Дар паёми навбати чунин қайд карда шуд: «Барои таъмин намудани рафтуомади мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳои бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуд».

Аз маълумоти овардашуда дида мешавад, ки роҳбарият ва шахсан Пешвои миллатамон, Эмомалӣ Раҳмон пешомади кори ояндаро хело хуб ҳис ва дарк мекунанд. Сохтани шоҳроҳи Қулма – Чаноқ, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳидӣ тартиб доданд ва тавассути он алоқаи мунтазамро бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани мамлакатамонро таъмин намуданд.

Бояд қайд кард, ки мамлакати мо ба океанҳо пайвастагӣ надошт, аммо ин роҳ метавонад мамлакатамонро ба онҳо пайваст намуда, кашонидани бор ва рафтуомадро тавассути баҳрҳову океанҳо таъмин намояд.

Вақте, ки заводи алюминии тоҷик ба кор шурӯ кард мегуфтанд, ки маҳсулоти хомро аз Гвинея меоранд, бо воситаи баҳру океанҳо ва хушкӣ ва аз баҳри Каспӣ гузаронида то Тоҷикистон - Регар меоранд. Ба назарам кушодашавии ин роҳ масофаро наздик карда бошад ва он каме бошад ҳам, ба арзиши аслии маҳсулот таъсир кунад. Ин тахмини ман. Агар ҳамин хел бошад ин хело хуб мешавад. 

Тавре мегӯянд роҳ пайвандгари дилҳо аст. Тавассути он инсонҳо ба ҳам вохӯрда, байни ҳам муошират мекунанд, тиҷоратро бунёд месозанд ва меҳрҳоро бо як ду рафтуо, пурқувват ва бардавом месозанд. Дар урфият мегӯянд: «Меҳр дар чашм аст». Дар ҳақиқат ҳол ҳамин тарз аст. Дар адабиёти ниёгон низ ин нуқтаро чунин талқин медиҳанд: «Агар ду бародар ҳамдигарро як сол набинанд онҳо бегонаанд». Пайванди дилҳо барпокунандаи муҳаббат, раҳму шавқат, бунёдкунандаи ғояҳои байналхалқӣ ин муошират мебошад. Аз ин сабаб барпокунандагони пайвандҳо низ шахсони савобҷӯ ва савобгиранда мебошанд. Роҳҳо сулҳу амонӣ, инкишоф ва меҳрро байни инсонҳо пайдо месозад. Роҳсозҳо савобгирандаанд, чунки аз роҳ дур сохтани монеъа, гирифта парофтани як сангчаи низ кори савоб аст. Роҳсозҳо дар як рӯз чандин монеъаҳоро аз роҳ дур месозанд ва барои озор надидани инсонҳо онро ҳамвор менамоянд. 

Бо сарварии Пешвоямон бунёд сохтани шоҳроҳҳо, ба ҳамлу нақли бемамониати молу маҳсулотро ва муоширати инсонҳо ба маънавиёт заминаи хуби иқтисодиро фароҳам овард.

 

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд