Дар ин рӯзҳои фараҳфизо, ки кишвари мо бо дастовардҳои азими меҳнатӣ солгарди навбатии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро таҷлил мекунад, месазад аз хизматҳои шоёни фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шавем. Бо ифтихори баланд иброз менамоям, ки Ҷаноби Олӣ дар давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро бунёд, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳону ҷаҳониён муаррифӣ ва,дар навбати худ,давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуданд, ки ин ҳама қудрату тавоноӣ аз ҷавонмардиву ҷасорат ва ваҳдатофарии ишон шаҳодат медиҳад.

Фаъолияти пурмаҳсулу пурмуҳтавои давлативу ҷамъиятии Пешвои муаззами миллат оинаест, ки дар он мавқеи миллати тоҷикро бо ҳама шаҳомат ва шуҳраташ сарфаҳм рафта, ба ин васила қадаме ба сӯйи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дили ибрат дурнамои кишварро муайян карда метавонем. 
Имрӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз шахсиятҳои барҷастаи сатҳи ҷаҳонии замони муосир маҳсуб мешаванд ва нақши ишон дар таъмини сулҳу субот, ободию осудагии кишвар ниҳоят бузург аст. Мардуми сарбаланду шарафманди тоҷик таҳти сарварии ишон симои Тоҷикистони азизу маҳбубро ба куллӣ дигар кард. Пешвои ғамхори мо имрӯз на танҳо барои ободиву осодагии Тоҷикистон, ҳамчунин барои таҳкими сулҳу ваҳдат дар Афғонистон ва саросари дунё пайваста мубориза мебаранд.

Ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвари азизамон - Тоҷикистони маҳбуб бо номи Пешвои миллат иртиботи қавӣ доранд.

 Ман ҳамчун насли ҷавони кишвар ҳидоятҳои наҷиб ва созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда, бо набзи ҳаёт ва асри нав ҳамқадам ва талаботи замонро пайваста эҳсос менамоям ва манфиату миллату амнияти давлати соҳибистиқлоли худро дар раванди пурталотуми бархӯрдҳои ҷаҳонӣ бо зиракии сиёсии хеш ҳимоя менамоям.

Дар ҳақиқат, ҳикматҳои шоёни Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф, тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватанпарастӣ, пос доштани муқаддасоту арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан ва миллати худ бебаҳост.
Андешаҳои созандаи Сарвари давлат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлати миллии тоҷикон буда, аз марҳилаҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонад.
Мо – устодони мактабҳои олии кишвар мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ интихоб намуда ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи тарбиятгару пешбаранда ҷомеаи навини Тоҷикистонро барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозем.

Хушбахтии мо -  устодон дар он аст, ки дар фазои сулҳу суботи комил, тараннуми якдиливу якпорчагии Ватани маҳбуб таҳкими давлатдории навини миллӣ ва марҳилаи рушди устувор ва босуботи ҷомеа насли наврасро тарбия намуда, баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Пешвои миллат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ тарбия менамоем.

Наргис Ҳомидова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд