Тоҷикистон як мамлакати тинҷу осуда, рушдёбанда ва давлати навтаъсис дар таърихи навини дунё мебошад. Ин давлати ҷавонро баъзе аз нохалафон чашми дидан надоранд ва берун аз ватан истода худро ватандӯсту халқпараст, адолатпарвар намоиш медиҳанду хиёнат ба давлату миллат менамоянд. Аламовараш ҳамин аст, ки аксари ин душманон худ тоҷик буданду нону намаки Тоҷикистонро хӯрдаанд (Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони онҳо), вале ба ивази молу дунё роҳи хиёнатро пеша карданд. Онҳоро тоҷик гуфтан хатост! Замоне, ки худи онҳо соҳиби мансабу қудрат буданд, ба ҷузъ аз манфиатҳои шахсии худ ба халқ нафъе наоварданд. Акнун, ин нонкӯрон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ нисбати Ҳукумат ва сарвари давлати Тоҷикистон ҳар гуна маломатҳои бардурӯғро бор карда, дар байни халқи Тоҷикистон иғво андохтанӣ мешаванд. Пас саволе ба миён меояд, ки чаро онҳо ин гуна рафтор менамоянд? Посухи ин савол чунин аст:

- аввалан: Кабирӣ худ мансабпараст буд ва мехост ба сари қудрат ояд. Аз сабаби нопок будани нияташ ба сари қудрат омада натавонист ва дар дилаш ҳисси бадбинию кина пайдо шуд. Бинобар ин, номи роҳбариятро бо ҳар роҳ сиёҳ карданист;

- дуввум: Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҳасадкоранд, аз пешрафти Тоҷикистон ва сиёсати одилонаи Пешвои миллат ҳасад мебаранд;

- саввум: беҳуда намегӯянд, ки дузд барои ночориаш ё камбағалиаш дуздӣ намекунад, балки барои дузд буданаш дуздӣ мекунад. Кабирӣ ва тарафдоронаш хиёнат карданд, ки худ хиёнаткоранд.

- чаҳорум: хоинон барои иғвоангезӣ ва танқиди роҳбарияти Тоҷикистон аз хоҷагони хориҷиашон маблағ ба даст меоранд, то ки зиндагиашонро бо ин пулҳои ҳаром идома диҳанд ва аз гуруснагӣ дар кишварҳои бегона намиранд.

Хоинон, ҳамеша ҳаракат мекунанд, ки бо роҳи паст задани обрӯю эътибори роҳбарияти олии мамлаткат ба раванди идоракунии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонанд. Вале, ба мақсад нахоҳанд расид. Зеро, аллакай мардуми Тоҷикистон медонанд, ки Пешвои миллат барои халқи Тоҷикистон чӣ хизматзҳоеро карданд. Ҳатто, тамоми сиёсатмадорону мутахассисони олам ба сиёсати оқилонаю наҷибонаи Пешвои миллат қоил шуда, Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои тамоми тоҷикони ҷаҳон медонанд. Яке аз далели раднопазир он аст, ки чанд рӯз пеш Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ ва дар ҳузури сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд. Илова бар ин, он дастовардҳои азиме, ки Тоҷикистон дар давоми 30 соли Истиқлолият ба даст даровард, ки баъзе давлатҳои дунё давоми садсолаҳо ба он мушарраф нагаштаанд. Ин дастовардҳои беназир натиҷаи кӯшишу заҳматҳои бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат алалхусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди тоҷикро зарур аст, ки суханони иғвоангезон, ҳодиса ва воқеаҳоро бо ақли хирад баҳогузорӣ намуда, ҳамеша кореро анҷом диҳанд, ки ба манфиати ватани азизамон Тоҷикистон хизмат кунад.

Н. Норов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд