Мардуми тоҷик таҳти дастур ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи солҳои Истиқлолият ба дастовардҳои муҳими тақдирсоз шарафёб гаштанд. Хирадии азалии мардумони маърифатпарвар ва меҳандӯст буд, ки фарҳанги неку ниёгонро аз ориё то ба мо гузаштагони бузургамон мерос оварданд. Албатта, таърих номи ҳазорон нафар мардони шуҷову далер ва ватандӯстро, ки ба хотири ҳифзу ҳимояи марзу буми кишвар ва манфиатҳои миллии он дар майдонҳои набард, зидди хоинону мухолифон баромада, ҷоннисориҳо кардаанд, бо ҳарфҳои заррини муҷалло сабт кардааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҳар давру замон хоинони миллат, ҳамеша зидди давлату Ҳукумат мебаромадад. Имрӯз низ масъалаи опозитсиюн дар ҳамаи мамоликҳои олам мақоми глобалӣ касб кардааст. Аз ҷумла кишвари мо низ аз ин падидаи номатлуб дар канор нест. Ва таассуфовар он, ки душманони миллати мо касоне буданд, ки ризқу рӯзиашонро аз хони тоҷик хӯрдаанд. Мутаассифона, онҳоро модари тоҷик ба дунё овардааст. Лек бояд донист, ки модар фаришта аст, фариштае, ки ҳеҷ гоҳ ба олам террористу ҷинояткор наофаридааст. Афсӯс, ки ин нохалафон қадри модар, Ватан, ёру бародар ва ҷигарбандонро намекунанд. Аз ҳама муҳим ба худ раҳм намекунанд, худро тарбия дода наметавонанд, зеро ниҳодашонро ақидаҳои ифротӣ гирифтааст.

Мо дар кишвари худ бисёр нафарони номварро доштем ва то кунун дорем. Умед дорем, ки сафи чунин ватандӯстон аз насли минбаъд зиёд хоҳад гашт, ба он хотир, ки нерӯи ҷавонону наврасон, нерӯи пешбарандаи халқ буда, меросбарони тоҷвари абармардоне ба мисоли Пешвои муаззами миллат ва дигар сарсупурдаҳо хоҳанд буд. Дар ҳақиқат вақте, ки Пешвои миллат дар ҳар сухану баромадҳояшон бо дилпуриву эътимодноки тарафи ҷавонон паём мегӯянд, ростӣ дар дилам ҳисси ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ дучанд мегардад. Пас имрӯз вазифаи ҳар кадоми мост, ки роҳнамоиҳо ва сӯҳбату паёмҳои чунин мардони ҷасуру соҳибдилро сармашқи кори хеш донем, то моро низ мардони шуҷоъ шиносанд. Нагузорем, ки  нохалафоне дар шахсиятҳои наҳзатиҳо, ки мақсади нопок доранд ва мансабталошию амалҳои иртиҷоии худро дар кишвари мо амалӣ кардани ҳастанд, ба мақсади худ бирасанд. Нагузорем, ки ҳодисаҳои гузашта такрор ёбаду боз дили модарони мо озор бинад ва хандаҳои беғаши кӯдакони маъсум аз лабонашон канда гардад.

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки ин ҳангома ва дасисабозиҳои наҳзатиҳо ва лақидани роҳбарияти ин паймоншиканон, Кабирӣ низ ба марраи ниҳоӣ расида истодааст. Зеро ҳамаи онҳое, ки ба ин азҳоб пайваста буданд, як як аз аъзоёни оддӣ то фидоиёнаш ба мисоли Шарофиддин Гадоев худро канор гирифта истодаанд. Хело фурсати кам мондааст, ки Кабирӣ низ ба ин “дилсӯзӣ”-аш нуқтаи ҳамешагӣ гузорад ва Истиқлолияти давлатии моро эътироф намояд.

Мо ҷавонон дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат, марди Ватандӯсту соҳибдил барои муқаддас доштани арзишҳои миллӣ ва маънавии халқи бузургамон талош меварзем, то ки он устувору бобақотар шавад ва умри безаволи миллат, поянда монад ва намиранда гардад.

Маърифат Мавлонова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд