Татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар маҳз ба фанҳои табиию риёзӣ вобаста аст. Бинобар ин, зарур аст, ки ба омӯзиши илмҳои дақиқ шавқу рағбати насли наврасро аз зинаи таҳсилоти томактабӣ оғоз намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат (26.12.2019) таъкид доштанд: «Назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд».

Тараққии босуръати технологияи муосир маҳз аз пешрафти илмҳои дақиқ дар арсаи ҷаҳонӣ далолат мекунад. Бо ин сабаб, соли сипаришуда бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шуд, ки ин иқдом барои дарёфти лаёқатмандону ихтирокорони ҷавон мусоидат намуд. Дар соли ҷорӣ даври якуми ин озмун дар факултаҳои Донишкада аз фанҳои дақиқ гузаронида шуд. Дар он донишҷӯёни факултаҳо дониши хубро аз ин фанҳо нишон доданд. Аз тарафи ҳакамон ғолибони озмун муайян карда шуда, ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки донишҷӯён барои азхуд намудани фанҳои дақиқ шавқу рағбати калон доранд.

Қайд кардан зарур аст, ки барои бедор кардани шавқу рағбати донишҷӯён барои азхуд кардани фанҳои дақиқ роли гузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ ва маҳфилҳо хеле калон аст. Зимни тайёрӣ ба озмунҳои фаннӣ, ба мавзуъҳои дарсӣ маҳдуд нашуда, пеш аз ҳама, адабиёти илмӣ ва методиро дастрас намуда, барои мустақилона машғул шудани донишҷӯён пешниҳод кардан ба мақсад мувофиқ мебошад. Ин усули омодагӣ имконият медиҳад, ки қобилияти донишҷӯёнро самаранок фаъол намуд. Барои тайёр намудани донишҷӯён ба озмунҳои фаннӣ сарфи назар аз қобилияти донишҷӯ ба математика шавқманд, ҳамзамон, ташкил ва гузаронидани маҳфилҳо зарур аст.

Маврид ба зикр аст, ки барои хубтар тайёр кадани донишҷӯён ба олимпиада ва озмунҳои дигар таъмини онҳо бо адабиётҳои илмӣ ва методӣ роли калон мебозад. Аз ин лиҳоз, аз тарафи Раёсати Донишкада барои ғайнӣ гардонидани номгӯи ададбиётҳои дарсӣ дар китобхона чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Аз тарафи устодони кафедраи математикаи олӣ ва информатика барои таҳия ва ба чоп омода сохтани адабиётҳои дарсӣ аз қисмҳои математикаи олӣ барои донишҷӯён корҳои назаррас ба сомон расонида шудааст. Дар се соли охир аз тарафи устодон се китоби дарсӣ аз қисмҳои алгебраи хаттӣ, геометрияи аналитикӣ, таҳлили математикӣ, назарияи эҳтимолият ва омори математикӣ таҳия шуда, ба чоп тайёр карда шуд.

Барои аз чоп баровардани адабиётҳои таҳияшуда саҳми Раёсати Донишкада бо сарварии Директори Донишкада муҳтарам Саидӣ Дилафруз Раббизода назаррас аст. Умед дорем, ки ин адабиётҳо ба донишҷӯён барои азхуд намудани фанҳои риёзӣ ва хубтар тайёр шудани онҳо ба озмунҳои фаннӣ ёрии амалӣ мерасонад.

Рушди фанҳои дақиқ барои баланд бардоштани донишҳои ахлоқию эстетикӣ ва маънавии донишҷӯёнро аз бисёр ҷиҳат инкишоф медиҳад. Донишҷӯ бояд аз рӯйдодҳои замон огоҳ ва ҳамқадами замон бошад. Моро зурур аст, ки миёни донишомӯзон дар таълими фанҳои дақиқ ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ, худбоварӣ, масъулиятшиносӣ ва мустақилиятро парвариш намуда бошем. Донишҷӯ донад, ки чӣ гуна будани ояндаи онҳо танҳо аз фаъолият ва кушиши имрузаи онҳо вобастагӣ дорад.

 

Азимов Н.С., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд