  ғояҳо ва амалиёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, кӯшиш ба тағйиротҳои асосӣ , бо роҳи ноустувории ҳолати ҷамъитӣ-сиёсӣ, дигаргунсозии сохти давлатдорӣ бо мақсади мафкураи вайрон дар асоси  истифодабарии берун аз меъёри ислом ва муҳим аз китоби-Қуръони Карими  мусалмонон.

      Бояд гуфт,ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта ба рӯйдодҳои фоҷиабори муқовимат ба экстримизм ва терроризм рӯ ба рӯ шуда, талафоти зиёди ҷонӣ дода буд.

      Имрӯз Тоҷикистон аъзои як қатор созмоҳои зидди-террористӣ ҳам мебошад. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввалини давлатдории навини худ ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунандаи дахлдор тағйироту иловаҳо ворид кард.

     Имрӯз воқеан терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Ногуфта намонад, ки 21 – 22 июли соли 2015 дар Душанбе Конференсияи байналмилалӣ зери унвони “Ислом зидди экстримизм ва терроризми динӣ” баргузор гардид, ки дар он бештар аз 15 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд.  Баргузории чунин як ҳамоиши бонуфуз дар Душанбе бо иқдоми  Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷумҳурии мо дар самти мубориза бар зидди экстримизм ва терроризм дар минтақа ва арсаи ҷаҳон бетафовут набуда, мавқеи ҷиддию устувор дорад. Ҳамин тавр, барои мубориза бурдан бо радикализм, экстримизм ва терроризм, бояд ҳар як шахс бомасъулият бошад, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири вабои аср  нигаҳ доранд.

 

     Атаева Т. Ҳ. омузгори кафедраи  забонҳои хориҷӣ