Таи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузорад.

     Бесабаб нест, ки имрӯз терроризм ва гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ боиси ташвишу нигарониҳои кишварҳои олам гардидааст. Коршиносон бар он назаранд, ки ба доми террористон бештар ҷавонони муҳоҷир ва ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Барои ҷалби ҷавонони минтақаҳои Осиёи Марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ василаи асосӣ мебошад.

      Мутаассифона аксари ҷавононе, ки бо гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки сатҳи саводи зарурӣ надоранд ва ин гурӯҳҳо бо истифода аз бесаводию тангназарӣ чунин ҷавононро ба доми худ кашида, боиси гумроҳии онон мегардад.

      Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид карданд, ки “Мо бояд ба ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд”.

       Ҷавонон дар замони муосир чун қувваи бузурги  пешбарандаи ҷамъият эътироф гаштаанд. Рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ягон  мамлакатро бе ширкату фаъолияти ҷавонон тасаввур кардан имкон надорад. Давлати Тоҷикистон баҳри тарбияи ҷавонон ҳарчи бештар имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии кишвар ва хориҷ таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ бошанд.

       Аз ин рӯ падару модаронро зарур аст, ки нисбати тақдири фарзандони худ бетафовут набошанд. Мутаассифона падару модароне ҳастанд, ки фарзандони ноболиғи худро бо роҳҳои ғайриқонунӣ  барои таҳсил ба хориҷи кишвар мефиристанд. Ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2 августи соли 2011 аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми аҳли ҷомеа – падару модарон, омӯзгорон ва дигар мақомоту муассисаҳои дахлдор дар тарбияи насли навраси ҷомеа масъулияти ҷиддиро эҳсос намуда, дар амалӣ гаштани  он саҳми назарраси худро гузоранд.

      Хулоса, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ масъалаи доғи рӯз аст. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки алайҳи ин амал муборизаи беамон барем, бетараф набошем ва кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар зиндагӣ бо роҳи дурусту мақсаднок амал кунанд.

Исфандиёр Рофиев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд