Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки аз таърих ва арзишҳои маънавии халқи худ огоҳ аст, аз рӯзи аввали ба сари ҳокимият омаданаш дӯстию рафоқат ва ваҳдатро асоси оромию осоиштагии ҷомеа меҳисобад.

Президенти  кишвар барои ба вуҷуд овардани фазои нави сиёсӣ, маънавию ахлоқиро дар ҷомеа пешниҳод намуд, ки он омили муҳимтарини тавлиди мафкураи ваҳдати миллӣ ба шумор меравад.

Дар муддати на чандон тӯлонӣ Тоҷикистон тавонист ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва демократӣ масоили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии дохилидавлатии худро ҳал намуда, марҳала ба марҳала дар фазои сулҳу оромӣ рушд кунад. Имрӯз барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ваҳдати миллии тоҷикон дарси ибрат ба шумор рафта, аз ҷониби сиёсатмадорону сиёсатшиносони ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Аммо бо гузашти замон чунин тарзи ҳаёт, яъне дар фазои сулҳу оромӣ зистани миллати тоҷик барои афроди алоҳида он қадар писанд нест. Онҳо ба ҳар роҳу восита мехоҳанд суботи ҷомеаро халалдор намоянд, ҷавононро ба доми фиреб кашанд ва бори дигар миллати тоҷикро ба бадбахтӣ оварда расонанд.

Ман борҳо иброз доштам, ки ҳама мехоҳад дар фазои оромӣ зиндаги кунад, ки Пешвои миллат ин шароитро ба мардум муҳайё сохтааст, танҳо бо як ҷумла ба мардум сулҳу ваҳдатро тақдим намудааст. Баъзе аз мухолифони кишвар бо тарафдорони наҳзатиҳо чӣ тавр чунин маъноро бардошт мекунед, ки ҳамкорӣ намудан бо ТЭТ, ки ҲНИ низ чунин эътироф гаштааст, кишвар ба сулҳи ҳақиқӣ расида метавонад. Бояд гуфт, ки миллати тоҷик дигар ҳеҷ вақт ба фиребу найранги фитнагарон бовар нахоҳад кард ва кору рафтори чунин афродро, ки аз хориҷи кишвар ба ин давлату миллати муқаддас дар арсаи ҷаҳон доғ мемонанд, ҳаргиз нахоҳад бахшид, зеро хиёнат ба Ватан ва бозӣ кардан бо тақдири 9 миллион  нафар аҳолӣ кори нобахшиданист.

Таърих исбот намудааст, ки яке аз омилҳои пешравии ҷомеа Ваҳдати миллӣ ба шумор меравад. Ваҳдати миллӣ пояи боэътимоди тавоноӣ ва шикастнопазирии давлат мебошад. Зеро, ба сулҳу ваҳдат асоси зиндагии хурамму ободи ҳар як сокинони ин сарзаимни биҳиштосост. Дар ҳамин радиф мо мардуми саодатманди диёр низ уммед бар он мебандем, ки ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама ва нерӯҳои шикастнопазири давлатамон, баъдан тамоми мардуми кишвар бо ҳисси воло масъулияти хешро дар баробари миллати мақомотҳои давлатии Тоҷикистон ва насли ояндаи он эҳсос намоянд ва нагзоранд пояҳои давлатдории Тоҷикистон заиф шаванд.

Хулоса аз ҳамаи шаҳрвандони баору номуси миллати азизамон Тоҷикистон даъват ба амал меорам, ки кӯшед, то ҳама вақт ҳампару боли давлату ҳукумат шуда, дар решакан намудани дарахти мухолифони Ватан саҳм дошта бошед. Нагузоред, ки ин хиёнаткорон бо ақидаҳои ифротии худ ҷомеаи моро носолим сохта, мардумони моро ба манфиати хеш истифода намоянд.

Фарзонаи Эраҷ,

устоди кафедраи барномрезӣ ва низомҳои иттилоотии ДПДТТ