Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ки аз таърих ва арзишҳои маънавии халқи худ огоҳ аст, аз рўзи аввали ба сари ҳокимият омаданаш дўстию рафоқат ва ваҳдатро асоси оромию осоиштагии ҷомеа меҳисобад.

Президенти  кишвар барои ба вуҷуд овардани фазои нави сиёсӣ, маънавию ахлоқиро дар ҷомеа пешниҳод намуд, ки он омили муҳимтарини тавлиди мафкураи ваҳдати миллӣ ба шумор мераванд.

Таърих исбот намудааст, ки яке аз омилҳои пешравии ҷомеа Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ пояи боэътимоди тавоноӣ ва шикастнопазирии давлат мебошад. Зеро, ба сулҳу ваҳдат асоси зиндагии хурамму ободи ҳар як сокинони ин сарзамини биҳишосост. Дар ҳамин радиф мо мардуми саодатманди диёр низ умед бар он мебандем, ки ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама ва нерӯҳои шикастнопазири давлатамон, баъдан тамоми мардуми кишвар бо ҳисси воло масъулияти хешро дар баробари миллати мақомотҳои давлатии Тоҷикистон ва насли ояндаи он эҳсос намоянд ва нагзоранд пояҳои давлатдории Тоҷикистон заиф шаванд.

Набояд фаромўш кард, ки дар Тоҷикистон барои ташаккули ваҳдати устувори миллӣ монеаҳои зиёде дар гузашта ҷой доштанд, ки он миллатро дар охир ба ҷанги бародаркуш оварда расонид. Айнан ба мисоли имрӯз, ки Равшани Темуриён аз миёнаравак будани хеш нашармида боз гуфта истодааст, ки агар ду ҷониб ба тафоҳум мерасиданд, пояҳои сулҳ  устувор мемонд. Вале инро Эмомалӣ Раҳмон барҳам дод, то музокироти сулҳ дар Франкфурд фурӯ резад.

Ин чи маънои сухан, ки Равшани Темуриён бо дилпури ба мусоҳиб баён доштаст. Магар чашмони Шумо ва пайравонатон нобиност?, ки ин сулҳу ваҳдате, ки монеахои пайдарпайи бо айби Шумобарин миёнаравакҳо рух дод, ҳамаи онро гузашта, имрӯзи дурахшонро насиб шуд. Дар қалбатон нур набуд, ки пайровони нафароне гаштед, ки ин Ватани азизу зодгоҳатонро ба харобазор табдил додани шуда буданд. Маълум, ки дар чашматон ҳам нур нест, ки ин зебоиро, ин сулҳу ваҳдати ҳақиқии бо заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаро надидааст.

Таъкид бар он дорам, ки Шумо «ҷаноби Темуриён равшанфикр» бояд якбор ба саодату шӯҳрати Тоҷикистон ва аз қаҳрамониҳову ҷоннисориҳои Эмомаӣ Раҳмон огаҳи пайдо созед, пас он вақт оил хоҳед гашт, ки нисфи умри Шумо дар Канада «ватани дуюматон» қариб, ки беҳуда сипарӣ гаштааст. Зеро ҳаёти хурраму обод, ҳаёти озод аст. Ҳар  як инсон шоиставу арзандаи ҳаёти озоду обод мебошад. Маълум, ки нисфи умри Шумо аз ин неъмат ва аз ин зиндагӣ дар фазои суҳу амонӣ бебаҳра мондааст.

Қайд кардан лозим аст, ки пешравиҳову тараққиёти зиёде дар соҳаҳои мухталифи давлат низ ба амал омаданд, ки онҳо самараи файзбори сулҳу ваҳдат мебошанд.

Ҳамчун  узви Созмони Милали Муттаҳид гардидани Тоҷикистон дар кори ҳалли проблемаҳои глобалии ҷаҳонӣ – терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигарҳо фаъолона фаъолият карда истодааст.

Боиси ифтихор аст, ки ваҳдат боиси боз ҳам тақвият ёфтани сиёсати байналхалқии Тоҷикистон ва устувор гардидани мавқеи кишварамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гардида истодааст.

Оре, ба шарофати Ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ дар кори бунёди  ҷомеаи демократӣ корҳои назаррас амалӣ гардонида шуданд.

Ин бори дигар гувоҳи он аст, ки щояд ваҳдату дӯстӣ барои халқи тоҷик дар кори бунёди ҷомеаи демократӣ ва баҳри расидан ба комёбиҳои нави хурсандибахш нерӯи тавонӣ пешбаранда гардидааст.

Хулоса Равшани Темуриён минбаъд бо дарки аниқ сухан ронед, зеро ин сӯҳбати Шумо чунон маъно дорад, ки сулҳу ваҳдати дар Иҷлосияи тақдирсоз ба даст омадаро нодида гирифта, идао доред, ки барпо гаштани музокираи сулҳу Франкфурт байни ду ҷониб сулҳи пойдорро ба бор меовард. Ман борҳо иброз доштам, ки ҳама мехоҳад дар фазои оромӣ зиндаги кунад, ки Пешвои миллат ин шароитро ба мардум муҳайё сохтааст, танҳо бо як ҷумла ба мардум сулҳу ваҳдатро тақдим намудааст. Шумо чӣ тавар чунин маъноро бардошт мекунед, ки ҳамкорӣ намудан бо ТЭТ, ки ҲНИ  низ чунин эътироф гаштааст, кишвар ба сулҳи ҳақиӣ расида метавонад.

Дар фарҷом бароятон гуфтаниам, ки дигар мардумони миллати бардошти аз даст додани азизтарин неъмат, истиқлолияту озодиро надоранд. Аз ин лиҳоз дуюмбора намегузоранд, ки пои нохалафе чаманистони Тоҷикстонро ба биёбон мубаддал созанд.

Муаттар Раҳматова,

номзади илмҳои филологӣ,

устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ