Бо мақсади густариши робитаҳои корхонаву ташкилотҳо бо иқдоми Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷиикистон дар факултети муҳандисӣ- технологӣ мулоқоти судманд доир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони наздики 20 ташкилоту корхонаҳо ширкат варзиданд.

Директори донишкада, номзади илмҳои техникӣ Саидӣ Дилафрӯз Раббизода зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид дошт, ки донишкада ба хотири ҳар чи бештар фарогир шудани хатмкунандагон бо ҷойи кори мувофиқ чор сол пеш дар назди донишкада Маркази мартабаро таъсис дод. Бо таъсиси ин марказ робитаи корхонаҳою ташкилотҳо бо донишкада густариш ёфта, дар ярмаркаи «Интихоби мутахассисони арзанда», ки ду сол ин ҷониб баргузор мегардад, наздики 60 корхонаву ташкилотҳо иштирок намуда, зимни мулоқотҳо мутахассисонро ба кор ҷалб месозанд. Ин тадбир имкон дод, ки беҳтаринҳо соҳиби ҷойи кори мувофиқ гарданд.

 Вохӯрии имрӯза низ аз ҳамин иқдом сарчашма гирифта, қадаме бар пеш барои рушди ҳамкорӣ хоҳад буд. Зеро то ҷое иттилоъ дорам, имрӯз теъдоди корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна зиёд гардида, ба он мутахассисони касбӣ лозиманд. Зарур аст, ки дар ҳамкорӣ дар назди коргоҳҳо кафедраҳо таъсис диҳем, то таҷрибаомӯзон бевосита аз ҷараёни истеҳсолӣ ошноии наздик пайдо намоянд. Донишкада имкон дорад, кормандонеро, ки бевосита ба таҷрибаомӯзон роҳнамоӣ мекунад, тариқи шартнома маблағгузорӣ намояд. Ҳамкории муштарак имкон медиҳад, ки мо дар назди коргоҳҳо бо ҷалби мутахассисони ҷавон сехҳои хурди истеҳсолӣ таъсис намоем. Чун аксар соҳиби хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳастем, ба мутахассисони касбии соҳавӣ низ эҳтиёҷи бештар дорем.

 Мо минбаъд имкон дорем, ки вобаста ба талаботи бозори меҳнат мутахассисонро омода созем.  Барои донишандӯзӣ ва тақвияти маҳорату малакаи донишҷӯён дар донишкада шароит фароҳам буда, танҳо дар як соли охир  донишкада фаъолияти худро нисбати 2 гранти аврупоӣ аз рӯйи лоиҳаи “Таҳсилоти олӣ барои низоми озуқаворӣ ва стандартҳо дар Осиёи Марказӣ” – и барномаи Эрасмус+ - и Иттиҳоди Аврупо ва лоиҳаи барномаи “Таҳсилоти касбӣ дар Осиёи Марказӣ-III” (GIZ - Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ) бевосита оғоз карда, дар давоми як сол аллакай дар такмили ихтисоси кормандону омӯзгорон ва таҷҳизонии озмоишгоҳҳо ба дастовардҳои назаррас соҳиб шуд. Танҳо дар як соли охир аз ҳисоби лоиҳаҳо ба маблағи 1 миллиону 833 ҳазору 200 сомонӣ таҷҳизотҳо ворид карда шуданд.

Чанде аз роҳбарону ташкилотҳо барои тақвияти ҳамкорӣ таклифҳои судманд дода, аз ҷумла пешниҳод намуданд, ки минбаъд моҳе як маротиба ҷамъ шуда, нақшаҳои минбаъдаро тарҳ резӣ намоем.

Меҳмонон аз лабораториҳои муосири ташхиси маводҳои хӯрока, микробиология ва биохимия, технологияҳои коркард ва истеҳсоли маводҳои хӯрокаи донишкада дидан намуда, ба шароиту имконоти муассиса баҳои баланд доданд.