Боиси ифтихор аст, ки насли наврасу ҷавон бо маърифати арзишҳои волои инсонӣ, бо парҳез ва нафрат аз фасоди ифротгароёни террористӣ имрӯзҳо, чун ворису номбардори Алломаҳои безаволи миллат чун Исмоили Сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров, Айниву Сино ва дигар абармардони дар роҳи   ба озодӣ баровардани миллат ҷоннисорнамуда, дар партави дастуру ҳидояту раҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ояндаи дурахшон раҳнамун гашта, панди пирони хирадро шоҳшиори зиндагии худ қарор додаанд.  Бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ  маърифат намудаанд, ки ҳаёти осудаву ободи имрӯзаи мо натиҷаи ҷонбозиву фидокориҳои падарону бобоёни шарафмандамон дар набардҳои зиддифашистӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон мебошад.

Хушбахтона, имрӯз мо Пешвои маззаме дорем, ки тамоми ҳастияшро барои ин миллат бахшидаву борҳо дар ин пайроҳа кам монда буд, ҷон диҳад.

Вақте Равшани Темуриён ба сухан омада бо мусоҳиб сӯҳбат оростааст, ҳатман, ки зиёдарави намудааст ё худ чизеро надониста бо пайрави аз он наҳзатиҳои ҷангҷӯ сухан рондааст, ки «ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия баромад намуду сипас, музокираи Франкфурт фурӯ рехт». Равшани Темуриён агар суханони дар Иҷлосия гуфтаи Пешвои миллатро намедониста бошад, ман ба ӯ хотирнишон месозам, ки он гуфтаҳо тамоми мардуми тоҷикро ба ҳам овард. Он суханони аз дили Сарвари миллат баромада мардумро аз вартаи нобудшавӣ халос кард. Билохира бо он ки Пешвои миллат ба забон овард, ки «Ман ба Шумо сулҳ меоварам», қалби мардумони дар кулфату азоби ҷанги бародаркуш мондаро умеду шодии ҷадиде фаро расид. Ин буд суханони тақдирсозу ояндабинонаи Эмомали Раҳмон, ки дар Иҷлосия гуфта шудааст.

Гуфтаҳое, ки бобати сиёсати кунунии Тоҷкистон, ки Равшан онро «бо самимият, зодгоҳи азизам» унвон додааст ва баён доштааст. Ин танҳо нияти тафриқаандозист, зеро замоне миёнарави ҳукумати давлат ва намояндагони наҳзатиён, ки ин давлату ҳукуматро мақсади талаф додан доштанд, будааст. Инчунин кӯшидааст, ки байни ду ҷониб муросо андохта дар Франкфурт музокираи ҷонибҳоро ба роҳ мондаанд. Дид ки Эмомали Раҳмон худ дар кишвар фазои сулҳу субот ва ягонагиву ваҳдатро танинандоз сохт, ба фикри ман ин аз ҳиссиёти ҳасудхӯриаш шуд. Вагарна барои ду тақсим шудани обрӯю шарафаш миён мардуми тоҷик маълум, ки муғризона амал намудааст. 

Мутмаинам, ки маҳз аз ин гуна ҳаводису паёмадҳои ҷадиди тарафҳои мухолифин, ки бо ҳар роҳу равиш ақидаҳои мардумро вайрон месозанд. Ҷавонони моро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Ворисону меросбарони ниёгон бошанд, ҳисси баланди масъулиятро дар назди гиромидошти таърихи гузашта пос доранд. Ман мутмаинам, ки ҷавонони мо имкон пайдо мекунанд, ки самтҳои хоси шинохти арзишҳои миллии гузаштаро муқаррар намуда, сабақҳои шоиста ва пешбарандаро дар ҳаёти маънавӣ ва фикрии хеш дармеёбанд. Зеро корномаҳои Пешвои миллатамонро ба ҳар восита қадр намуда, онро гироми медоранд, ки ҳамаи ин корнамоиҳову қаҳрамониҳо ба меъёри маърифати арзишҳои фарҳангиву маънавии ниёгон аз нигоҳи аввал барои густариши фикрӣ, тарбияи маънавию ахлоқӣ ва таҳкими худогоҳиву худшиносии миллии ҷавон омили муассир ояд, аз дигар сӯ сабақбардорӣ аз зиндагии ибратбахши ниёгон насли нави имрӯзро ба сӯи ормонҳои олӣ ҳидоят намуда, шоистагии онро дар баробари ниёгони шӯҳратманди хеш ба субут мерасонад.

Р.Зокиров, устоди кафедраи дизайн ва меъмории ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд