“Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад. Бе маориф ягон соҳа рушд намекунад. Бе маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем. Маориф пешрафти нерӯи инсонӣ ва Ватан мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Ин суханони Асосгузори сулњу вањдати миллӣ–Пешвои миллат воқеан ҳам дуруст мебошад, зеро қувваи зеҳнии насли Тоҷикистонро маорифи мамлакат рушд медиҳад ва ҳатто ояндаи давлат низ аз маорифчиён вобаста аст.

Мо огоҳ ҳастем, ки дар кишвар аз ҷониби Пешвои миллат бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ эълон шудааст. Чун омӯзгор ба андешаи он ҳастам, ки бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ мутахассисони соҳибтаҷрибаро ба воя расонида, заминаи мусоидро барои рушди ин соҳа фароҳам месозад.

Маорифи миллии мо дар даврони 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат зина ба зина пеш рафта, боиси муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ гардид. Бо талошҳои бевоситаи Пешвои хирадманд ва маорифпарварамон ҷавонони соҳибистеъдоди тоҷик дар озмунҳои сатҳи байналмилалӣ борҳо Парчами давлати азизамон Тоҷикистонро боло бардоштаанд. Ҳамчунин, муҳаққиқони мо рисолаҳои номзадии худро дар давлатҳои пешрафтаи Аврупо ҳимоя намуда, маорифи кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда истодаанд.

Миллати тоҷик аз қадим риёзидону олимони барҷастаи соҳаи физика, астрономия, тиб ва дигар улумро соҳиб буд, ки аз маҳсули кори олимони барҷастаи мо ҷаҳониён истифода мебаранд. Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ барои илми астрономия корҳои мондагорро анҷом додаанд, ки имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардааст. Мо бовар дорем, ки солҳои наздик донишмандони ҷавони соҳибистеъдодро дарёфт менамоем. Онҳо барои рушди илми кишвари азизамон таҳқиқоти ҷиддӣ ва муҳимро анҷом дода, хизматҳои шоён ба давлату миллати худ мекунанд.

Эълон гаштани бистсолаи омӯзиши фанҳои дақиқ дар соҳаи маорифи кишвар бесабаб нест. Зеро баробари дигар равияҳои илм илми риёзӣ, физика, астрономия низ бояд пеш бурда шавад. Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ кам гардид ва ин аз мадди назари Пешвои миллат дур намонд. Бо мақсади ҷалб ва таваҷҷуҳи насли ҷавон ва кашфи истеъдодҳои нав байни ҷавонон эълони омӯзиши бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ басо муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Муҳайё Тошхӯҷаева, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд