Дар паёми навбатии Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  оиди самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии  ҷумҳурӣ, ки санаи 28.12.2023   ба  аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони маҷлиси намояндагон ироа гардида буд, аҳамияти аввалииндараҷаро  дорост.

 Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  зикр намуданд, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.

Қайд карда шуд,  ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ карда шуд.

Дар даврони истиқлолият дастовардҳои муҳимтарини соҳаи энергетика мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якум ва дуюми НБО “Роғун”, нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” (670 МВт), “Сангтӯда-2” (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии Душанбе - 2 (100 МВт), НБО “Помир-1” ва як қатор нерӯгоҳҳои барқи обии хурд (30 МВт) бо иқтидори умумии  1020 МВт, сохтмони зеристгоҳҳои барқии 500 кВ “Душанбе-500”, “Суғд-500”, дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и “Норак”, хати интиқоли барқи 500 кВ “Ҷануб-Шимол” (ба масофаи 263,8 км),  зеристгоҳҳои барқии 220 кВ “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, хатҳои интиқоли барқи 220 кВ “Лолазор-Хатлон” (53,3 км) “Тоҷикистон-Афғонистон” (116 км), “Хуҷанд–Айнӣ” (83,2 км), “Қайроққум-Ашт” (74 км) ва “Геран-Румӣ” (78 км) ба масофаи умумии 407,5 км ба ҳисоб мераванд.

Сохта шудани хати интиқоли барқи 500 кВ “Ҷануб-Шимол” барои интиқоли барқ аз ҷануби Тоҷикистон (вилояти Хатлон) ба вилояти Суғд аҳамияти калони иқтисодиро дорост. Бояд қайд, кард ки дар вилояти Суғд танҳо НБО-и НБО Қайроққум бо тавоноии 126 ҳазор кВт мавҷуд аст, ки  дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо неруи барқ пурра таъмин карда наметавонист. Дар ин давра неруи барқ қисман аз давлати ҳамсоя Узбекистон харидорӣ карда мешуд ва баъзе корхонаҳои саноатӣ  аз ҳисоби энергияи дизелӣ фаъолият мекарданд. Баъди бунёд шудани хати интиқоли неруи барқи баландшиддати 500 кВ “Ҷануб-Шимол” имконият фароҳам овард, ки ба вилояти Суғд дар давоми сол неруи барқ бе монеа интиқол дода шавад. Ташкилёбии ин хати баландшиддат барои ташкил ёфтани    корхонаҳои саноатӣ  заминаи устувор гузошт.

Дар замони имруза миқдори умумии  корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ танҳо дар ҳудуди вилояти Суғд то ба 110 адад расидааст ва соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 26 млрд 51,9 млн сомонӣ баробар мебошад.

Ин ҳама пешравию  ободкорӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, саноатикунонии босуръати кишвар расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар  аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  гувоҳӣ  медиҳад.

Кудузова М.А., ассистенти кафедраи математикаи олӣ  ва физика