Дар даврони муосир дар Тоҷикистон баъд аз ташкил ёфтани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон илми тоҷик рушд ёфт. Аввалин Пажуҳишгоҳҳои астрофизика (соли 1958) ва физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови (соли 1964) АИ ҶТ ташкил ёфта, соҳаи физикаю астраномия ташаккул ёфт. Дар ҳамин давра як қатор олимони тоҷик ба пажуҳишгоҳ сафарбар карда шуда,  дастовардҳои илмиеро дар ҷаҳон муаррифӣ намуданд, ки барои истеҳсолоти хоҷагии халқ манфиатҳои мусбиро ба бор овард.

Асосгузори физикаи назариявӣ дар Тоҷикистон Султон Умаров (1906-1964) мебошанд, ки оид ба қисмҳои механика, физикаи ядроӣ, физикаи нимноқилҳо корҳои илмии худро ба анҷом расонидаанд. Директори пажуҳишгоҳи астрофизика ва физикаю техника Акобир Адҳамов (1928-1992) таъин гашта, дар самти физикаи назариявӣ ва корҳои озмоишӣ оид ба ултрасадо, таҳлили ренгенӣ, таҳлили моддаҳои радиоактивӣ ва электроники квантӣ мароқ зоҳир намуда, корҳои илмиашонро ба анҷом расонидаанд. Ӯ нахустин шуда назарияи кинетикии паҳншавӣ ва фурӯбарии ултрасадоро дар моеъҳо коркард намудааст. Пас аз ин олим олими дигари физикаи назариявӣ Фотеҳ Ҳакимов (1937-2014) ба соҳаи илм омада, плазма ва ноустувории модулатсионии плазмаи релятивӣ ва дар ҳалли масъалаҳои астрофизикаро омӯхтааст. Аз ҷониби ин шахс, муодилаҳои ғайримувозинатии тақсимшавии зарраҳои заряднок пешниҳод гардидааст. Яке аз пайравони мактаби илмии физикаи назариявӣ Саидмуҳаммад Одинаев (тав. 1942), мутахассиси варзидаи назарияи статистикии ҳолати моеии моддаҳо ба шумор рафта, тадқиқоти илмӣ ва усулҳои пешниҳод намудаи ӯ бахшида ба сохтори макроскопии муҳитҳои конденсӣ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Вай усули аслии таҳқиқи системаҳои классикиро дар муҳити конденсӣ бо истифода аз муодилаҳои кинетикӣ дар ҳолати мувозинатӣ ва ғайримувозинатӣ такмил додааст. Намояндаи дигари соҳои физика Тағоймурод Солеҳов (соли тав. 1947) сохтори назариявии хусусиятҳои спектрҳои парокандашавии рӯшноӣ дар моеъҳо, нурҳои лазерӣ ва фотоакустикаро таҳқиқ намудааст. Олими дигари пажуҳишгоҳ Ҳикмат Муъминов (соли тав. 1966) аввалин шуда тарзи нави ҳалли муодилаи ғайрихатии вектории Шредингерро коркард намудааст, инчунин паҳншавии радиатсияи моддаҳои радиоактивиро дар компютерҳои квантӣ тарҳрезӣ намудааст. Намояндаи дигари ин боргоҳ, Фарҳод Раҳимӣ (соли тав. 1968) ба масъалаҳо мухталифи назариявии зарраҳои бунёдӣ ва ҳодисоти дохилиядроӣ машғул шуда, ба кашфиёти назаррас ноил гардидааст.Мактаби илмию тадқиқотии ҷисмҳои сахт ва мустаҳкамии полимерҳо низ яке аз нахустмактабҳои илмии физика дар Тоҷикистон буда, аввалин намояндаи он Баҳрулло Нарзуллоев (1928-1982) ба ҳисоб меравад. Зери роҳбарии ӯ дар физика усулҳои нави илмӣ - вайроншавии ҷисмҳои сахт (хусусан, кристаллҳо) ва истифодаи нахҳои полимерҳои табиӣ (абрешим, пахта, пашм) пешниҳоди ҳамагон гардиданд. Яке аз намояндагони ин мактаб Тошбой Бобоев (тав. 1942) асосгузори равияи нави илмии физикаи ҷисмҳои сахт - «Вайроншавии фотомеханикии полимерҳо» мебошад. Вай қонунияти вайроншавии фотомеханикии полимерҳоро кашф намуда, роҳҳои баланд бадоштани устувории полимерҳоро дар шароити фотомеханикӣ аз нуқтаи назари илмӣ асоснок кардааст. Намояндаи дигари ҳамин мактаб Шарофиддин Тӯйчиев (тав. 1943) консепсияи мураттабии калонмолекулии маҳлулҳо ва полимерҳои тамоюлиро дар физика ва химия пешниҳод намудааст. Додо Саидов (1941-1997) бошад, рӯйдодҳои тормозшавии раванди туршшавии эластомерҳоро дар зери таъсири қувваҳои механикӣ, майдонҳои сусти магнитӣ ва механизми микротаркиши вайроншавии эластомерҳоро ошкор намудааст, ки дар ин ҷода ӯ яке аз беҳтарин физикдонҳои собиқ ИҶШС маҳсуб меёфт. Дар баробари онҳо, донишмандони дигар Зиёвуддин Низомов (тав. 1947) ба равияи нави илмӣ дар физика - «Омӯзиши сохтори ассотсиатҳо ва моҳияти релаксатсияи акустикӣ дар маҳлулҳои обии электролитҳо» асос гузошт ва Ҳасан Абдуллоев (тав. 1952) бошад, қонунияти умумии тағйироти сохтори сополиэфирҳои моеъкристаллиро ҳангоми омилҳои беруна дар равобит бо хосиятҳои реологӣ ва механикиашон муайян намуда, роҳҳои ҳосил кардани полимерҳои мустаҳкамро пешниҳод кард. Бар замми ин, З. Низомов сохтори маҳлулҳои обии электролитҳоро аниқ карда, моҳияти фурӯбурди релаксатсионии ултросадоро пешниҳод намудааст.

Дар қатори дигар олимон, олимони кафедраи физика ва химия дар соҳаи физика саҳми худро гузоштаанд: Осимов Акмал Зайниддинович (27.12.1937-2020) дар самти физикаи молекулавӣ, хосиятҳои ҷаббиши ултрасадо дар буғҳои атсетатро омӯхта, назарияҳои илмиро пешниҳод намудаанд. Устоди дигари мо Алиев Сангин (03.01.1945-09.2019) дар соҳаи астрофизика кор илмии худро ҷамъбаст намуда, мавҷудияти обро дар каметаҳо омӯхта, натиҷаҳои мушаххаси илмиро пешниҳод намудаанд. Ҷалилов Файзулло (15.09.1947) дар самти физикаи ҷисмҳои сахт кори илмии худро дар натиҷаи омӯхтани хизмати сатҳ дар вайроншавии ҷисмҳои сахт ва аввалин маротиба дар илм оид ба пайдошавии дилатонҳоро пешниҳод намудаанд. Раҳимов Соҳибназар Шарифович (16.08.1958) дар самти физикаи ҷисмҳои сахт кори илмии худро ҷамъбаст намуда, вайроншавии металлҳои асил (тилло, нуқра, мис), динамикаи нанодефекти панҷараи кристаллии металлҳоро санҷидаанд, ки дар замони муосир барои рушди технологияи наноӣ заминаи асосиро поя гузоштааст.

Ҳамин тариқ, олимони Тоҷикистон доир ба омӯзиши ҳаводиси мухталифи табиат ва дигар соҳаҳои мухталифи физика, химияи полимерҳо ва астрономия тадқиқоти арзанда гузаронида бо натиҷаҳои самарбахши худ шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо намудаанд, вале ба қадри имкон номи бархе аз онҳоро инҷо зикр намудем ва инро мо ҷавоно набояд нодида гирем, инчунин ҳамеша аз паи омӯзиши илм бошем.

 

Дабир Мирзоев, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд