Мардуми сарбаланди тоҷик бо шукргузорӣ аз кишвари ободу озод ва сарвари бунёдкору созандаи хеш, ба имрӯзи мубораку фаромӯшнашаванда расид. Шукр, ки барои бахти мардуми тоҷик, Худованд  Эмомалии Раҳмонро фиристод то бо нури раҳмониаш зиндагии моро равшантару гуворотар созад. Фарзандаи фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз аввали ба сари қудрат омадани хеш мақсад дошт, ки кишварро ба Истиқлолияти энергетикӣ мерасонад.  Бо гузашти замонҳо миллати мо ба ин рӯзи фараҳбахшу фаромӯшнопазир мушараф гардид. Зеро маҳз дар таҷлили Рӯзи Президент, аввалин чархаи НБО – и Роғун ба фаъолият оғоз намуд ва ба хонадони тамоми мардуми шарифи тоҷик шодии беназирро танинандоз сохт.

Мутаасифона,  нафарони мухолифин, ки ин пешравиҳою саодати мардумро дидан намехоҳанд ва ба ин муваффақиятҳо бо суханони дурӯғини хеш зарба заданианд, хело бисёранд. Изҳоротеро, ки аз ҷониби яке аз намояндагони мухолифон нашр гардидааст, хондам ва аз ин ношукриҳои ӯ нафрат кардам, ки Пешвои муаззами мо барои миллати мо ин қадар фазои орму озодро фароҳам оварданд, зиндагии шоистаро муҳайё сохтанд, аз ҳама муҳимаш истиқлолиятро барпо намуданд. Пас имрӯз ҳамаи он корнамоиҳо шоистаи таҳсин ва арзандаи ҷашн нест магар.

Ин қадар Кабириро ситоиш карданро тавонистӣ, чаро дар суханат нагуфтӣ, ки агар дар шаш моҳ кори мешуданӣ бошад, ба ҳайси як Раиси азҳоб иқдом накарда,  он вақт ҳизб фаъолият дошт – ку? На ҳама вақт танҳо бо сухан гуфтан кор ҳалли худро меёбад, ба гуфтаҳои худ назар кун, ки бобати Кабирии хиёнаткор чи ситоише кардаӣ: «Агар рӯзноманигорон ва инсонҳое, ки онҷо ҳузур доштанд, ҳамин ҳодисаро пайгирӣ кунанд, воқеан таҳлили аҷибе дошт он замон раҳбари наҳзат. Ин ки баъдан Раҳмон бо ҷалби як ширкати итолиёвӣ, ки муомилоташ то ҳол шубҳабарангез аст, дар зарфи беш аз як сол чархаи аввали нерӯгоҳи Роғунро ба кор андохт, ин дар сурате буд, ки Кабирӣ тарҳи сохтмони сареъи онро панҷ сол пеш пешниҳод карда буд ва барномаи амалии онро ИНИТ рӯи даст дошт». Боре фикр кун танҳо дар даст доштани нақша, чиро иваз мекунад. Ин ки бо дастгирии кадом ширкат сохта ба истифода доданд, кори дахлкунандаи мо нест. Муҳим некӯаҳволии мардумро андешида барои ба ҳақиқат мубаддал кардани «афсона»-ҳои наҳзатиҳо бо роҳбарии Кабирӣ, Пешвои миллат талош карда,уваффақ низ шуданд. Дар кадом суханони барномаи пешазинтихоботии Кабирӣ, таҳлилоти аҷоибро дидӣ. Агар иштибоҳ накунам, ҳамон хаёлпардозиҳои наҳзат, ки ба боварии мардум дароман аст, бароят аҷоиб афтодааст. Дар ҳақиқат бо роҳи дурӯғу фитна сухан ронда, «нақшаи кори Роғунсозӣ дар,  ки дар шаш моҳ амалӣ мегардад, дар дастам аст» гуфтани Кабирӣ низ бениҳоят аҷоиботи «бузург» аст. Дар асл зӯри наҳзатиҳо танҳо аз як кунҷ истода, суханони фитнаангезу авомфиребона мерасаду халос. Дар амалкардҳо нишондоди сифрро пешниҳод мекунанд. Шояд муаллифи ин баёния низ инро донад ва барои «хотире» инҳоро сарфи назар карда, миллати моро аз худхоҳии беш мавриди танқиди беасос қарор медиҳад.

 «Афсонаи роғунсозӣ»-и гуфтаи туро,  Пешвои муаззами кишвар имрӯз ба ҳақиқат табдил дод. Ин амали мардонагие, ки Эмомалӣ Раҳмон иҷро кард, амали саҳл нест. Онҳое, ки гуфтанд танҳо дар сухан монд. Айнан ба мисоли Кабирӣ. Дар куҷои кори Эмомалӣ Раҳмон худнамоиро дидаӣ, ки ҷашн карду намоиш. Агар онҳое, ки гуфтанд, гуфтаҳояшон дар ҳамон ҷаласоти пешазинтихоботиву дигар монд. Вале Эмомалӣ Раҳмон бидуни худтаърифкуниву худситоӣ ин корро оғоз бахшидаву аввалин  чархи Роғунро ба истифода доданд. Имрӯз аз нури Роғун хонадони мо чароғону равшан ва зинадагониамон гармтару самимитар гашт.

Дар фарҷом гуфтанӣ ҳастам, ки иқдоми неки Пешвои миллат, мардуми саодатманди диёрро беш аз пеш  рӯҳбаланду хурсанд намуд ва умед бар он мебандам, ки минбаъд низ оғози кори Роғун ба зиндагии мардум фараҳу шоди хоҳад овард.

Насим Тошхӯҷаев,

устоди ДПДТТ,

 номзади илмҳои химия