Мо насли ҷавони даврон, миллати худро дар фазои ободу озод ва шукуфон дидаем ва вазифадорем, ки онро дар шароити аз ин ҳам беҳтар ба наслҳои оянда мерос гузорем. Зеро Истиқлолият барои ҳар як фарди солимақлу равшанзамир, рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати бебаҳо, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона ва расидан ба ҳадафҳои асосии давлату миллат буда, он меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин кардааст.

Озодӣ дар фазои Истиқлолият буд, ки мо афкори озод ва муҳимтар аз ҳама зиндагии тинҷу осоиштаро паси сар менамоем. Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Имрӯз дар кишвари мо соҳаи матбуот хело рушд карда, вазифаи худро беш аз пештара самараноктар ба анҷом расонида истодааст. Албатта иттилоот ва ахборот яке аз самтҳои асосӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, он василаи паҳнкуннадаи ҳама гуна ахборотҳои ҷаддид миёни мардум аст. Аммо мутаасифона, бархе аз ин расонаҳо бино бар зиёдаравии беш аз «минбар»-и худ сӯиистифода карда, дар он ҳар гуна маводҳои таблищотии характери ифротгароиро расонаи мекунанд. Ва ба ин воситаи дар тафаакури ҷомеа ҳар гуна ақидаҳои ифротиро ҷо месозанд. Бояд зикр намуд, ки ин сомонаҳое, ки махсус фаъолият мебаранд, имрӯз бозичаи дасти «мансабдорон» - у наҳзатиён гаштааст. Зеро таҳти фишори онҳо ва бо «қувва»- и молии онҳо чунин як сомонаҳои ищвоангез фаъолият мекунанд. Албатта замоне Радиои «Озодӣ» низ ба минбари розу ниёзи ифротгарон мубаддал гашта буд. Вале имрӯз нафаре масъулиятшинос ва озодандешу равшанфикр Соҷида ва Ҷавод, ки барои нашру хабари бардурӯғи наҳзатиён муқобилият нишон медиҳанд. Ин корро пештар бояд роҳандозӣ мекард. Вале барои ҳаминаш ҳам бояд шукр кард, ки пайдо гашт диле, ки барои ҳақиқати ҳол месӯзад. Ва хабарҳои бардурӯщи наҳзатиҳо ва дигар мухолифони миллатро инкор мекунад. Манфиатҳои худхоҳонро пешпо зада, паи ҳақиқат меравад.

Ман ҳамчун як хонандаи Радиои Озодӣ иброз менамоям, ки вақтҳои охир расонаи мазкур хабарҳоеро пайгири менамояд, ки чеҳраи аслӣ ва ҳақиқати кишварро инъикос менамояд. Гарчанде, ки бархе манфиатҷӯён барои нафъи худ амал мекунанд бояд донанд, ки «Давидани гӯсола то коҳдон» гуфтаанд. Албатта рӯзе мерасад, ки ҳамин гуна банди гардани манфиатҷӯёнро сахттар мекашанд. Ҳамон вақт ҳақ ба ҳақдор мерасаду олам тинҷу ором мешавад.

Ба ин худхоҳону мансабдорони хориҷӣ гуфтаниам, к ибо буридани шохаи як ё ду равшанфикр решаи он хшк нахоҳад шуд. Зеро ҳамеша ҳақиқат бар ҷаҳолат щолиб меояд ва айнан ба мисоли ҳамин равшанфикрон аз решашон боқуваттар гардида, бар зидди афкороти пучи шумо зарба хоҳанд зад.

Маҳмудова Ф.М., устоди кафедраи нақлиёт ва идоракунии автомобилҳо