Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ҳама ҷуҳуриҳои собиқи онро бӯҳрони шаддиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифатӣ фаро гирифта буд. Дар натиҷа робитаҳои иқтисодии ҳаётан муҳимме, ки ин давлатҳоро мепайваст барбод дода шуд, зиндагии мардум тоқатфарсо ва рӯз ба рӯз вазнинтар мегардид, норозигӣ меафзуд. Мо, насли калонсол шоҳиди бевоситаи солҳои аввали истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем, маҳрумиятҳо ва зиддиятҳо, вазъи мураккаб, душвор ва муташанниҷи кишварро аз сар гузаронидаем. Нооромӣ ва эътирозҳо дар ҷумҳурӣ дар авҷ буд, ҳамоишҳо ва роҳпаймоиҳои беохир ҳаёти бе ин ҳам вазнини мардумро боз ҳам бадтар менамуданд. Ҳизбҳои зиёди сиёсӣ ташкил шуда, мухолифатро байни омма афзуданд. Билохира, ин ҳама душворӣ ва эътирозҳо, зиддияту душманӣ бо ҷанги шаҳрвандӣ анҷомид.

      Бояд қайд кард, ки Иҷлосияи Шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиши куллие дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллии тоҷик нақши муассир гузошт, мамлакатро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ боздошт.

      Раванди расидан ба сулҳи тоҷикон низ маҳз аз ҳамин Иҷлосияи таърихӣ оғоз ёфт. Барои расидан ба Сулҳу оштӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳми Пешвои миллат беандоза бузург мебошад ва беҳуда мардум Эмомалӣ Раҳмонро меъмори сулҳу ваҳдати тоҷикон намегӯянд. Минбаъд Сарвари давлат тамоми саъю кӯшиши худро маҳз барои хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу оштии миллӣ равона намуданд, чунки бе таъмини сулҳу оромӣ дар мамлакат пешравии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ имконнопазир буд.

      Мо, ки шоҳиди ҷанги бародаркуши кишвар мебошем, аз ҳамин лиҳоз, ба қадри Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мерасем ва онро эҳтиром менамоем. Медонем, ки сулҳу субот ва ваҳдат дар Тоҷикистон бо осонӣ ба даст наомадааст, нофаҳмӣ, низоъву хусумат, зиддияту душманӣ ва монеаҳои зиеде сади роҳ мешуданд. Барои ҳамин аз ташаббусҳои хирадмандона ва меҳнату заҳмати бузурги Пешвои миллат дар хомӯш кардани алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар хуб огоҳ ҳастем. Алҳол, овардани суханони Сарвари давлат оид ба мақом ва арзиши Созишномаро ба маврид меҳисобем: “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия дар Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин кард ва миллати моро аз парокандагӣ ва давлатамонро аз нобудӣ наҷот дод.”

      Маҳз, пас аз имзои Созишномаи таърихӣ имконияти ташаккул ва такомули хоҷагии халқи Тоҷикистон ба вуҷуд омад ва ҳама соҳаҳои ҳаётан муҳим инкишоф ёфтанд. Аз ин хотир, бояд ҳар як шахси ватандӯсту ватанпарвар ин неъмати бебаҳо ва нодирро қадр кунад, дӯст дорад ва эҳтиром намояд, зеро ки сулҳу субот, оромӣ ва амният роҳи ягонаи пешравӣ ва ободии кишвар мебошад. Мо бояд аҳамияти Сулҳу ваҳдатро дар шуур ва қалби ҷавонон бо меҳру муҳаббати хосса парвариш намоем, то ин ки онҳо низ ба қадри оромӣ бирасанд, сулҳро ҳифз намоянд ва саҳми арзандаи хешро дар рушди ҷумҳурӣ гузоранд.

      Махсусан, имрӯзҳо, ки вазъи сиёсии ҷаҳон торафт бештар пуршиддат, вазнин ва муташанниҷ мешавад, мақому эътибори Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба маротибҳо афзудааст. Чунки он ба роҳбарон ва сиёсатмадорони ҷаҳон воситаи ҳаллу фаслу бартараф намудани ҷангу хунрезӣ, маҳву харобӣ, зиддияту душманӣ, сарсониву саргардонии мардумро бо роҳи осоишта, тариқи гуфушунид пешниҳод мекунад. Бешубҳа, Созишнома мазкур барои аҳли башар ҳамчун намунаи ибрат барои омӯзиш ва пайравӣ солҳо хизмат хоҳад намуд.

         Зафар Раҳмонов, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд