Тарбияи насли наврас яке аз масъалаҳои мубрами рӯз мебошад, зеро дар замони муосир ба ахлоқи насли наврас омилҳо гуногуни беруна ва дохила таъсири бевоситаи худро мерасонанд. Замони муосир аз нуқтаи назари тарбияи насли наврас муаммоҳои зиёди худро дорад. Аксари муаммоҳои пайдогардида бо баробари рушди техника ва технологияҳои муосир ба вуҷуд омада, бевосита бо пайдоиши интернет, воситаҳои гуногуни муошират, дастрас гардидани иттилооти гуногун алоқаманд аст. Дар чунин шароити мукаммал раванди тарбияи насли наврас ба муаммои душворҳалшавандае мубаддал гардидааст, ки ҷалби фаъолияти ҳамаи сохторҳои вобасташударо талаб менамояд.  Пеш аз ҳама дар ин самт муайян сохтани пояҳои ахлоқиву маънавии тарбияи насли наврас муҳим мебошад. Барои дарёфти ин асосҳо бояд ба таҷрибаи бои ниёгон рӯй орем, маҳз дар асарҳои безаволи ниёгони мо пояҳои ахлоқиву маънавии тарбияи насли наврас дида мешавад. Масалан оид ба тарбияи насли наврас аз ҷониби ниёгони мо чунин асарҳои безавол ба монанди «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва ғайра. Умуман бузургони зиёди ниёгони мо дар масъалаи тарғибу ташвиқи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ саҳми босазои худро гузоштаанд ва таҳлили саҳми ҳар яки онҳо дар доираи як мақола ғайриимкон аст. Бинобар ин дар мақолаи мазкур саҳми яке аз ин донишмандон, алалхусус саҳми олими бузурги форсу тоҷик Абӯбакр Муҳаммад Закариёи Розӣ, дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ, дида баромада мешавад.    

Пеш аз ҳама бояд қайд намоем, ки Муҳаммад Закариёи Розӣ энсиклопедисти машҳури форсу тоҷик мебошад, яъне доираи тадқиқотҳои илмии ин олими бузург хеле васеъ буда, асарҳои ӯ ба соҳаҳои гуногуни илм ба монанди тиб, кимиё, физика, фалсафа, руҳшиносӣ ва ғайра бахшида шудаанд. +ро дар илми кимиё ҳамчун «падари кимиё» ва дар соҳаи тиб ҳамчун «фароҳамоварандаи илми пизишкӣ» мешиносанд. Бо баробари ин асарҳои фалсафӣ ва тадқиқотҳои илмии ӯ дар соҳаи равоншиносӣ дар худ масъалаҳои гуногуни тарбиявию ахлоқиро дар бар гирифта сиришти аслии инсониро таҷассум менамоянд. Закариёи Розӣ дар натиҷаи фаъолияти илмии худ тахминан 238 китобу рисолаҳоро омода намудааст, аммо мутассифона танҳо 30 адади он то ба замони мо омада расидааст. Закариёи Розӣ дар соҳаи тиб чунин асарҳо ба монанди «Китоб – ул – ҳовӣ»,  «Китоб – ут – тибул - Мансурӣ», «Аттибб – ул – мулукӣ», «Тибб – ул – фуқаро», «Китоб – ул чадори вал хасба», дар соҳаи илми кимиё «Меҳнат – ул – заҳоб ва алфизати ва мизони табиӣ», «Фиана саноатил кимиёи ақрабу илал вуҷуд минҳо илал имтиноъ», «Китоб – ул - асрор», «Китоб – ул – сирил – асрор», дар соҳаи фалсафӣ ва руҳшиносӣ «Тибби руҳонӣ», «Сирати фалсафӣ» ва ғайраро омода намудаст.

Яке аз асарҳои бузургтарини ӯ, ки бо соҳаи тиб алоқаманд аст «Китоб – ул – ҳовӣ» ва  «Китоб – ут – тибул - Мансурӣ» мебошад. Дар «Китоб – ул – ҳовӣ», ки аз 30 қисмат иборат аст, асосҳои назариявӣ ва амалии тибби ҳамонзамона таҷассум карда шуда, таҷрибаи бои тибби қадимаи форсиву тоҷикӣ, ҳиндиву юнонӣ ва арабӣ  ҷамъоварӣ карда шудааст. Ин шоҳасарҳои Закариёи Розӣ ба рушди минбаъдаи илми тибби мамлакатҳои шарқӣ таъсири бевоситаи худро расонида, баъди тарҷума шудан ба дигар забонҳо дар давоми давраҳои зиёд ба табибони ғарб низ ҳамчун дастурамал хизмат намудааст. Бояд қайд намуд, ки бинобар доштани қиммати баланди илмӣ асарҳои Закариёи Розӣ ба чанд забон тарҷума гаштааст. Масалан «Китоб – ул – ҳовӣ» - и ӯ ба забони лотинӣ, «Китоб – ул чадори вал хасба» ба забонҳои лотинӣ, юнонӣ, англисӣ, немисӣ тарҷума шуда, 49 маротиба такроран нашр гардидааст. 

Бо баробари саҳми Закариёи Рози дар таҳким бахшидани соҳаи тиб ва кимиё, мавқеи ӯ дар омода намудани асосҳои ахлоқию маънавии инсон низ бузург аст. Асарҳои безаволи ӯ «Тибби руҳонӣ», «Сирати фалсафӣ» ба ин гувоҳ шуда метавонанд. Дар ин асарҳои худ Закариёи Розӣ пеш аз ҳама хислатҳои беҳтарини инсонӣ ба монанди хоксорӣ, нексириштӣ, таҳаммулпазирӣ, раҳму адолат, саховатмандӣ ва инсондӯстиро тарғиб менамояд. Хислатҳои бади инсониро танқид намуда, дар рафтору кирдораш ҳамчун намунаи ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ баромад мекард. Ғайр аз ин ҳамчун устод баромад намуда, нисбати касби устодӣ, мақоми устод дар рушди ҷомеа низ фикру ақидаи худро баён намудааст. Дар асари безаволи худ «Тибби руҳонӣ» Закариёи Розӣ ба таври муфассал масъалаҳои гуногуни тарбиявию ахлоқиро зери таҳлили ҳаматарафаи илмӣ қарор додааст. Асари мазкур аз бист фасл иборат аст ва ҳар фасли он бо масъалаи муайяни ахлоқӣ алоқаманд мебошад. Масалан фасли якум ба ақл ва фазилати он, фаслҳои дуюм, сеюм ва панҷум ба нигоҳ доштани меъёрҳои нафсу ҳавову ҳавас, фаслҳои чаҳорум ва ёнздаҳум ба шинохти амалҳои ғайриахлоқӣ, фаслҳои шашум, ҳафтум ва даҳум ба такаббур, ҳасадбарӣ ва мумсикӣ, фаслҳои ҳаштум ва нуҳум ба худдорӣ аз ғазабу дурӯғгӯӣ, фаслҳои сенздаҳум ва чаҳордаҳум ба зарари пурхӯриву майпарастӣ, фасли нуздаҳум ба рафтори бофазилат ва ғайра бахшида шудаанд. Чӣ хеле, ки дидан мумкин аст, масъалаҳои ахлоқии таҳлилшаванда хеле васеъ буда,  бевосита асари мазкури безаволи Закариёи Розӣ дар раванди тарбияи насли наврас бояд ба таври васеъ истифода бурда шавад. Зеро дар замони ҳозира низ ҳамаи фикру ақидаҳои пандомези олим ва файласуфи бузург Закариёи Розӣ мақоми худро гум накардааст ва месазад, ки асарҳои ин донишманди бузург доир ба масъалаҳои ахлоқӣ ба таври муфассал омӯхта шуда, дар тарбияи насли наврас ва омодасозии пояҳои ахлоқии онҳо васеъ истифода бурда шаванд.      

Дар охир бояд қайд намуд, ки раванди истифодабарии сарвати бебаҳои маънавии ниёгон бояд бо дарназардошти муаммоҳои замони муосир, хусусиятҳои рушди ҷамъият мутобиқ карда шавад. Дар ин самт саҳми устодон ва мураббиён ниҳоят калон аст. Ҳамчунин дар самти устувор гардонидани пояҳои ахлоқии насли наврас саҳми муассисаҳои таълимӣ низ хеле назаррас мебошад. Гуфтан мумкин аст, ки ҳоло бори гарони тарбияи насли наврас пеш аз ҳама ба дӯши муассисаҳои таълимии миёна баъдан олӣ ворузор карда шудааст.

Ахмедова М.М. дотсенти кафедраи

иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент.